ПАЙВАНДГАРИ ДИЛҲО БУД

Моҳи майи соли 2008 буд.

Моҳи майи соли 2008 буд. Пагоҳе телефони дастиам занг зад. Рақамҳояш ношинос.
– Ало, Солеҳ, ин худат? Э, хайрият зинда будаӣ. Мана шинохтӣ? О, ман Сарвар Бобоев.
– Э, ҷӯра, наход ин худат, домоди самарқандиҳо бошӣ? – гуфтам, – аз куҷо занг мезанӣ? Овозат аз паси девор барин бисёр ҳам шунаво.
– Аз хонаи худам. Аз Шӯрезак. Хайр, боқимондаи гапа дар назди бинои музейи Устод  Айнӣ, фардо соати даҳ давом медиҳем, фаҳмидӣ? Вохӯрии ҳамкурсонро бо машаққате ташкил кардем.
– Сарвар, ту моён – самарқандиҳоро дар хиҷолат монондӣ. Охир, ин корро мо бояд ташкил мекардем.
– Ҳеҷ гап не, самарқандиҳо меҳмондориро ташкил кунанд, бас, – гуфт вай дар ҷавоб.
– То боздид, Сарвар (ман ӯро ҳанӯз аз овони донишҷӯиамон ҳамин тавр меномидам). 
Хотираҳоям бевосита ба солҳои сипаришудаи дур парвоз карданд.
Айёми донишҷӯйӣ дар Донишкадаи омӯзгории Самарқанд солҳои 1970-1974. Дар саҳни ҳавлии донишкада байни растаҳои гул нимпайкараи устод, асосгузори адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ бо як салобате ба дохилшудагон менигарад ва гӯё «Марҳамат, толибилмон, асосҳои илмро чуқуртар биомӯзед!» мегӯяд.
Факултаи филологияи тоҷик дар қабати сеюми бино ҷойгир буд. Мо – донишҷӯён дар бадали чор сол дар паси партаҳои ҳамин таълимгоҳ ба ғаму шодии ҳамдигар шарик будем, аз пешравиҳои ҳамкурсон меболидему аз ноомади корашон дар ташвиш будем. Чор соли таҳсил чун хобу хаёли ширин гузашт.
Баъд… чун хӯшаҳои дони гандум ба чор тараф пош хӯрдем. Ман бо Бахтиёри Ҷумъа (ҳоло нависандаи ҳаҷвнигор) ва шодравон Хуррам Рӯзиев аз рӯйи тақсимот ба ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё ба кор рафтем. Баъзеҳо дар ҷойҳои худ монданд, гурӯҳе дипломҳоро ба сандуқ андохтанду аз паси кори дигар шуданд.
Ман дар он ҷо ду соли расо кор кардам, Бахтиёр пас аз як сол дар Кумитаи радиошунавонии Тоҷикистон кор ёфт, Хуррам ба зодгоҳ баргашт.
Дӯстам Сарвар Бобоев дар ноҳияи Сайҳунободи Сирдарёи худаш ба кори омӯзгорӣ пардохт. Ҳамагӣ чор солакак ба шогирдон сабақ омӯхт. Хоҷагии онҳо хоҷагии пахтакорӣ буд. Роҳбарони ҳамонвақтаи колхозашон қобилияти нотакрори Сарварро пай бурда, ба кори масъули хоҷагӣ даъват карданд. (Вай ҳанӯз дар вақти донишҷӯйӣ комбайни пахтачиниро идора карда метавонист). Пас аз он, Сарвар дар вазифаҳои гуногун то дами ба нафақа баромадан дар хидмати хоҷагии қишлоқ монда, ба эҳтироми ҳамдиёронаш сазовор гашт. Ҳатто якчанд маротиба ба гирифтани ифтихорномаҳо мушарраф гардид. Дар куҷое набошад, дар кадом вазифае набошад, фақат аз паси меҳнати ҳалол обрӯ ёфт.
Дар дили ӯ заррае ғубор набуд. Барои ба дидори дӯстон расидан масофа ба вай фарқ надошт. Ӯро гоҳ дар Сӯх медидед, гоҳи дигар дар Шофиркон, баъзан занг мезад, ки ман дар Деҳқонободам ва пагоҳ бояд дар Шӯрчӣ, дар хонаи дӯстам Тоҳир Зокиров, фардо, албатта дар хонаи Сангини Каромат мешавам.
Ҳамин тавр, қариб дар ҳамаи гӯшаву канори диёрамон, дар хонадони шарикдарсон мешуд. Шояд мақоли «дидадаро шав – ба дида ҷо шав» айнан барои Сарвар барин инсонҳо гуфта шуда бошад. Дӯстам дилёб буд, ба қадри дӯстӣ мерасид.
Сарвар қариб тамоми ҳамкурсони худро «ту» гуфта, муроҷиат мекард. Ва ин хислаташ ба худаш мезебид. Ҳазлҳои беғашаш дили касро ба фараҳ меовард. Ниҳоят дилкушоду хушчақчақ ва меҳрубони шарикдарсҳо буд. Охирҳои таҳсиламон ба зебосанами самарқандӣ – Меҳрӣ (вай як курс боло таҳсил менамуд) дил басту домоди Самарқанд гардид.
Сарвар Бобоев ба маънои томаш пайвандгари дилҳо буд. Тасаввур кунед, ки барои вохӯрии ҳамкурсонро ташкил кардан вай аз водӣ сар карда, то Бухорою Қашқадарёву Сурхондарё (мо дар як курс 27 нафар таҳсил менамудем ва аз нисф зиёдашон аз вилоятҳои дурдаст буданд) бо ҳар яке занг зада баромадан ниҳоят душвор буд ва вақти бисёрро талаб мекард. Вале, барои Сарвар ин кор душворӣ накард, зеро як пояш дар Самарқанд буд.
Вохӯрии 35-солагии хатми донишкадаамонро тобистони соли 2008 гузарондем. Мо, донишҷӯёни собиқро дар сари мизи пурнозу неъмати тарабхонаи «Каримбек» муттаҳид кард. Он рӯзи нек шодию хурсандии ҳамсабақон интиҳо надошт. Аз ҳамкурсон фақат Сарвар ва Камол Бердиеви бухороӣ бо ҳамсарони худ омада буданд.
Дар охир Сарвар пешниҳод кард, ки ҳар сол дар ҳамин санаву ҳамин соат боз ба дидор расем. Ҳамсабақон ин таклифи ӯро дастгирӣ карданду то ба ҳамин қарибиҳо бе ҳеҷ мамоният сари як пиёла чой ҷамъ меомадем. Суҳбатҳои ширинамон дар хонаҳои дӯстон то як дерии шаб давом мекарду аз дидори якдигар сер намегаштем.
Сарвар дар ҳар як нишаст гӯё садри маҷлис буд. Ба ҳар яки мо бо навбат сухан медод. Одоби муоширатро хуб риоя мекарду ҳозиронро бо латифаҳои намакинаш механдонид.
Баҳори соли гузашта боз як ҳамкурси самарқандиам Муҳайбин Адашуллоев, ки солҳои зиёде дар шуъбаи таълими халқи ноҳияи Самарқанд адои вазифа намудааст, ба таври ногаҳонӣ занг зад:
– Ба хайр, Муҳайбин? Тинҷӣ?
– Сарвар гузаштааст.
– Чӣ? Чиҳо мегӯед, дӯстам? – ба сарам дарде даромад.
– Додо хабар расонд, ҷӯра. Додоро медонед-­ку!
– Медонам-медонам, – забонам лол гашта буд. (Додо дӯсти наздики Сарвар ва ҳамсояи девордармиёни ӯ буд).
– Муҳайбин, ҳеҷ бовариам намеояд… охир як ҳафта пеш ман бо ӯ телефонӣ гап зада будам.
– Ман ҳам, дӯстам. 
Ба дасту поям ҷон намонда, хеле ба худ наомадам. Охир, дӯстам Сарвар Бобоев дар дил орзую ниятҳои бисёре дошт. Фарзандонаш Анварҷону Умедҷонро бо як меҳри бузурги падарона мепарварид. Писари калониаш Анвар бо оилааш дар кишвари Норвегия хидмат менамуд. Хурдиаш Умедҷон дар мактаби зодгоҳашон бо таълиму тарбияи хонандагон машғул буд.
Хотираи дурахшони дӯсти азизамон Сарвар Бобоев дар дилу дидаи мо, ҳамсабақон як умр боқӣ мемонад.

Солеҳ САИДМУРОДОВ.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: