Аз адибони забардасти ӯзбек Ғафур Ғулом, Ойбек, Ҳамид Ғулом, Шукрулло барин соҳибони қалам дар назм ва наср баробар табъ озмуда, дар ҳар ду соҳа ба комёбиҳо даст ёфтаанд.
Аз адибони забардасти ӯзбек Ғафур Ғулом, Ойбек, Ҳамид Ғулом, Шукрулло барин соҳибони қалам дар назм ва наср баробар табъ озмуда, дар ҳар ду соҳа ба комёбиҳо даст ёфтаанд. Дигар аз устодони сухан, ки дар рушди назму насри муосири адабиёти халқи бародар саҳми муносиб ҳамроҳ кард, Мирмуҳсин мебошад, ки агар ҳаёт мебуд, 100-ро пур мекард. Мирмуҳсин, зимнан, назар ба адибоне, ки зикр шуданд, сермаҳсултар аст. Асарҳои назмию насриаш, баробари миқдор, бо сифат ва савия ҷудо шуда меистанд.
Мирмуҳсин соли 1921 дар маҳаллаи Сақичмони шаҳри Тошканд дар оилаи кулоли ночор ба дунё омад. Аз бачагӣ ба кулолгарӣ рӯ овард, баробари фаъолият дар устохонаи оддии падар шеър машқ намуд. Аввалин падидаҳои қаламиаш соли 1936 рӯи чоп диданд.
Хост омӯзгор шавад, бинобар ҳамин ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Тошканд ҳуҷҷат супурд. Дар даврае донишҷӯ гашт, ки мушкилот дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ба мушоҳида мерасид. Баъди хатми институт муддате дар газетаи бисёрададаи трести трамвайи пойтахт ба сифати муҳаррири адабӣ кор кард. Баъд фаъолияташро дар кумитаи радиошунавоии Ӯзбекистон идома бахшид. Гуфторҳои адабӣ-мусиқии садои кишвар дар даврае, ки вай муҳаррирӣ мекард, то андозае мазмун ва моҳияти тоза пайдо намуд.
Муҳаққиқӣ низ аз эътибори шоир ва муҳаррири боистеъдод дур намонд. Дар аспирантураи донишкадае, ки таҳсил гирифт, дониши худ такмил бахшид. Як муддат дар Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон ба ҳайси мушовири адабӣ фаъолият бурд. Сонитар ӯро котиби масъули ташкилоти адибон таъин намуданд.
Қобилияти хуби ташкилотчигиашро ба эътибор гирифта, соли 1950 Мирмуҳсинро ба идораи «Шарқ юлдузи» даъват намуданд. Ба ҳайси сармуҳаррир вай боварии ташкилотҳои дахлдор ва алоқамандони ҷараёнҳои адабиро сафед намуд. Баъдтар ба маҷаллаҳои «Муштум» ва «Гулистон» сарпарастӣ намуд. Сонитар ба ҳайси мудири шуъба дар рӯзномаи ҳукуматии «Совет Ӯзбекистони» (ҳоло «Ӯзбекистон овози») фаъолият намуд.
Навъе ишора рафт, фаъолияти эҷодии Мирмуҳсин ҳанӯз дар миёнаи солҳои сиюм оғоз ёфт ва вай то охири умр (соли 2005) аз навиштан боз намонд. Тӯли 70 соли фаъолият самаранок эҷод намуд ва аз сафи адибоне қарор гирифт, ки аз ҳама сермаҳсултар мебошанд. Айёме «Ба ҷавони испан» ном шеъраш дар маҷаллаи «Ӯзбекистон адабиёти ва санъати» рӯи чоп дид ва ҳикояаш дар маҷаллаи «Ёш куч» бо унвони «Бачаҳои шикорчӣ» нашр гардид ва барояш шуҳрат овард, ҳанӯз бистсола нашуда буд. Аввалин асари калонҳаҷми Мирмуҳсин – достони «Қамар» соли 1939 дар маҷаллаи «Ӯзбекистон адабиёти ва санъати» эълон гашт. Бовар намекарданд ин асари ҷолиби назмиро ҷавони ҳаждаҳсола навишта бошад.
Нахустин дафтари шеърҳояш, ки «Ватан» номгузорӣ кард, соли 1945, аввалин маҷмӯаи ҳикояҳояш бо унвони «Дили мард» (соли 1942) ба дасти хонанда расид. «Вафо», «Фарғона», «Ҳамватанон», «Меҳмонҳо» барин асарҳояш чун меваҳои ниҳоли навбар аз дурахши боз як истеъдоди фитрӣ дар майдони адабиёт дарак медоданд.
Хусусан, чун достонсаро ба забонҳо афтид. «Усто Ғиёс», «Дӯнан», «Деҳаи сабз», «Қадрдонҳо», «Абдулло Набиев», «Шерак», «Набера» барин асарҳои калонҳаҷми назмиаш ба дасту дили алоқамандони назм ҳарорат бахшиданд.
Мирмуҳсин аз байни адибони ӯзбек нахустин шуда, ба таълифи романи шеърӣ («Зиёд ва Адиба») ҷуръат намуд. «Дорбозҳо» (1956), «Ҷамила» (1957), «Мармари сафед» (1958), «Ҳикояҳо» (1959) ном маҷмӯаҳои назмию насриаш ҷомаи табъ ба бар карданд.
«Мармари сафед» қиссаи таърихист. Дар мавзӯи таърих вай «Ғуломон» ном роман низ таълиф сохт, ки оиди воқеъномаҳо дар давраи салтанати хонии Хева аст.
Мирмуҳсин хусусан аз ибтидои солҳои ҳафтодум ҷиддитар ба эҷоди бадеӣ камар баст. Паиҳам се романи таърихӣ («Меъмор», «Темурмалик», «Маликаи Турон»), ки таълиф сохт, чун воқеаи адабӣ дар адабиёти муосир арзёбӣ гардиданд.
Романҳояш дар мавзӯъҳои замонавӣ, айни замон, қобили таваҷҷӯҳ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, «Умед», «Обутоб», «Писари дегрез», «Паланги Чотқол», «Решаҳо ва баргҳо», «Қасоси мор» аз тарафи аҳли ҷомеа – доираи васеи китобхонон пазируфта шуданд. Алалхусус романи «Умед» ба баҳсу мунозираҳои зиёд сабаб гашт. Адиб барои ин асар ба Мукофоти давлатии ҷумҳурӣ сазовор дониста шуд.
Мирмуҳсин дар равнақи адабиёти кӯдак низ саҳм гирифт.«Ситораҳо», «Лола», «Гелос ва зардолу» ном асарҳояш барои бачаҳо ҳанӯз рӯимизианд.
Намунаҳо аз осори Мирмуҳсин бо забонҳои русӣ, украинӣ, қазоқӣ, англисӣ, қирғизӣ, арабӣ ва ғайраҳо тарҷума шудаанд. «Паланги Чотқол»-и ӯ ба тоҷикӣ тарҷума ва дар маҷаллаи «Садои шарқ» ба табъ расида буд.
Устод Мирмуҳсин ба адибони ҷавон мегуфт яке аз муҳимтарин шартҳои нависандагӣ – ин азму иродаи қавӣ. Як сухани ҳазрати Саъдиро ҳамеша ба хотир мерасонд: «Иродат надорӣ, саодат маҷӯ». Адабиёт роҳи ҳамвор нест, мегуфт вай, печухамҳои зиёд дорад. Дигар, наҳамеша ба навиштаҳоят эътибор медиҳанд. Вале агар муваффақ шудан хоҳӣ, асло пас нагард. Ба пеш ва ба пеш!
Дар яке аз ҷамъомадҳои адабӣ ба ҷавонон – иштирокдори анҷумани эҷодкорони наврас ӯ изҳор кард: «Аз дар ронанд, аз дарича даро!» Таҳти ин суханони шӯхиомези Мирмуҳсин ният ва маъниҳои ҷиддӣ ниҳон буданд, ки бо кафкӯбиҳо истиқбол гаштанд.
Нависандаи мардумии Ӯзбекистон Мирмуҳсин, ки 100-солагиаш қайд мегардад, соли 1998 бо ордени «Эл-юрт ҳурмати» мукофотонида шуда буд.
М. ШОДИЕВ.