Халил саргарми ҳезумкафонӣ буд, ки занги телефонаш баланд шуд.
Табарро болои кунда гузошту гӯшакро бардошт.
– Халилчик, ту дар куҷо?– шунида шуд овози дӯсташ Зокир. – Зуд ба кӯча баро, срочний даркор шудӣ.
Баромад. Дере нагузашта «Нексия»-и зард назди дарвоза қарор гирифт. Аз сабукрав ҳамсинфонаш Ҷамшед, Шароф, Зафар ва Зокир фаромаданд.
Баъди ҳолпурсӣ:
– Ба мошин шин, рафтем! – гуфт Ҷамшед.
– Наметавонам, кор дорам. Болои ин, бегоҳирӯзӣ бояд ба беморхона равем.
– Шин! Мақсадро дар роҳ мефаҳмонем,– аз бозуяш дошта кашола кард Шароф.
– Охир...
– Хавотир накаш, ҷӯра, гӯш кун. Моён бо дӯстони оҳаликӣ гаштак дорем. Суҳбати нағз мешавад, қадаҳгӯйиҳо, табрикҳо... Онҳо дар ҳар қадаҳбардорӣ шеър мехонанд, мо наметавонем, – фаҳмонд Ҷамшед.
– Ин кори душвор не. Шумоён ҳам шеър аз ёд кунед! – гуфт Халил.
– Э..э, ақл мебуд, мӯйи сар калларо тарк намекард, – сари калашро бо каф сила карда гуфт Зафар. – Вақти мактабхонӣ бепарво шудем, акнун дар давраҳо забон хоида аз хиҷолат мемурем.
– Усулчӣ барин якравӣ накун! – оташин шуд Зокир. – Шеър ба калла медаромад, аз ту илтимос намекардем!
Ҳеч шодӣ нест андар ин
ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯйи
дӯстон
– гуфтааст Рӯдакии бузургвор. – Майлаш бо шумоён меравам. Фақат либосамро иваз кунам.
Сабукрав торикиро бо чароғи худ дарронда ба деҳаи Оҳалик расид ва назди дарвозаи оҳанине истод. Пайи ҳам дарозу калта шуда, ҷӯраҳо аз мошин фаромаданд. Соҳибхона онҳоро бо чеҳраи кушод пешвоз гирифт.
– Бевақт намондем, Бобурҷон? – соҳибхонаро ба оғӯш кашид Зафар.
– Не, не, дар вақташ, – хиҷолати меҳмонро бартараф кард Бобурҷон.
Пас аз вохӯрию ҳолпурсӣ ба меҳмонхона даромаданд. Дар хона гирди дасторхони ороста қариб бист нафар ҷавонмардон саргарми суҳбат буданд. Баробари дидани меҳмонҳо ҳама аз ҷой хеста, ҳолпурсӣ карда боз нишастанд.
Халил, ки онҳоро бори аввал медид, худро каме ноҳинҷор ҳис намуд. Баъди дуову омин ҳамсинфонаш ба пурсупоси гарму ҷӯшон гузаштанд.
– Хӯш, дӯстон, дар давраи мо меҳмони нав, биёед, бо он кас шинос шавем. Номи ман Азиз, – худро муаррифӣ кард ҷавонмарди ҷингиламӯйи қадбаланд.
– Номи ин ҳамсинфамон Халил...
– Истед, Ҷамшедҷон, шитоб накунед. Дӯстон бе садтагӣ шинос намешаванд, – гуфт Азиз бо табассум ва зуд қадаҳҳоро пур карда, ба даст гирифт:
Марҳабо, эй пайки
муштоқон, бидеҳ пайғоми
дӯст,
То кунам ҷон аз сари рағбат
фидои номи дӯст
– аз номи Ҳофизи бузург гуфт Азиз.
– Ҳа, Халил, чаро ҷим шиштаӣ? Ҷавоб гӯй,– гуфтанд ҳамроҳонаш бесаброна.
Халил низ бо байти Ҳофиз ҷавоб гуфт:
Дарахти дӯстӣ биншон,
ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан,
ки ранҷи бешумор орад.
Мушоира то нимаи шаб давом кард. Бо навбат шеъру ғазал, рубоию қитъаҳои ниёгонро дар бораи дӯстӣ, ватанпарварӣ, гиромидошти падару модар, ишқу муҳаббат хонданд. Ҳамсинфони Халил ширакайф, гоҳ бо суҳбати худ саргарму гоҳ ба шеърхонҳо диққат медоданд.
Халил дар навбати худ гуфт:
Чун теғ ба даст орӣ, мардум
натавон кушт,
Дар пеши Худованд бадӣ
нест фаромушт.
– Ба Худо, нафаҳмидам. Ин шеърро ба кадом забон хондӣ, Халил?– гӯё аз хоб бедор шуда бошад, пурсид Зокир.
– Ба забони модарии худамон. Ин як байт аз ғазали машҳури бобои Рӯдакӣ буд. Устод Рӯдакӣ бо шеърҳояш дунёро тасхир кардааст.
– Ҳа, забони модарии мо бой. Афсӯс, ки инро дуруст дарк намекунем. Халилака бисёр шеъру ғазалҳои хуб хонданд, – гуфт Бобурҷон. – Моён то ҳол бовар надорем, ки шумоён ҳамсинф. Фарқи байнатон аз замин то осмон.
Аз ин суханони Бобур Халил аз хиҷолат сар хам кард. Охир даҳ сол дар як мактаб хонда, ақаллан ду-се байт шеър надонистан айб аст.
Дар бозгашт ҷӯраҳо аз Халил илтимос карданд, ки китобе ёфта диҳад, онҳо низ вақтро беҳуда кӯр накарда, аз шоҳбайтҳои классикон баҳра гиранд.
— Оре, айб аст, — гуфт Шароф, — шеърҳои шоирони моро оламиён кофта ёфта мехонанду мо беэътибор.
Комил ҶӮРАЗОДА.