НИЗОМИ ДАСТГИРИИ ШАХСОНИ БА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ МУҲТОҶ БА ЗИНАИ НАВ БАРДОШТА МЕШАВАД

Ба мақсади офаридани низоми нав оид ба ҳифзи иҷтимоии шахсони ногиро дар Стратегияи «Ӯзбекистон-2030» алоҳида зикр шудааст.

Сазовори эътибор аст, ки  дар ин бобат корҳо оғоз ёфтаанд.


Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 27 феврали соли 2024 «Дар бораи чорабиниҳо оид ба такмил додани низоми таъминоти шахсони ниёзманд бо асбобу анҷоми протезӣ-ортопедӣ ва воситаҳои техникии тавонбахш»   қабул гардид.
Бо қарори мазкур низоми дастгирии шахсони ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ аз ҷиҳати сифат ба зинаи нав бардошта шуд. Аз ҷумла, механизмҳои таъмин намудан бо анҷомоти протезӣ-ортопедӣ ва воситаҳои техникии тавонбахшӣ сода карда мешаванд.
Ҳуҷҷат бо он аҳамиятнок аст, ки иҷрои аксарияти вазифаҳои муайяншуда, нақшаҳо барои ояндаи наздик пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, то 1 майи соли 2024 навъҳои маснуоти протезӣ-ортопедӣ ва воситаҳои техникии тавонбахшӣ аз ҷониби давлат ба таври кафолатнок таъминшаванда аз 18 то 30 адад васеъ карда мешаванд. Пешбинӣ шудааст, ки маблағи ҷудошаванда якуним баробар зиёд карда, ба 100 миллиард сӯм расонда шавад.
Ҳамчунин муайян карда шуд, ки ҳаҷми маблағе, ки давлат барои харидани асбобҳои протезӣ ва воситаҳои тавонбахшӣ ба шахсони ниёзманд ҷуброн менамояд, вобаста ба шароити бозор то се баробар ва баъзе навъҳои воситаҳо то даҳ баробар зиёд карда шавад.
– Дар бораи онҳое, ки ба асбобҳои протезӣ ва воситаҳои тавонбахшӣ эҳтиёҷ доранд, маълумот мавҷуд аст, – мегӯяд раиси Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ Мирзобек Ниёзов. – Дар соли 2023 эҳтиёҷоти 47 ҳазор нафар шаҳрвандони ин тоифа таъмин карда шуданд. Ҷараёни интизор шудани бисёр шахсон дар муддати вақти муайян тӯл кашид. Бо ин қарор низоми бақайдгирии анҷомоти протезӣ ва воситаҳои тавонбахшии он шахс аз лаҳзаи муайян шудани маъюбӣ ва дар як-ду рӯз ба манзилаш расондани он ба роҳ монда мешавад. Қаблан эҳтиёҷмандон имконияти интихобкунии  корӣ надоштанд ва имкони харидории воситаҳои навъи замонавӣ маҳдуд буд. Дар ҳалли ин гуна мушкилот васеъ намудани доираи воситаҳои зарурӣ аҳамияти калон дорад.
Имрӯзҳо ба он диққати махсус дода мешавад, ки аҳолӣ бо коғазбозии гуногун сарсону саргардон карда нашавад. Вақте ки сухан дар бораи шахсони имконияташон маҳдуд меравад, таъкид кардан ҷоиз аст, ки ба онҳо қулайиҳои бештар фароҳам овардан аз ҳама муҳим аст.
Тибқи ин қарор, аз 1 майи соли 2024 зарурати ба анҷомҳои протезӣ ва воситаҳои тавонбахшӣ ниёз доштани маъюбон дар асоси шаҳодатномаи маъюбӣ бидуни додани хулосаи тиббии алоҳида муайян карда мешавад. Хулосаи тиббӣ дар бораи ниёз ба анҷомҳои протезӣ ва воситаҳои тавонбахшии шахсони синну соли нафақа, ки гурӯҳи маъюбӣ надоранд, дар низоми электронии иттилоотии «Экспертизаи тиббию иҷтимоӣ» расмӣ гардонда мешавад.
Дар ҳуҷҷат инчунин ба дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ, ки бо таҷҳизоти протезӣ ва воситаҳои тавонмандӣ таъмин менамояд, эътибор дода шудааст. Маблағи боҷҳои муайяне, ки барои бақайдгирии давлатии чунин воситаҳо, ҷузъҳо ва қисмҳои эҳтиётии истеҳсолкунандагони хориҷӣ ситонида мешавад, 50 фоиз кам карда мешавад. То 1 январи соли 2027 воридоти асбобҳои протезӣ ва ҷузъҳо ва қисмҳои эҳтиётии онҳо ба қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.
Ин қарор яке аз қадамҳои далерона дар кишвари мо барои тағйир додани зиндагӣ ва тарзи зисти мардум ва дастгирии шахсони ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ гардид.

Икром АВВАЛБОЕВ, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: