Сафири Тоҷикистон Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА: МУРОҶИАТНОМАИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2023 МУШАХХАС, ПРАГМАТИК ВА БО ПЕШГӮИҲОИ ВОҚЕИВУ ТАШАББУСҲОИ НАВ ПУРМАЗМУН БУД

Тошканд, 20 декабр (АИ «Дунё»). Сафири Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба АИ «Дунё» фикру ақидаҳои худро бобати Муроҷиатномаи Президент Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон иброз дошт:

– Президент Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатномааш ба Парлумон тамоми иштирокдорон ва халқи Ӯзбекистонро бинобар ба 36 миллион нафар расидани аҳолии Ӯзбекистон табрик кард. Вай ислоҳоти сохтори давлатӣ, тағйироти сохтори ҳукумат ва беҳтар шудани  фаъолияти идораи маъмурии мамлакат, ҳамчун тағйироти ба Сарқонуни Ӯзбекистон воридшударо махсус таъкид намуд.
Президенти Ӯзбекистон дар бораи беҳтар шудани сатҳи зиндагии халқ, дастгирии низоми таълим ва рушди сармояи инсонӣ сухан ронда, соли 2023-юмро «Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат» эълон кард. Вобаста ба ин ба ислоҳсозӣ ва бозсозии низоми таълим ва илм эътибори зиёд дода шуд. Барои ин пойгоҳи моддиву техникии тамоми дараҷаҳои низоми таълим беҳтар мешавад, навъҳои нави мактабҳо, ки бо технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, пайдо ва усулҳои нави таълим татбиқ мегарданд. 
Дар Муроҷиатнома ба рушди низоми нигаҳдории тандурустӣ эътибори махсус дода шуд. Президент ба Ҳукумат ва Вазорати нигаҳдории тандурустӣ бобати аз байн бардоштани камбудиҳои мавҷуда дар соҳаи мазкур ва беҳтар намудани сифати хидмати тиббии аҳолӣ, ҳамчунин гузаштан ба суғуртаи давлатии тиббӣ дар соли 2023 супориш дод.
Баробари соҳаҳои иҷтимоӣ, дар Муроҷиатнома масъалаҳои рушди соҳаҳои бартаринок, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт ва хоҷагии қишлоқ низ зикр шуданд. Барои инкишофи соҳаҳои мазкур ба иқтисодиёти миллӣ сармояҳои хориҷӣ ҷалб карда мешаванд, лоиҳаҳои бузург татбиқ мегарданд. 
Яке аз масъалаҳои асосии Муроҷиатномаи Президент инкишоф додан ва беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллаҳо ба шумор меравад. Вобаста ба ин имкониятҳои  молиявии маъмурияти маҳаллаҳо вусъат меёбад, некуҳолии сокинони онҳо беҳтар мешавад. 
Президенти Ӯзбекистон дар бораи таҳдид ва хуруҷҳои ҷаҳони кунунӣ ҳарф зада, ба  масъалаҳои ҳамкории байналхалқӣ таваққуф намуд. Вай бори дигар зарурияти мустаҳкам кардани муносибатҳои тарафайнро бо тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷомеаҳои дигар таъкид сохт. Минбаъд Ӯзбекистон ҳамкориҳояшро бо тамоми минтақаҳо ва созмонҳои байналхалқӣ идома медиҳад. 
Дар Муроҷиатнома аз хусуси ислоҳоти низоми суду ҳуқуқ ва мақомоти дигари ҳуқуқу тартибот, ҳамчунин дар бораи коҳиш додани тамаъгарӣ дар сохтори идораи давлатӣ сухан рафт.
Дар хотимаи суханронии худ Президент  бори дигар депутатҳо, аъзои ҳукумат, ҳокимони вилоят, шаҳр ва ноҳияҳоро даъват намуд, ки мушкилоти мавҷударо ҳаллу фасл кунанд ва ташаббусҳои Президентро, ки дар ин муроҷиатнома садо доданд, татбиқ намоянд. 
Умуман, маърӯза мушаххас, прагматик, бо пешгӯиҳои воқеиву ташаббусҳои нав барои соли 2023-юм пурмазмун буд.   

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: