УМРИ ДУБОРАИ ҶАДИД

Дар Самарқанд 149-солагии яке аз пешвоёни намоёни ҳаракати ҷадидӣ, маърифатпарвар, адиб, нахустин драманависи Осиёи Марказӣ Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ ба тарзи мутантан таҷлил шуд.

Бо ҳамин муносибат дар Маркази миллии бозомӯзии омӯзгорони вилояти Самарқанд анҷумани фарҳангӣ ба вуқӯъ пайваст.  
Нотиқон дар баромади худ доир ба аҳамияти ҳаракати оммавии ҷадидӣ, хидматҳои шоистаи Беҳбудӣ ва қадршиносии ӯ ҳарф заданд. 
– Бузургон таъкид намуданд, ки мамлакат аз ақл шавад пойдор – гуфт Журналисти шоистаи ҷумҳурӣ, муаллифи  романи «Ҷадид» Нусрат Раҳмат. – Таърих гувоҳ аст, ки тараққипарварон аз азал ҳамватанони хешро ба омӯзиши илму фарҳанг даъват намуда, аз дасти кӯрдилон қурбон шудаанд. Галилео Галилей, Ҷордано Бруно, Саидризо Ализода, Ҳоҷӣ Муин, Ҳамза, Сиддиқии Аҷзӣ, Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ ва дигарон аз ҷумлаи равшанфикрони замони пеш буданд. Онҳо қурбони ғояҳои олиҷаноби  худ шудаанд. Соли 1919 Беҳбудӣ ҳангоми сафари ҳаҷҷи акбар аз ҷониби гумоштагони Сайид Олимхон дар шаҳри Қаршӣ бо шогирдони вафодораш Муҳаммадқул ва Мардонқул ваҳшиёна кушта шудаанд. Баъди як сол сардори  маҳбаси шаҳри  Қаршӣ васиятномаи Беҳбудиро ба  шогирдони ӯ ирсол мекунад ва сипас дар Самарқанд мардуми қадршинос се рӯз мотам   гирифтаанд. Бо таклифу пешниҳодҳои равшанфикрони замон шаҳри Қаршӣ номи Беҳбудиро гирифта буд, вале соли 1937 ӯ ҳамчун фаъоли ҳаракати ҷадид «душмани халқ» эълон гардид. Қисмати талхро бинед, ки як нафар ду маротиба ба марг ҳукм шуд. Хушбахтона, соли 1987 қаҳрамони романи ман пурра  сафед  шуд. Ва дар  омади гап бояд таъкид намуд, ки ҳангоми навиштани «Ҷадид» чандин маротиба ашкҳоям руйи коғаз рехт...
– Мо, хешу пайвандони Беҳбудӣ аз сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев сипосгузор ҳастем, – гуфт набераи маърифатпарвар Шоҳрух Беҳбудӣ. – Бо фармони Президент бобои мо бо ордени «Буюк хизматлари учун» мукофотонида шуд, имрӯзҳо ҷустуҷӯйи қабри ӯ дар шаҳри Қаршӣ идома дорад. Соли 2021 дар Самарқанд хона-музейи бобоямон кушода шуд. 
Адиби номдор Нусрат Раҳмат бо ҳамфикронаш Миршариф Хӯҷаев ва Азиз Амина муҷассамаи Беҳбудиро дар ҳавлии Маркази миллии бозомӯзии педагогҳои вилояти Самарқанд гузоштанд.
Дар поёни тадбир ҳозирон дар пояи муҷассамаи Беҳбудӣ гулҳои тару тоза гузоштанд. 
Дар зодгоҳи ӯ – ноҳияи Тайлоқ низ ба муносибати ҷашни Беҳбудӣ анҷумани фарҳангӣ баргузор гардид. Дастаи ҳунарии мактаби миёнаи рақами 15-уми ноҳия аз асари ӯ «Падаркуш» порчаеро намоиш доданд. Ин асар соли 1911 дар Самарқанд намоиш дода шуда буд, ки дар он муаллиф иштирок дошт. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: