МЕВАИ САБР ШИРИН АСТ

Ҳикоёт аз «Ахлоқи Муҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ доир ба сабр: «Овардаанд, ки рӯзе яке аз умаро пеши подшоҳе истода буд ва шоҳ ба ӯ дар муҳиме мушоварат мефармуд.

Қазоро каждуме дар пероҳани ӯ афтода буд ва ҳар соат амирро мегазид ва бо неши заҳролуди худ зарар мерасонд. Ва он амир мутлақан дар он мушоварат қатъи сухан накард ва тағйироте дар ӯ зоҳир нашуд ва суханаш аз қонуни ақлу ҳукумат инҳироф наёфт. То ба хона омад ва он каждумро аз ҷома берун кард. Ин хабар ба подшоҳ расид, мутааҷҷиб ва мутаҳаййир гашт. Рӯзи дигар, ки амир ба мулозимати султон омад, фармуд, ки дафъи зарар аз нафс воҷиб аст. Ту чаро дирӯз озори ақрабро аз худ мундафеъ насохтӣ? Ҷавоб дод, ки ман он наям, ки шарафи муколамаи чун ту подшоҳеро ба сабаби алами заҳри каждуме қатъ кунам ва агар имрӯз дар маҷлиси базм бар неши каждуме сабр натавонам кард, фардо дар маъракаи разм ба теғи заҳробдодаи душман чӣ гуна сабр тавонам кард?
Подшоҳро ин сухан хуш омад ва мартабаи ӯро баланд гардонд ва бад-он миқдор сабр, ки кард, ба муроду мақсад расид».
Дар мамлакатамон ба масъалаи таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои занон, баланд бардоштани фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо эътибори алоҳида дода мешавад. Кумитаи занон, маҳалла ва ташкилотҳои дигари ҷамъиятӣ бобати расондани кӯмак ба оилаҳои камтаъмин, дастгирии занону духтарони маъюб, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, бо кор таъмин кардани онҳо як қатор корҳои назаррасро анҷом доданд. Аммо дар ин соҳа камбудиҳо ҳанӯз бисёранд.
– Яке аз мушкилии муҳими ҷамъият парокандашавии оилаҳо мебошад, ки солҳои охир шумораи онҳо беш аз пеш меафзояд. Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки муросо накардани зану шавҳар, хушдоману арӯс, бефарзандӣ, норасоии хонаву ҷой боиси ҷудошавӣ мегардад. Бино ба таъмини иҷрои фармони Президент «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ доир ба такмил додани фаъолияти кумитаи занону духтарон ва оила», аз 21 декабри соли 2023, ба мақсади пешгирии низоъ ва ҷудошавиҳо, омӯхтани сабабҳои он, кУмак ба фаъолияти Комиссияи оштӣ дар вилоят гурӯҳи корӣ созмон дода шуд. Ба мутасаддиён доир ба мустаҳкам кардани оила, пешгирии ҷудошавиҳо, ҷиноят аз ҷониби занон, ба ҷони худ қасд кардани онҳо барин  мушклоти оилавӣ вазифаҳои мушаххас супурда шуданд, – гуфт ҳамсуҳбати мо раиси Кумитаи бонувон ва ҳифзи оилаи вилояти Навоӣ Малика Маҳмадёрова. – Мушовирони доир ба масъалаҳои дину маърифати маҳаллаҳои ноҳияҳои Ғозғон, Нурато, Конимех ва дигар минтақаҳо якҷо бо фаъолони маҳаллаҳо ба ҳар як оила сар халонда, бо мушкилот, шароити зист, саломатии модару кӯдак, шуғли онҳо бо соҳибкории оилавӣ аз наздик шинос шуданд.
Ба ҳаёти оила тайёр набудани ҷавонон, беэътиборӣ ба саломатии онҳо, бемасъулиятӣ ба тарбияи фарзанд, вазифаи модариро дарк накардани духтарон ва моҷароҳои хушдоману арӯс сабаби пароканда шудани оилаҳо мегарданд.
Доир ба ин мавзӯъ бо занони пурдида ва соҳибтаҷрибаи деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато суҳбат оростем.
– Дар деҳаҳои Сойихурд, Эҷ ва Симбулоқи ноҳияи Нурато беш аз 900 нафар занону духтарон зиндагӣ мекунанд. Ҳангоми омӯхтани шикоятҳо маълум гардид, ки аксар ҷавонон бо сабабҳои ночиз аз якдигар ҷудо мешаванд, – мегӯяд масъули кор бо занону духтарон, мустаҳкам намудани арзишҳои маънавию ахлоқӣ дар оила Дилафрӯз Тилабова. – Масалан, шикояти хушдоман нисбат ба арӯс: «Келинам танбал, ягон кор аз дасташ намеояд, модараш ягон ҳунарро ёд надодааст, то нисфирӯзӣ хоб мекунад», «ба тӯяш як сол шуда бошад ҳам, пойгарон намешавад», «модараш сарупои дуруст накардааст», «ҷиҳози ба духтараш туҳфакарда ба як пул ҳам намеарзад» ва ҳоказо. Бо харҷи зиёд тӯй кардаву бо орзую ниятҳои нек ба хонадон арӯс мебиёранд. Наход камбудиву норасоии арӯси ҷавонро ошкор накарда, ба ӯ бо муомилаву муносибати хуб корҳои рӯзгорро омӯзондан душвор бошад? Хушдоман бояд вазифаи модарро иҷро кунад.
– Солҳои тӯлонӣ бо се келин дар як ҳавлӣ зиндагӣ кардем. Яке се, дуюму сеюм дутогӣ фарзанд доштанд. Албатта, арӯсон мехоҳанд бо оилаҳояшон дар алоҳидагӣ зиндагӣ кунанд. Аммо барои мустақилона кашидани аробаи рӯзгор бояд сабр кард. Ба писари хурдӣ иморат сохтем, ба писари дуюм аз шаҳр хона харидем, баъд рӯзгори ҳар дуро алоҳида кардем. Осиё бо навбат гуфтаанд. Ба келинҳо, фарзандон, набераҳоям мефаҳмонам, ки сабр, муросою мудоро шахсро ба мақсад мерасонад, – мегӯяд Мунаввара Худойназароваи пурдида.
– Ҳафт сол фарзанд надидам. Дар тӯли ин солҳо ба дари даҳҳо табобатхонаю табибон баумед сар халондем. Ба маслиҳату тавсияи шахсони пурдида амал кардем. Ҳатто ба дарз рафтани оилаамон андак монд. Аммо зану шавҳар ба тундию носазогӯиҳои хушдоману дигар аъзои оила мардонавор тоб овардем. Бо инояти Офаридгор баъди ҳафт сол соҳиби духтару писар шудем, – иброз намуд апаи Тағойгул аз деҳаи Эҷ.
– Сабр роҳнамоест, ки инсонро зуд ба мақсад мерасонад. Доири ин мавзӯъ бо занону духтарони маҳаллаҳои номбурда бо иштироки занони солхӯрда, дар гирумони зиндагӣ обутобёфта, муаллимаҳои мактаб ва фаъолони маҳалла суҳбату вохӯриҳо мегузаронем. Ба ҷавонзаноне, ки мардҳояшон аз пайи кор ба кишварҳои дур рафтаанд ва ташвишу мушкилоти рӯзгор, тарбияи фарзандон ба дӯши онҳо афтидааст, алоҳида суҳбатҳо ташкил мекунем. Зеро «оламро об вайрон кунад, одамро гап» гуфтаанд. Таассуфовар аст, ки баъзан занону арӯсоне вомехӯранд, ки сабукандешанд. Онҳо фикр намекунанд, ки шавҳари мусофираш чӣ ҳол дорад, бо кадом роҳ дастмояе меёбаду барои оилааш роҳӣ мекунад. Фиристодаи шавҳарро беҳудаю баҳуда сарф мекунанд. Ҷавонзанҳое ҳастанд, ки падари фарзандони худро дур дида, шефтаи суханҳои меҳрубононаи мардони лаину паст шуда, оқибат сари худро хам мекунанд... Онҳо намедонанд, ки ин рафтори онҳо доғи якумраи худу падару модар ва фарзандонаш мегардад, фарзандони онҳо маҷбуранд, ки беҳуда аз меҳру навозиши падар маҳрум шаванд ва заҳри талхи «зиндаятим»-иро чашанд,– фикри худро идома медиҳад Дилафрӯз Тилабова. – Корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро байни ҷавонон беш аз пеш бояд ба роҳ монем. Муқаддасии оила, эҳтироми шавҳар, ҷавобгарӣ ба тарбияи фарзанд, муносибат ба аҳли оиларо бо панду андарзи бузургон, пеши назар овардани ҳаёти момоҳои пурдидаамон бояд фаҳмонем. Дар деҳаҳо ҳама якдигарро мешиносанд, ба якдигар хешу таборанд.
Субҳи содиқ  хабари нохуши «писари ҷавони фалонӣ худро овехтааст» ё ки «фалон ҷавонзан ба ҷони худ қасд кардааст»-ро фаҳмида, ангушти ҳайрат мегазем. Вақте ба суроғи ин оилаи мусибатзада меравем, мебинем, ки падару модар, хоҳару бародар, наздикон, ҳамсояҳои бағафлатмонда хун мегирянд...
Намедонем, ки дар замири ин корҳо тарбияи нодуруст, муҳити носолим, тазйиқ ё  пастзанию ҷабру ситам истодааст. 
Оре, сабр – пойдевори оила, оила – пойдевори ҷамъият. Мустаҳкам ва ҳифзи қалъаи оила, дар ин қалъа ба воя расондани фарзандоне, ки ояндаи Ватан ҳастанд, вазифаи асосии волидон мебошад.
Ҷалолиддини Балхии Румӣ дар ин хусус фармудааст:
Сабр талх омад, 
валекин оқибат,
Меваи ширин диҳад 
пурманфиат.
Ҳаст мар ҳар сабрро охир 
зафар,
Ҳаст рӯзе баъди ҳар талхӣ 
шакар.

Саодат БЕКНАЗАРОВА, хабарнигори 
«Овози тоҷик».   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: