ҲАВОИ ИДОНАИ РӮЗИ ИНТИХОБОТ

22 декабри соли 2019 – рӯзи интихобот ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, шӯроҳои намояндагони халқи вилоят, ноҳия ва шаҳр ниҳоят фаро расид.

Деҳаи «Қӯрғони Вардонзе» ва мактаби миёнаи №7-уми деҳа, ки он ҷо қитъаи 389-уми интихоботии ноҳияи Шофиркон воқеъ гардидааст, намуди идона дошт. Субҳи бармаҳал ин ҷо аъзои комиссияи интихобот, намояндагон ва нозирони ҳизбҳои сиёсӣ, роҳбарон ва шахсони алоқаманд ташриф оварданд. Соати 8.00 дар қитъаи интихобот садои дилхурӯши Мадҳияи давлатӣ танин андохт. Раиси комиссияи интихоботи қитъа Иззат Рӯзиев қуттиҳои интихоботро пеши назари ҳозирон муҳр карда, аз оғоз ёфтани ҷараёни интихобот хабар дод. Ҳамаи 11 нафар аъзои комиссия омодаи кор шуданд. Ҳамин тариқ, интихобкунандагон ба овоздиҳӣ шурӯъ карданд. Бояд таъкид намуд, ки дар қитъаи интихоботӣ сурат, тарҷумаи ҳол ва барномаи кории номзадҳои ҳизбҳо: панҷ номзад ба намояндагии Шӯрои ноҳия аз ҳавзаи интихоботии 8 – «Қӯрғони Вардонзе», панҷ номзад ба намояндагии Шӯрои вилоят аз ҳавзаи интихоботии «40-Ҷӯинав» ва панҷ номзад ба депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис аз ҳавзаи интихоботии «29-Ҷилвон» дар шакли плакат дар як андоза гузошта шудааст. Дар лавҳаи ҷудогона ному насаби интихобкунандагон, ки шумораи умумии онҳо 1188 нафар мебошад, сабт ёфтааст. Аён гардид, ки 36 нафари онҳо бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд.
Мо ба раиси комиссияи интихоботии қитъа И.Рӯзиев рӯ оварда хоҳиш намудем, ки бобати фарқи ин интихобот аз интихоботи пештара изҳори ақида кунад.
– Имсол бори аввал «Кодекси интихобот» дастрасамон гардид ва он барои фаъолияти комиссия хеле муҳим аст. Интихоботи пештара соати 6.00 субҳ оғоз мегардид. Ҳоло ин ба соати 8.00 кӯчонда шудааст. Бори аввал дар интихоботи имрӯза иштироки интихобкунандагон бо усули электронӣ ба қайд гирифта мешавад. Ин имкон медиҳад, ки ҷараёни интихобот бо тартиб ва пухта гузарад, инчунин, пеши қонуншиканиҳои эҳтимолӣ гирифта шавад.
Одамон пасу пеш ба қитъаи интихоботӣ омада, баҳри иҷрои қарзи шаҳрвандии худ омода мегардиданд. Мо байни онҳо ҷавонони шинос Аббос Аъзамов, Ҷондулло Хайриддинов ва Шаҳзод Ҳоҷиқуловро дидем, ки бо рӯҳбаландӣ навбат мепоиданд ва бори нахуст дар ҷараёни интихобот иштирок мекарданд.
– Интихоботи пешистода, бешубҳа, баҳри тараққиёти минбаъдаи мамлакат нақши муҳим мебозад ва мо низ сарбаландем, ки ба муносибтаринҳо овоз медиҳем, – гуфтанд онҳо.
Аҷибаш дар он ки баъди номуътадилии чандинрӯза он рӯз ҳаво тафсида, офтоби оламоро медурахшид.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти БУХОРО.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: