Дар оғози сафари матбуотӣ ба вилояти Сурхондарё, ки Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекэнерго» 21-23 июни соли равон барои журналистони маҳаллӣ ва хориҷӣ баргузор намуд, чанд чорабинии тафреҳӣ низ шомил ба барномаи ин сафар буд.
Сафар нахуст аз тамошои шаршараи машҳури Санггардаки ноҳияи Сариосиё оғоз ёфт, ки дар дараи хушбоду ҳаво воқеъ гаштааст.
Ронандаи мо Азиз Ҷалолов дар обанбори «Тӯпаланг» ифои вазифа менамудааст. Мошин ба пеш ҳаракат карда, аз роҳи калони Деҳнав – Сариосиё ба тарафи чап тоб хӯрд. Азиз Ҷалолов моро ба деҳаҳои сари роҳ ошно менамуд ва боз тавзеҳ медод, ки дар ин деҳаҳо киҳо зиндагӣ мекунанд ва сокинонаш ба кадом корҳо машғуланд.
– То шаршараи Санггардак масофаи роҳ ҳудуди чиҳил километрро ташкил мекунад. Вақте он ҷо расидем, мебинед, ки Худованд барои бандагонаш чӣ мӯъҷизае офаридааст ва чаро ин қадар мошин аз пешу ақиби мо ба ҳамон тараф ҳаракат мекунанд, —гуфт ронанда.
Дарвоқеъ, ҳеч кадоме аз ҳамроҳони ман қаблан ба ин тарафҳо сафар нанмудааст. Барои ҳамин хурсанд шуда, ба ҳарфҳои ронанда гӯш медодем ва ҳарчи бештар маълумоти иловагӣ гирифтан мехостем. Танҳо як қисми роҳ ба сӯи шаршараи Санггардак ҳар ҷо-ҳар ҷо тармим шуда буд, аммо қисмати боқимондаи онро хеле хубу равон мумфарш кардаанд. Мо деҳоти ду самти роҳро тамошокунон пеш мерафтем.
Маълум шуд, ки сокинони чанд деҳи ин минтақаро мардуми тоҷиктабор ташкил мекунанд, дар баъзе деҳаҳо тоҷикону ӯзбекон дар фазои иттиҳоду ҳамбастагӣ машғули кору зиндагӣ мебошанд.
– Ана ин ҷо роҳ ба ду тақсим мешавад. Роҳе, ки ба тарафи рост меравад, шуморо ба деҳаи Хондиза мерасонад. Аммо мо мустақим ҳаракат мекунем. Ҳоло андак масофа монд, ки ба шаршараи Санггардак расем, – гуфт Ҷалолов.
Дар шафати ҳамин роҳ ба сӯи шаршара як фароғатгоҳи наву замонавӣ сохта буданд, ки ҳанӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор нагирифтааст. Баъди он пеши рӯ осоишгоҳи Санггардак намудор шуд, ки ба гуфтаи ронанда мардум дар чаҳор фасли сол он ҷо омада истироҳат ва саломатии худро барқарор мекунанд. Баъди лаҳзае мошини мо таваққуф намуд ва ронанда гуфт:
– Мо ба манзил расидем. Аз мошин поён шавед ва ба гурӯҳи одамоне пайваста, худро барои тамошои шаршараҳо омода созед.
Дар пеш маскани бо панҷараи оҳанин иҳота гирифташударо дидем ва мисли дигарон, яке аз паси дигар вориди он шудем. Ҳавои ин ҷо нисбат ба минтақаҳои поён — Деҳнаву Сариосиё хеле салқин ва гуворо буд. Одамони зиёд маҳз дар ин шабу рӯзи гармои тобистон гурӯҳ-гурӯҳ ба ин дараи хушбоду ҳаво ва табиаташ зебову гуворо меомадаанд ва чанд лаҳза ё чанд рӯзи худро он ҷо сипарӣ мекардаанд.
Аз чанд ҷои қабати кӯҳ об сангҳоро шикофтаву фаввора зада мебаромад ва шаршара шуда ба поён ҷорӣ мешуд. Дар бораи мавҷудияти чунин як шаршараи маълуму машҳур ва назаррабо, ки ин қадар одамони зиёдро ба канор кашида буд, ягон маълумоте надоштам. Ҳамроҳонам низ аз дидану тамошои ин манзараи биҳиштосо ба ҳайрат афтоданд. Дарҳақиқат, манзараи пеши чашмонамон хеле аҷиб буд.
– Чанд маротиба дар вилояти Сурхондарё сафари эҷодӣ анҷом додаам, вале намедонистам, ки дар ин дараи хушбоду ҳаво шаршарае вуҷуд дорад, ки ба назар чун мӯъҷиза ҷилва мекунад ва таваҷҷуҳи одамони зиёдро ба худ ҷалб менамояд. Ин ҷо ба истироҳатгоҳи ҳақиқӣ табдил ёфтааст, ки дар тавзеҳу тафсираш забон лол мемонад, – ҳайраташро пинҳон надошта гуфт хабарнигори ВВС дар Тошканд Авазҷон Тоҳиров.
Вай афзуд, ки беҳуда дар ин ҳавои гарми тобистон одамони зиёд ба ин ҷо ташриф намеовардаанд. Ба гуфтаи ӯ аз ин ҳавои салқин мисли одамони дигар ҷисму ҷони вай низ роҳат мекунад ва кайфияташ беш аз пеш аъло мегардад.
Одамон барои аз наздик тамошо кардани шаршараҳои фавворасон тавассути зинаҳо боло мебаромаданд ва аз оби шаффофу мусаффои он бо кафи дастон ҳаловат бурда нӯши ҷон мекарданд. Аксарият машғули аккосӣ ва ё ба навор бардоштани ин манзараи дилоро буданд.
Дар даромадгоҳи шаршара духтарчае зарфҳои палостикии панҷ ва даҳлитриро қатор чида буд. Хоҳишмандон баъди анҷоми тамошои ин манзараи зебо поён фаромада, аз он мехариданд ва оби мусаффоро пур карда, бо худ мебурданд.
Ин лаҳза як шеъри равони шоири самарқандӣ Хоҷа ба ёдам расид, ки таҳти унвони «Оҳанги рози шаршара» навиштааст:
Як лаҳза мехоҳам
нишинам дар ҳавои
шаршара,
То бо ту он дам бишнавам
аз дил навои шаршара.
Мо ба роҳат аз табиати хушу гуворои шаршараи Санггардак лаззат бурдем, аз оби сарду мусаффои он нӯши ҷон кардем. Баъд дубора ба мошинҳо савор шуда, рӯ ба самти поён овардем. Дар барномаи сафар боздиди навбатӣ аз обанбори «Тӯпаланг» ва манзараҳои атрофи он буд. Боиси зикр аст, ки дар чанд деҳаи сари роҳ, воқеъ дар ноҳияи Сариосиё мардуми тоҷиктабор зиндагӣ мекардаанд ва фарзандони онҳо барои таҳсил дар мактабҳои тоҷикӣ фаро гирифта шудаанд.
– Аз тарафи рост филиали Донишкадаи соҳибкорӣ ва омӯзгорӣ воқеъ гаштааст, ки се сол пеш дар базаи ба ҳамин ном донишкадаи шаҳри Деҳнав ташкил шудааст. Он дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Гулобод фаъолият мекунад. Қаблан бинои онро коллеҷи касбу ҳунар ишғол карда буд. Ҳоло ғайр аз ҷавонони чанд деҳи хурду бузурги ноҳияи Сариосиё, инчунин аз шаҳру ноҳияҳои зиёди вилояти Сурхондарё ва берун аз он ҷавонон дар он таҳсил мекунанд ва соҳиби маълумоти олӣ мешаванд, – иброз намуд Азиз Ҷалолов.
Роҳбаладамон боз илова кард, ки дар деҳаи Навобод зода шудааст ва мактаби тоҷикиро ҳамон ҷо хатм кардааст. Баъд ба шаҳри Душанбе рафта таҳсил намудааст. Аксарияти сокинони деҳаҳои Хуфар, Сариҷӯ, Подахона, Лангар, Тиргарон, Эҳтиром, Чорвои як, Чорвои ду, Наврӯз ва Исоқиро мардуми тоҷиктабор ташкил мекунанд ва таҳсил дар мактабҳои он бештар ба забони тоҷикӣ сурат мегирад.
Ҳамаи ин деҳаҳо қаблан таҳти тасарруфи яке аз колхозҳои калонтарини ноҳияи Сариосиё қарор доштаанд. Аммо ҳоло ин деҳаҳо ба чанд ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо тақсим шуда, мардуми он ба кишту парвариши зироат, боғпарвариву чорводорӣ машғул мебошанд. Ҳар кадоми ин деҳаҳо таърихи ба худ хосе доштаанд, ки ба таъкиди Азиз Ҷалолов донистани он барои ҷавонони имрӯзаи ҳамон деҳот ҳам қарзу ҳам фарз аст.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири
«Овози тоҷик».
Вилояти СУРХОНДАРЁ.