Гурӯҳи ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ба Ӯзбекистон сафар кард

Аз 4 то 15 апрел ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе дар шаҳрҳои бостонии Фарғона, Қӯқанд, Марғелон, ноҳияҳои Риштон ва Сухи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо намоиши «Маликаи нозанин» ҳунарнамоӣ мекунанд.

Тавре роҳбари бадеии театри мазкур Наргис Розиқова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, сафари ҳунармандони тоҷик бо даъватномаи  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  сурат гирифт.

Муаллифи намоиши мазкур Ҳотам Салимов, таҳиягар Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Зафар Ҷаводов буда, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба саҳна гузошта мешавад.

Ёдовар мешавем, аз 11 то 20 март бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши «Чойхонаи мусиқӣ»-ро манзури тамошобинони тоҷик гардониданд.

Муаллиф, коргардон ва рассоми «Чойхонаи мусиқӣ» Сергей Седухин буда, намоиш ба забонҳои русӣ ва узбекӣ манзури кӯдакону наврасон гардонида шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: