Президенти Ӯзбекистон имкониятҳои васеи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо музофоти Гуандун қайд кард

  • Президенти Ӯзбекистон имкониятҳои васеи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо музофоти Гуандун қайд кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 25 январ дар Шэньчжэн бо котиби кумитаи ҳизби музофоти Гуандун Хуан Кунмин вохӯрд.

Гуандун яке аз музофотҳои пешрафтаи Чин буда, тақрибан 10 дарсади ММД-и кишварро ташкил медиҳад ва дар ин нишондиҳанда дар Чин баландтарин  аст. Музофот инчунин бузургтарин шарики иқтисодии минтақаҳои Ӯзбекистон  мебошад

Дар рафти вохӯрӣ ҷанбаҳои амалии густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо музофот, пеш аз ҳама дар соҳаҳои баландтехнологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Музокироти пурсамаре, ки як рӯз пеш бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин сурат гирифт, бо қаноатмандӣ қайд карда шуд, ки дар доираи он густариши минбаъдаи робитаҳои байниминтақавӣ дастгирӣ ёфт.

Ба масъалаҳои амиқтар кардани кооператсияи саноатӣ, аз ҷумла тавассути бунёди паркҳои махсуси баландтехнологӣ дар минтақаҳои кишварамон барои ширкатҳои пешрафтаи Гуандун таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар ин замина нақши муҳими музофоти Гуандун дар фаъолияти Шӯрои минтақаҳои Ӯзбекистон ва Чин қайд карда шуд, ки дар бораи таъсиси он дар ҷаласаи як рӯз қабл баргузоршуда тавофуқ ҳосил шуд.

Ба вусъат додани ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешрафтаи ба монанди "Huawei", "BYD", "ZTE"  ва ғайраи  дар музофот ҷойгиршуда манфиатдорӣ зоҳир карда шуд.

Ба мақсади густариши равобити башардӯстона ва табодули тиҷоратӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши таҳсилоти IT ва роҳандозии парвозҳои мустақим баррасӣ шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: