ВАЗИФАИ МУҲИМ – БА БОВАРИИ БАЛАНДИ ХАЛҚ САЗОВОР ГАРДИДА, БО МУВАФФАҚИЯТҲОИ НАВ МУСТАҲКАМ НАМУДАНИ ПИРӮЗИҲО ВА БОЗ ҲАМ БО НАТИҶАҲОИ АРЗИШМАНД ТАҲКИМ БАХШИДАНИ ОНҲО

Суханронии Президенти дафъатан интихобгардидаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими тантанавии ба вазифа шуруъ намудан дар ҷамъомади муштараки палатаҳои Олий Маҷлис

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам аъзои Сенат!
Депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ!
Намояндагони ҳайати дипломатии хориҷӣ!
Хонумон ва ҷанобон!
Дар ин лаҳзаҳои таърихӣ ва эҳсосотӣ пеш аз ҳама бори дигар ҳамаи ҳамватаноне, ки ба ман боварии калон изҳор намуда, ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб намудаанд, бори дигар самимона аз таҳти дил миннатдорӣ баён менамоям.
Эҳтироми худро ба рамзҳои Ватани азизамон ва истиқлолият – байрақи давлатӣ, мадҳия ва герби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳамчунин Нишони олӣ ва штандарти Президент, ки ба ман супурда шуданд, изҳор менамоям. 
Дӯстони азиз! 
Ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб гардиданамро ман чун эътирофи олии сиёсати ҷориамон оид ба таъмини ҳуқуқ ва озодии инсон, манфиатҳои халқ мепазирам.
Интихоботи президентӣ дар асоси Конститутсияи таҷдидёфтаи мамлакат баргузор гардид, ки ин ба он рӯҳӣ воқеан мардумӣ бахшид. Мо ҳамаи асосҳоро дорем то бигӯем, ки дар ин интихобот халқамон иродаи худро озодона баён намуда, барои Ӯзбекистони Нав овоз дод. 
Ин рӯйдоди хеле муҳим, барои мамлакат аз лиҳози сиёсӣ сарнавиштсоз мебошад, ки бори дигар роҳи дурусти рушди миллиро собит намуд, ки онро мо интихоб намудаем ва якҷоя бо халқамон ба амал татбиқ менамоем. 
Дар интихобот ба сифати нозирони байналхалқӣ 466 намоянда аз 15 ташкилоти байналхалқӣ ва 331 вакил аз 47 давлати хориҷӣ ширкат намуданд. Ҷараёни интихоботро 1400 нафар журналистони ватанӣ ва хориҷӣ муфассал равшан намуданд. 
Аз рӯйи тамоми ҷараёнҳо бевосита ваколатдорони дарозмуддати Бюрои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил назорат бурданд.
Инчунин Ассамблеяи байнипорлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони давлатҳои туркӣ нозирони худро фиристоданд. Ҳамаи ин аз таваҷҷуҳи зиёди ҷомеаи байналхалқӣ ба интихоботи мамлакатамон гувоҳӣ медиҳад. 
Нозирони маҳаллӣ ва дохилӣ таъкид карданд, ки интихобот бинобар қонунгузории интихоботии миллӣ ва стандартҳои байналхалқии эътирофгардида дар фазои озод ва демократӣ, рақобати солим ва муборизаи сиёсӣ, дар рӯҳи рӯшод ва шаффоф баргузор гардид. Ин албатта боз ҳам ҳамаи моро муттаҳид намуда, бовариамонро ба қувва ва имкониятамон, масъулиятро дар назди Ватан баланд менамояд. 
Муҳтарам иштирокдорони маросими тантанавӣ! 
Дарки амиқи он, ки халқи шариф ва меҳрубонамон бори дигар ба ман боварии калон изҳор намуда, имкон дод, ки барои худ масъулиятро барои тақдири Ватан ба зимма бигирам, аз ин маро ҳисси ифтихори беҳад фаро мегирад. 
Ҳамзамон ман аз таҳти дил, аз таҳти ҷонам эҳсос менамоям, ки чи гуна масъулияти бузурги шахсиро имрӯз барои таъмини истиқлолияти Ӯзбекистон, ҳаёти осуда ва фараҳманди халқи беш аз 36 миллионнафариамонро ба зимма мегирам.
Бо муҳаббат ва садоқати фарзандона пеши халқи гуногунмиллат, бо шуҷоат ва оқил барои ин боварии калон сари таъзим фуруд меорам. 
Ба аъзо ва фаъолоне, ки номзадии маро пешбарӣ намуда, бароям дар маъракаи интихоботӣ такягоҳи асосӣ гаштаанд – Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонҳо – Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон, намояндагони бо ман ҳамфикр ва ҷонибдори номзадии ман аз Ҳизби демократии «Миллий тикланиш», ҳамаи ҷонибдорон ва шахсони боэътимодам миннатдории амиқ изҳор менамоям. 
Ба номзад аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» Робахон Маҳмудова, номзад аз Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов, номзад аз Ҳизби экологии Ӯзбекистон Абдушукур Ҳамзаев миннатдории алоҳида изҳор намуда, барояшон дар фаъолияти оянда муваффақият мехоҳам. 
Албатта, мо ба ҳизбҳои сиёсии гуногун метавонем марбут бошем, метавонем ғоя ва фикрҳои гуногунро дошта бошем. Моҳияти аслии демократия низ дар ҳамин аст. Аммо дар ҳамаи мо, шаҳрвандони Ӯзбекистон, мақсади ягона вуҷуд дорад. Ҳамаамонро манфиати Ватан ва халқ муттаҳид месозад. 
Аз ин рӯ дар фаъолияти ояндаи худ мо албатта ғояҳои муҳим ва пешниҳодоти амалиро, ки дар барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳо вуҷуд доштанд, ҳатман ба эътибор хоҳем гирифт. Ҳамаи мо боз ҳам муттаҳидтар гардида, ба хотири ноил гардидан ба мақсади умумии бузург, ки мақсади орзунамудаи халқамон ба шумор меравад – сохтмони Ӯзбекистони Нав якҷоя кор хоҳем кард. 
Ҳамватанони муҳтарам!
Имрӯз, дар ин маросими тантанавӣ ба интихобкунандагон дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, сокинони тамоми ноҳия ва шаҳрҳо, деҳа ва авулҳо, фаъолони маҳаллаҳо, намояндагони институтҳои шаҳрвандӣ аз таҳти дил миннатдорӣ баён менамоям, ки онҳо виҷдонан барои мустаҳкам намудани сулҳ, дӯстӣ ва мусолиҳа дар мамлакатамон хидмат менамоянд, ба собиқадорони муҳтарам, занони азиз, ки ба рушди ҷамъиятамон саҳми бузург мегузоранд, ба ҷавононамон – бунёдкорони оянда, ҳамаи ҳамватанон, ки дар хориҷа таҳсил менамоянд ва ё меҳнат мекунанд, инчунин ташаккур мегӯям.
Ба коргарон ва хизматчиёне, ки шуҷоаткорона дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ  меҳнат мекунанд, ба соҳибкорон, фермерон ва бинокорон, муаллимон ва мураббиёни ғамхор, намояндагони илм ва маданият, ба арбобони муҳтарами дин, ходимони тиббиёт, ки худро ба ҳифз ва мустаҳкам намудани саломатии аҳолӣ бахшидаанд, хидматчиёни ҳарбии шуҷоъ, ҳамаи муҳофизони Ватан, ки қарзи муҳим ва бо ифтихори худро адо менамоянд, ба варзишгаронамон, ки байрақи мамлакатро дар арсаи байналхалқӣ баланд мебардоранд, миннатдорӣ изҳор менамоям. 
Инчунин ба аъзои Комиссияи марказии интихоботӣ, комиссияҳои ҳавзавӣ ва қитъавии интихоботӣ, ходимони ҳокимиятҳои маҳаллӣ, сафиронамон ва кормандони намояндагиҳои дипломатӣ дар хориҷ аз кишвар, нозирони маҳаллӣ ва хориҷӣ, ки дар ҷараёни интихобот иштирок доштанд, вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ, журналистон ва блогерҳо самимона миннатдорӣ баён менамоям.
Ба ҳамаи шаҳрвандони мамлакатамон, сарони давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ, арбобони сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои табрикоти самимӣ ба унвони ман ба муносибати интихоб гардиданам ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эҳтироми амиқи худро иброз медорам. 
Ҳамватанони азиз!
Боварие, ки халқ вогузоштааст, аз ҳамаи мо – депутатҳо ва сенаторон, вазирон ва ҳокимон, роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҳар як ҳамватанамон кӯшиши беш аз пеш, азм ба суйи мақсад ва дар кор шуҷоатро тақозо мекунад. 
Давраи оянда барои Ӯзбекистон замони тағйироти амиқ ва куллӣ, инчунин бозсозиҳои калон дар соҳаҳои сиёсат, иҷтимоию иқтисодӣ ва маданиву гуманитарӣ мегардад. Натиҷаҳои дирӯза, назарҳо ва маҳакҳои дирӯза дар таърих монданд. 
Барои замони нав ғоя ва ташаббусҳои нав, натиҷаҳои нав лозим аст. Танҳо ҳамин тавр марҳилаи тараққиётамон, ки мо ҳоло ба он дохил мегардем, воқеан марҳалаи нав хоҳад гардид. 
Шумо худ мебинед, ки ҷаҳон чи гуна зуд тағйир меёбад. Мақтаи замони таърихӣ дар миқёси ҷаҳон ба поён мерасад. Ҳамзамон замони хеле мураккаби нав бо ҷараёнҳои пешгӯйинашавандааш оғоз меёбад. 
Муноқишаҳои мусаллаҳи идомаёбанда дар минтақаҳои гуногун сулҳ ва суботи ҷаҳониро ҷиддан халалдор месозад. Чунин муқовиматҳо, рақобати ҷиддӣ мавҷҳои савдо ва сармоя, табодули амвол ва хидматрасониро халалдор менамояд, ба бехатарии озуқаворӣ ва энергетикӣ мушкилоти нав эҷод менамояд. 
Тағйири ҷаҳонии иқлим ва танқисии захираҳои табиӣ, аз он ҷумла об, инчунин ба тараққиёти босубот таъсири манфӣ мерасонад. 
Дар чунин вазъияти мураккаб ва таҳлукаомез мо бояд барои мамлакат ягона роҳи дурусти сиёсати дохилӣ ва хориҷии босамарро муайян намоем, ки ба манфиати халқамон ҷавобгӯ бошад ва дар амал ҷиддан аз ҳамин роҳ пеш равем. 
Барои он ки таъсир ва иттисоли ислоҳот таъмин гардад, мо ҳамаи таҳдид, мамониат ва «сангҳои зери об»-ро, ки дар роҳамон эҳтимол дучор гардад, ба инобат бигирем ва чораҳоро барои безарар барои тараққиётамон бартараф намудан андешем. 
Ҳамаи мо бояд бо боварӣ ба оянда нигоҳ кунем, қувва ва имконотамонро ба ҳалли вазифаҳоямон сарҷамъ намоем, ғоя ва ташаббусҳои навро пеш гузорем, ки онҳоро халқамон мунтазир ва инро худи замона тақозо дорад. 
Мо бояд аз гузашта, аз таърихамон, ки ба хато ва кӯтоҳиҳо роҳ додаем, хулосаи зарурӣ бароварда, нақш ва обрӯйи Ӯзбекистонро дар ҷаҳон боз ҳам баланд бардошта, шараф ва обрӯйи Ватанамонро муносиб ва далерона ҳимоя намоем. 
Зеро дар замони ҳозираи рақобаташ бошиддат бо маҳак ва бархӯрдҳои дирӯза ба тараққиёт ноил гардидан имконнопазир аст. Ҷаҳони имрӯза ин ҷаҳони дирӯза нест.
Мо аз ҳар як имконот оқилона истифода бояд намоем, ҳар гуна мушкилотро бо истифода аз бархӯрди илмӣ ҳал намоем, ҳар гуна озмоишро бо маслиҳат бо халқ, бо машварат пушти сар бояд кунем. 
Парлумон, ҳукумат, вазорат ва идораҳо, ҳокимиятҳои маҳаллӣ фаъолияти ояндаи худро бо назардошти ҳамаи ин омилҳо бояд ташкил намоянд. 
Аз ин баъд дар тамоми ҷанбаҳо ва соҳаҳо усули кор бояд тағйир ёбад, натиҷабахшии он бояд баланд гардад. 
Аллакай пас аз як рӯзи интихобот мо барои дарёфти мақсадҳои гузошташуда қадамҳои боварибахш гузоштем. Зеро ҳаёт дар як ҷо намеистад. Замони имрӯза моро ҳидоят мекунад, ки зуд ва пешдастона ҳаракат кунем. 
Касе хато мекунад, агар фикр кунад, ки «интихобот гузашт – сафарбарсозии қувва ба охир расид». Сафарбарсозии ҳақиқӣ акнун сар мешавад. Бигӯед, агар мо он нақша ва барномаҳоеро, ки аз ҷониби халқ дастгирӣ гардид, иҷро накунем, кӣ иҷро мекунад? 
Мо молики ҳама қувва ва имконот ҳастем, то ки мақсадҳои стратегии ҳафт соли наздикро, ки пешамон гузоштаем, иҷро намоем. 
Ба қувва ва иқтидори халқамон, донишамон, таҷриба ва зарфияти зеҳниамон такя намуда, мо суръат ва самараи ислоҳоти ҷориро боз ҳам баланд мебардорем. Ҳар чӣ душвор ҳам набошад, мо аз роҳи интихобнамудаамон намегардем. 
Аз имрӯз принсипи «Ҳар рӯз – имконот, ҳар рӯз – зербинои оянда» бояд қоидаи ҳаётамон, барномаи рӯзмарраи фаъолияти ҳар як роҳбар, ҳар як интихобнамудаи халқ, вазирон ва ҳокимон бояд гардад. 
Муҳтарам депутатҳо ва сенаторон!
Татбиқи вазифаҳои бартаринок, ки дар Конститутсияи таҷдидёфта ҷой гирифтааст, моҳият ва мазмуни кори ояндаи моро ташкил менамояд. 
Зимни тамоми вохӯриҳо бо интихобкунандагон ман бо диққат бо фикри бисёри онҳо, пешниҳодот ва тақозои шаҳрвандон дар бораи беҳсозӣ ва озодсозии ҳамаҷонибаи ҳаётамон шинос гардидам. Қисми асосии  онҳо ҳатман ба барномаи тараққиёт, ки онро мо таҳия месозем, дохил мегардад.
Тавре ки маълум аст, барои ин мо бояд кори зиёдро дар заминаи бозсозии пойгоҳи мавҷудаи меъёриву ҳуқуқӣ анҷом диҳем. Шумо беҳтар аз дигарон медонед, ки чи гуна қонунҳои навро бояд қабул кард, чӣ гуна ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқиро бояд тағйир дод. Барои он ки шумо интихобкардагони халқ ҳастед, касоне ҳастед, ки ҳамватанонамон бовар карданд ва ваколатҳои ҳуқуқӣ доданд. 
Дар бобати такомули ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия, ба вуҷуд овардани низоми идораи ихчам ва босамар мо ба шумо, таҷрибаи ғании шумо, дониш ва потенсиал, шуҷоат ва профессионализми шумо такя менамоем. 
Тавре ки дар Конститутсия омадааст, мо Ӯзбекистонро ба давлати иҷтимоӣ табдил  медиҳем, ки дар он ҳар як шаҳрванд новобаста аз миллат, забон ва эътиқод, озодона, дар фазои сулҳу фараҳ зиндагӣ мекунад. Аз он ҷумла мо вазифаи гузошташударо дар бобати рушди таълим ва тарбия, тандурустӣ, илм, маданият ва санъат, варзиш, сохтмони манзили нав, таъмини боэътимоди аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва электроэнергия, беҳсозии инфрасохтори иҷтимоӣ ба иҷро мерасонем.
Мо низоми маҳалларо, ки бароямон рамзи Ватан ба шумор меравад, ба ҳалқаи марказӣ ва ҳалкунандаи тамоми ислоҳоти татбиқшаванда табдил медиҳем. 
Дар меҳвари эътибори асосии мо ташаккули шароити боз ҳам муносиб барои соҳибкорон, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади аҳолӣ, таълими ҷавонон ва занон ба касбҳои замонавӣ, баланд бардоштани шуғли онҳо қарор хоҳад гирифт. 
Корҳоеро, ки ба коҳиш додани нодорӣ, дастгирӣ намудани табақаҳои камтаъмини аҳолӣ, маъюбон, пирони танҳо нигаронида шудаанд, ба сатҳи нав мебардорем.
Бешубҳа, баробари иқтисодиёти муқтадир, ки ба равандҳои бозаргонӣ такя мекунад, мо ба маънавияти баланд, ки ба мероси ғановатманди гузаштагони мо ва ҳуввиятҳои миллӣ асос мекунанд, эътибор медиҳем.
Якҷо бо шумо ва ҷомеаи васеъ мо вазифаҳои оид ба ҳифзи зарфияти миллӣ ва суннатҳои нек, рушди соҳаҳои фарҳанг, маънавият ва маърифат, тарбияи насли наврас дар рӯҳи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, ки дар ҷараёни вохӯриҳои пешазинтихоботӣ пеш гузошта шудаанд, иҷро менамоем.
Дар Ӯзбекистон баробари тамоми ҳуқуқҳои сиёсӣ кафолати озодии виҷдон ва эътиқод низ мунтазам таъмин карда мешаванд.
Мо сиёсати демократӣ ва ошкороро мустақимона идома медиҳем, ба фаъолияти мухолифати асоснок, озодии сухан ва матбуот, ҳуқуқи шаҳрвандон барои дарёфтан, истифода ва паҳн кардани иттилоот кафолат медиҳем.
Шаҳрвандони Ӯзбекистон онҳо дар кадом мамлакат ё худ минтақаи ҷаҳон набошанд, таҳти ҳифзи қонунҳои мо қарор хоҳанд дошт. Мо минбаъд низ робитаҳоро бо ҳамватанони хориҷии худ мустаҳкам менамоем.
Дӯстони муҳтарам!
Албатта, тасодуфӣ нест, ки дар ҷараёни вохӯриҳои пешазинтихоботӣ мо афзалиятҳои бо мушкилоти рӯзмарратарини ҳар як минтақа алоқамандро баррасӣ намудем.
Ин барои он баррасӣ шуд, ки вазорат ва идораҳои марказӣ, ҳокимиятҳо дар маҳалҳо ва ҷомеаҳо ба моҳияти мушкилоти мавҷуда амиқ сарфаҳм раванд, то ки ба онҳо роҳҳои воқеии ҳаллу фаслро бинобар ҳар кадом минтақа дақиқ нишон диҳанд.
Минбаъд бинобар ин самтҳо ҳам ҳукумат, ҳам вазорату идораҳо ва ҳам ҳокимиятҳо дар маҳалҳо кор хоҳанд кард. Мақсад равшан аст, вазифаҳо гузошта шудаанд, лоиҳа ва манбаъҳои молиявие дақиқ муайян гардидаанд, ки бояд иҷро шаванд.
Мардум аз мо корҳои нави амалиро интизоранд. Миллионҳо нафар ҳамватанон – падару модарон, бародарон ва хоҳарон, писарон ва духтаронамон имрӯз ба мо бо умедҳои зиёд назар медӯзанд. Сафед кардани эътимоди онҳо, бо натиҷаҳои нав мустаҳкам намудани дастовардҳо бояд нафақат кори аввалиндараҷаи мо, балки вазифаи инсонии мо бошад.
Мо ба фаъолияти роҳбарони тамоми дараҷаҳо бинобар натиҷаҳои мушаххаси онҳо, на бо назардошти суханони зебову баландовозашон баҳо медиҳем.
Агар ҳар кадом роҳбар, хоҳ вай вазир ё ҳоким, мансабдор ё худ дар вазифаи масъул бошаду қонунҳо ва одамонро ба инобат нагирад, муомилаи дурушт кунад, бюрократ ва тамаъгар бошад ва бо амалҳои худ давлатро доғдор кунад, мо куллан даст мекашем. Ба ҷои онҳо ҷавонони босавод, ба Ватан ва халқ содиқ пазируфта мешаванд.
Дар байни мо бисёр ҷавонони соҳибистеъдод ҳастанд, ки дар беҳтарин мактабҳои олии ватанӣ ва хориҷӣ таҳсил гирифтаанд, дар ширкатҳои бузург кор кардаанд. Ман дар симои онҳо пешоҳангони нави фардо, роҳбарони тавонои минтақаҳо, соҳа ва ҷабҳаҳоро мушоҳида мекунам.
Мо ҳамчунин дар иқтисодиёт тағйироти куллиро татбиқ менамоем. Равандҳои иқтисодиёти «сабз» ва энергетикаи «сабз»-ро васеъ ҷорӣ мекунем. Ҳаҷми сармояҳоро ба иқтисодиёти мамлакат чандин карат меафзоем.
Мо дар назди худ мақсади муҳим – дар соли 2030-юм то ба 160 миллиард доллар расондани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилиро гузоштаем. Бешубҳа, ба ин муваффақ шудан осон нест. Вале мо ҳисобу китобҳои дақиқ  ва имкониятҳои воқеӣ дорем. Мо соҳиби сарватҳои табиӣ, захираҳои корӣ, иқтидорҳои зеҳнӣ ва маънавӣ, таҷрибаи кофии корӣ ҳастем.
Мехоҳам бори дигар ба ҷавонони Ӯзбекистон муроҷиат кунам: писарон ва духтарони азизи ман, ҳоло худи таърих, худи замон дар назди шумо имкониятҳои бесобиқаро боз менамояд.
Кӣ манфиати халқро дастгирӣ мекунад?
Албатта, шумо!
Кӣ Ӯзбекистони Нав, Эҳёи Сеюмро месозад?
Бешубҳа, шумо!
Кӣ барои фаровонӣ ва шукуфоии мамлакат ва халқ фидокорона кор мекунад?
Албатта, шумо!
Халқи мо, Ватани мо ба шумо эътимод доранд.
Шумо ба корҳои бузурге қодиред, ки дар таърихи Ӯзбекистон бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳанд шуд.
Ҷавонӣ абадӣ нест, вақт қимат аст, онро аз даст надиҳед! Имкониятҳоеро, ки барои шумо аз ҷониби давлат ва халқ фароҳам оварда шудаанд, қадр кунед! Ба ҷаҳониён сухани худро гӯед!
Ҳамеша дар ҷустуҷӯ бошед, бигузор бахту омад ҳамроҳи шумо бошанд!
Муҳтарам иштирокдорони маросим!
Ҳаллу фасли мушкилоти экология ва ҳифзи муҳити атроф, норасоии захираҳои об минбаъд низ барои мо вазифаи рӯзмарра боқӣ мемонанд. Мо ҳама, бидуни шубҳа, ҷонибдори таъмин гардидани эътидоли иқтисодӣ, обу ҳавои тоза, муҳити поки атроф ба шумор меравем. Ин масъала барои мо бағоят рӯзмарра аст. Зеро халқи мо оқибатҳои бузургтарин фоҷиаи экологии ҷаҳон – фоҷиаи Аралро бевосита дар худ эҳсос менамояд. Бинобар ҳамин ҳам дар мамлакат барномаҳои васеъмиқёсе, ки ба нигоҳ доштан ва мустаҳкам кардани низоми бебаҳои экологӣ, аз ҷумла лоиҳаи умумимиллии «Яшил макон» нигаронида шудаанд, татбиқ мешаванд. Мо ин корро бо суръатҳои баланд идома медиҳем.
Ҳангоми лоиҳасозии сохтмони корхонаҳои нави саноатӣ назорати қатъӣ бинобар масъалаи мазкур ҷорӣ карда мешавад. Мо ҳамчунин барои беҳтар кардани вазъи экологӣ дар Наздиарал тамоми чораҳои заруриро меандешем.
Баробари ин мо набояд кишваре бошем, ки танҳо ба хоҷагии қишлоқ такя менамояд. Ба муҳити атроф зараре ворид накарда, мо бояд ба давлати дорои истеҳсолоти баланди саноатӣ табдил ёбем.
Агар ошкоро гӯем, кишвари мо алҳол дорои иқтидори саноатие мебошад, ки онро бисёр давлатҳои ҷаҳон надоранд. Мо барномаҳои васеъмиқёсро бинобар минбаъд инкишоф додани имкониятҳои нодир қабул кардем, то ки Ӯзбекистонро ба кишвари ҳозиразамони соҳиби саноати муқтадир, технология, сармояҳои баланд, ки маҳсулоти босифат ва дар бозорҳои ҷаҳонӣ рақобатбардорро истеҳсол мекунанд, табдил диҳем ва онҳоро, албатта ба ҳаёт татбиқ мекунем.
Мо бояд кишваре бошем, ки нафақат пахтакорону боғпарварони моҳир дорад, балки дорои мутахассисони баландихтисоси IT, муҳандисон ва энергетикҳо,  кӯҳкан ва металлургҳо, физикҳо ва кимёгарон мебошад.
Ҳамватанони азиз!
Ӯзбекистон дорои сарватҳои зиёди зеризаминӣ ва рӯизаминӣ аст. Вале иқтидори аз ҳама бузург, сарвати воқеан бебаҳои мо, ин халқи сермиллатамон мебошад, ки дар оилаи ягонаи дӯстона зиндагӣ мекунад.
Инро интихоботи баргузоршуда бори дигар собит сохт.
Тамоми умед ва саъю кӯшишҳои мо ба он нигаронда шудаанд, ки мардумони кишварамон ва тамоми ҷаҳон, новобаста аз миллат, забон ва эътиқоди динӣ, бо чунин орзуҳои нек – дар сайёраи мо ҳукм рондани сулҳу салоҳ, зиндагӣ кунанд, Ӯзбекистон давлати фаровону шукуфон бошад, фарзандону набераҳои мо сиҳҳату саломат ва хушбахт, соҳиби дониш ва касбҳои замонавӣ бошанд, дар ҳаёт мақоми сазовори худро ёбанд.
Мо корро бобати дар мамлакат таъмин кардани зисту зиндагии намояндагони зиёда аз 130 миллат ва халқиятҳо мустақимона идома медиҳем, то ки онҳо барои рушди забон, фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои худ шароити зарурӣ дошта бошанд.
Муътақидам, Ӯзбекистон, ки аз қадимулайём ҳамчун кишвари дӯстиву ҳамдилӣ шуҳрат ёфтааст, минбаъд низ мамлакати инсонпарвар ва кушод боқӣ мемонад.
Дӯстони азиз!
Дар ин даврони муташанниҷ таҳкими минбаъдаи иқтидори Нируҳои Мусаллаҳ, ки кафолати муътамади таъмин сохтани сулҳ ва амнияти мамлакат ба шумор меравад, барои мо афзалиятнок аст. Бо ин мақсад мо ба баланд бардоштани тайёрии ҳарбии артиши миллӣ, омодагии ҷисмонӣ ва ахлоқиву рӯҳии аскарон ва афсаронамон эътибори зиёд хоҳем дод.
Бобати дастгирӣ намудани хидматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорони соҳа, аъзои оилаи онҳо, минбаъд беҳтар кардани таъминоти моддиву манзилашон, ҳамчунин соҳиби дониш ва касбҳои замонавӣ гардидани фарзандони онҳо чораҳои иловагӣ меандешем.
Мо мунтазам сиёсати амиқандешидашудаи хориҷӣ ва дипломатияи иқтисодиро идома медиҳем.
Барои мо таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегӣ бо давлатҳои минтақаамон ҳадафи асосӣ мебошад.
Мо ба вусъат додани ҳамкориҳои муфиди тарафайн ва бисёрҷанба бо кишварҳои хориҷи наздик ва дур эътибори махсус медиҳем.
Ба халқи афғон бобати истиқрори сулҳу осоиш дар Афғонистони ҳамсоя ҳамаҷониба кумак мерасонем. Мо аз муштаракона татбиқ намудани лоиҳаҳои бузурги нақлиётиву коммуникатсионӣ бо ин мамлакат манфиатдор мебошем.
Муносибатҳои бисёрҷанбаро бо Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои махсуси он, Иттиҳоди байнипарлумонӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони давлатҳои туркӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар идораҳои байналхалқӣ, минтақавӣ ва молиявӣ ба дараҷаи нав мебардорем.
Ҳамватанони азиз!
Дар давраи кӯтоҳи таърихӣ мо якҷо бо шумо, якҷо бо тамоми халқамон, бо вуҷуди мушкилот ва санҷишҳои мухталиф, пандемия ва буҳрони ҷаҳонӣ роҳи бузурги пешрафтро тай намудем.
Симои шаҳру деҳот, тамоми соҳаҳои ҳаёти мо куллан тағйир меёбад. Халқи мо аз аввалин натиҷаҳои ислоҳоте, ки мо ҳама онро орзу мекардем, баҳра мебаранд.
Тавре ки оқилон гуфтаанд: тарс, дудилагӣ ва шубҳа душманҳои асосии инсоне мебошанд, ки роҳи худро интихоб кардааст.
Мо аз беқатъиятӣ ва шубҳа озод шудем, ҷасурона пеш меравем. Ҷаҳон ба рӯи мо кушода шуд ва мо барои ҷаҳониён ошкор гардидем. Алҳол мо дар тамоми ҷаҳон бисёр дӯстон ва шарикон дорем. Ба шарофати иродаи мустаҳкам ва амалҳои қатъӣ бори дигар ҳамчун халқи созанда ба арсаи байналхалқӣ баромадем.
Ман ҳангоми мулоқоти наздик бо одамон дар ҷараёни вохӯриҳои пешазинтихоботӣ ба ин куллан эътимод пайдо кардам. Ҳамватанони мо дигар аз саъй барои мақсадҳои олӣ ҳарос надоранд, баҳри кашфи навгониҳо ташаббус зоҳир менамоянд. Ҳоло онҳо беш аз пеш фаъолтар, бо завқу илҳоми зиёд кор мекунанд.
Дастоварди бузургтарини мо он аст, ки шуур ва ҷаҳонбинии мардум тағйир ёфт, дар қалби онҳо эътимод ба худ ва фардо мустаҳкам гардид.
Халқе, ки ба тағйир додани худ қодир мебошад, бешубҳа, ҳаёти худ ва муҳити иҷтимоиашро дигаргун месозад, вай бешубҳа, ба ҳадафҳои неки худ муваффақ мегардад. Барои ман хидмат ба халқи азиз дар роҳи фатҳи қуллаҳои нав, ояндаи пуршаън бахти азим ва шарафи бузург мебошад.
Якҷо бо шумо, бо тамоми ҳамватанон ман тайёрам барои муваффақ шудан ба ҳадафҳои бузург, ки ба мазмуни ҳаётам – бунёди Ӯзбекистони Нав, поягузорӣ ба Эҳёи Сеюм табдил ёфтааст, хастанопазирона кор кунам, барои ин тамоми ниру ва дониш, таҷрибаву иқтидори худро сафарбар намоям.
Он чиз ба ман ниру ва илҳоми бузург мебахшад, ки мо дар ин роҳ бо ҳам, ҳампаҳлӯ бо шумо, падарон ва модарони муҳтарам, бародарон ва хоҳарони азиз, писарон ва духтарони ғайратманд қадам мегузорем.
Бовар дорам, ки мо якҷо ҳатман Ӯзбекистони Нав – ҷамъият ва давлати воқеан мардумӣ, ки дар он манфиати инсон, шаъну шарафи ӯ арзиши олӣ мебошад, бунёд менамоем.
Бигузор, Ватани зебои мо  ҳамеша шукуфон бошад!
Бигузор, Худованд моро дар тамоми амалҳои некамон дастгирӣ кунад!
Зинда бод Ӯзбекистон!
Зинда бод халқи Ӯзбекистон!

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: