ҲАЁТ ВА МУШКИЛОТИ ДЕҲОТИ ПАРМЕША, ФАНГАТ ВА ҒӮТХОКИН...

Барои омӯхтани ҳаёти мардуми тоҷики кӯҳистони ноҳияҳои Олтинсою Бойсун мо – се нафар аҳли қалам аз мавзеи Чакоб ва Қарияи бодоми деҳаи Бештахта ба деҳаҳои Фангат ва Ғӯтхокин, ки номҳои зебою хушоҳангашон дар зеҳни кас нафосатеро бедор месозанд ва ғолибан дилҳоро ба сӯйи худ майл медиҳанд, пиёда ба роҳ баромадем.

То мавзеи Чакоб, ки бошишгоҳи чӯпонҳои маҳаллисту роҳи мошингард дорад, моро Усто Зойири Ҳавзӣ бо мошини «Нива»-и худ расонд ва машаққати роҳро кам кард. Ҳамин тариқ сафари мо ба кӯҳтали душворгузари Пармеша оғоз гардид, ки ҷуз харроҳа надорад. Аз шахҳои баланд харсангҳо ҷудо шудаву дар ҳар ҷой парешон хобанд, тобасангҳоро оби борон шуста ба шаклҳои ғароиб даровардааст, дар ёлаҳои алафашон хазоншуда дарахтони писта, бодоми талх, фарк, буттаҳои зайтуну мушша ва гулхор мерӯянд. Мутаассифона, имсол дарахтони пиставу бодом бор надоранд. Сардиҳои бесобиқаи зимистони гузашта ба ин дарахтони худрӯ асари манфӣ расондааст.
                                                    
ПАРМЕША

Кӯҳталест, ки басо душворгузар. Он ягона роҳест, ки чаҳор фасли сол ба бошандагони деҳаҳои Фангат ва Ғӯтхокин хидмат мерасонад. Зиёда аз як аср аст, ки сокинони деҳоти мазкур ин харроҳаро роҳи асосии худ ба ҷониби ободиҳо медонанд. Боз роҳе аз самти дарё вуҷуд дорад, ки онро ба номи як санги нақбмонанди сӯрох Айдак меноманд ва мутаассифона, ҳангоми серобии рӯдхонаи Хоҷаи Пок гузаштан аз он имконнопазир мегардад. Роҳи кӯҳтали Пармеша ҳам то соли 1888 – замони як заминларзаи марговар вуҷуд надоштааст ва пас аз афтодани як қуллаи кӯҳ мардум ба роҳи ҳашар ин пайроҳаи харгузарро сохтаанд ва ҳоло ҳар сол тармим намуда, рафтуои худро аз он ба маркази ноҳияи Олтинсой ва бозорҳои ҳамеша ободи Деҳнав таъмин месозанд. 

Вожаи «Пармеша» соф тоҷикист. «Пармеша» шояд «парад мешавад», яъне «паридан мумкин» барин маънӣ дораду мардум сабук кардаву  дар шакли «Пармеша» талаффуз кардаанд. 

ФАНГАТ  

Фангат аз деҳаҳои хушманзари ин кӯҳпора аст, ки таърихи қадима дорад ва мардумаш ҳама тоҷиконанд. Талоши мо бобати пайдо намудани маънои он  самар надод, шояд мутахассисон назаре диҳанд. 
Мардуми ин деҳа асосан бо чорвопарварӣ ва боғдорӣ машғуланд. Меваи дарахтони пиставу бодомро, ки дар ин кӯҳистон зиёд мерӯянд, ҷамъ меоваранд ва насибаву рӯзии худ қарор медиҳанд.
Фангат то ҳанӯз роҳи мошингард надорад ва мардуми он бо ин орзу зиндагӣ мекунанд. Роҳи мошингард то мавзеи Хоҷаи Пок мерасад. То Фангат 11 километр масофа ҳаст, ки ҷуз харраҳае нест. 
Ҳоло барои мардуми Фангат шарораи умеде падид омадааст, ки шояд орзуи деринаи онҳо бобати як роҳи мошингард рӯйи об барояд. Ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки дар қарибии Фангат як кони ангиштро боз намояд. Ангишти ин макон аълосифат буда, танҳо барои гудохтани оҳан истифода мегардад. Барои кашондани ангишт бошад, роҳи мошингард лозим аст, ки алҳол тарҳи он кашида ва корҳо дар ҳоли оғозшавӣ қарор доранд. 
Мактаби деҳаи Фангат аз се синфхона иборат буда, замоне бо ҳашар сохта шудааст. Ин мактаб як бахши дабистони рақами 60-уми деҳаи Хоҷаи Пок аст. Он 21 нафар хонанда дорад, ба онҳо 8 нафар омӯзгор таълим медиҳанд. Ҳоло бинои нави замонавӣ сохта мешавад ва умед аст, ки рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор бигирад. Тавре огоҳ гаштем, тамоми масолеҳи сохтмони ин биноро аз дурии 11 километр ба воситаи хар кашондаанд. Барои овардани 50 килограмм симон муассисаи сохтмон 30000 сӯм харҷ кардааст. Барои кашондани ҳамин миқдор рег аз соҳили дарё ба ҷавонони деҳа 12000 сӯм пардохтаанд. Оре, мактаби нави деҳа бо чунин машаққат бунёд меёбад.
Дар Фангат як масҷиди хуштарҳ низ ҳаст, ки дар он ба ҷуз мардуми деҳа раҳгузарони деҳоти Ғӯтхокину Деҳиболо, Зеваросу Қӯрғонча, Назариву Шаҳтут ҳам намоз мегузоранд.  
Деҳа ягон нуқтаи тиббӣ надорад ва мардум аз ин хидматрасонӣ комилан маҳруманд. Ҳатто дар байни сокинони он  мутахассиси соҳа ҳам нест. Назар ба гуфтаи мардуми маҳаллӣ, дар деҳаи Ғӯтхокин фелдшере ҳаст, ки Қурбон Раҳмонов ном дорад. Вай дар зарурат 5 километрро тай карда, ба мардуми Фангат низ кумаки аввалияи тиббӣ мерасонад. Аксар вақт дурии роҳ боиси аз кумаки аввалия маҳрум гардидани беморон мешавад. Аз ин ҷиҳат, воқеан мардуми ин деҳаи кӯҳистонӣ хеле азият мекашанд. Ҳангоми валодат занҳо пешопеш ба таҳташт мераванд ва дар хонаҳои хешу таборони худ мунтазири таваллуди тифл мемонанд. 
Чун нафаре аз аҳли деҳа ногаҳон бемор шавад, ҷавонон гирд меоянд ва беморро бо замбар бардошта бо пайраҳаи душвортайи кӯҳтали Пармеша то мавзеи Чакоб мебаранд. То он мавзеъ 7 километр роҳро тай мекунанд. Агар ин кор шабона рух диҳад, ранҷи мардум садчанд меафзояд. Дар мавзеи Чакоб бо мошини ёрии таъҷилӣ беморро зуд ба шифохона мебаранд. Агар мошини ёрии таъҷилӣ набошад, дардмандро маҷбур мешаванд, ки боз ҳам дуртар – ба деҳаҳои Бештахтаву Ҳавз бирасонанду бо ягон восита ба бемористон баранд. 
Фангат то соли 2002 умуман барқ надошт ва мардум дар торикистон умр ба сар мебурд. Муроҷиати онҳо ба ҳукумати вақт самар надод, пас мардум бо роҳи ҳашар муваффақ шуданд, ки аз дурии 6 километр сими барқро ба ҷониби деҳа бикашанд. Мегӯянд, ки аввалин бор соли 2002 дар хонаи Бобои Рамазони чӯпон чароғи барқӣ фурӯзон гаштааст ва аҳли деҳа онро ба таври хос таҷлил намудаанд. Нақл мекунанд, ки танҳо барои ба деҳа овардани трансформатор мардум се рӯз вақт сарф кардаанд. Онро бо сад машаққат аз дурии 11 километр дастӣ бардошта оварда, дар саргаҳи деҳа насб намудаанд. Сокинони деҳа умед доранд, ки ҳокимияти ноҳияи Олтинсой дар харидории симҳои боқимонда кумак хоҳад кард, аммо муроҷиати чандинкаратаи мардум дар ҳалли ин мушкил ҳанӯз натиҷае надодааст.                            
                    
ҒӮТХОКИН 

Аз деҳаҳои зебои кӯҳистони ноҳияи Олтинсой аст, ки шомили ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи «Хоҷаи Пок» мебошад. «Ғӯт» маънои «бузург»-ро дорад, ба монанди «Ғӯтсанг», «Ғӯтях»... Номвожаи «Ғӯтхокин» маънии «теппа, баландии серхок»-ро ифода мекунад, ки он дар ин кӯҳистони саросар санг ноёб аст. Мардуми маҳаллӣ ин мавзеъро Кетар ҳам меноманд. Ин деҳа 14 хонавода дошта, онҳо дар ду бари дарёчаи шӯхоби Хоҷаи Пок зиндагӣ мекунанд ва мазраъҳои сабзу хуррам доранд. Шуғли асосии мардум чорводорӣ ва боғпарварист. Ин ҷо мактабе ҳаст, ки он бахши маърифатгоҳи рақами 60-уми ноҳияи Олтинсой мебошад. Ба 16 нафар хонанда 4 омӯзгор аз фанҳои гуногун дарс медиҳанд. Ин деҳа низ чун деҳаи Фангат дар инзиво қарор дорад ва ба самти он роҳи мошингард нест. Мардум то ободиҳо асосан 16-17 километр пайраҳаҳои хатарнокро пиёда ё харсавор тай мекунанд. Маводи зарурии рӯзгорро аз бозорҳои Олтинсой ва Хоҷаи Пок мехаранд. Мушкилоти ҳаёти мардуми Ғӯтхокин бо деҳаи Фангат ҳамсонанд. Ягона муаммое, ки ин мардумро ба ташвиш гузоштааст, набудани роҳи мошингард аст. Агар роҳи мошингард медошт, аксар мушкилоти иҷтимоии рӯзгори мардум, ба монанди робита бо муассисаҳои тандурустӣ, маориф, ҳокимият... ҳалли худро меёфтанд.
                                        
НОМҲОИ ЗЕБО ВА 
ГӮШНАВОЗ

Номвожаҳои мавзеъҳо (деҳаҳо)-и тоҷикнишини Фангат ва Ғӯтхокин ҷолиби диққат буда, ҳар кадом таърихчае доранд. Чунончи, дар Фангат Кӯҳи хатпарто ҳаст, ки мардуми деҳаҳои Ҳавзу Бештахта, агар хабаре дошта бошанд, аз фарози қуллаи кӯҳ, ба варақе навишта, мепартофтаанд ва сокинони Фангат онро хонда, (хабарҳо асосан ба маъракаҳои шодиву сур ва сӯг мутааллиқ будаанд) огоҳ мешудаанд. Дар акси ҳол барои расондани ҳамон хабар пиёда тай кардани кӯҳтали Пармеша зарур буд, ки роҳи нимрӯзӣ мебошад.
Ғӯти дуздон, Дараи гургон, Новаи зардолуқӯтан, Чашмаи шоирон, Кӯҳтали ёна, Чашмаи равон, Дараи пахтак, Новаи бедо, Дараи себо, деҳаи Себо, Чокдара, Шоту, Оби зой, Лалмо, Кӯҳтали дамзанак, Оғалгин, Саройгин, Новаи Татумо, Камари турқ,  Пармеша, Чашмаи хунук, Санги ҷурғот, кӯҳи Найҳо, Чӯртаки Бобоназар, Дудкаш, Айдак, Сияҳрег... аз ҷумлаи мавзеъҳоест, ки ҳар кадом таърихе дошта, дар гӯиши тоҷикони дигар навоҳӣ камтар истифода мегарданд.
                                                                
Шариф ХАЛИЛ,
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигорони «Овози тоҷик». 

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: