ПАРВОЗҲО АЗ ТАРИҚИ «UZBEKISTAN AIRPORTS» МЕАФЗОЯД

Дар арафаи ҷашни бузург – 32-юмин солгарди истиқлолияти Ватани маҳбубамон дар шаҳри Тошканд барои кормандон ва роҳбарони ширкати менеҷменти «Uzbekistan Airports», директорони тамоми фурудгоҳҳои байналмилалии Ӯзбекистон, филиалҳои «Uzbekistan Airports Handling», «Uzbekistan Airports Cargo» ва «Silk Avia» як чорабинии дурӯзаи тимибилдинг ба анҷом расид.

Дар он натоиҷи нимсолаи аввали соли 2023 барои ҳамаи воҳидҳои сохтории ин ширкат ҷамъбаст гардид ва барои нимсолаи дуюм нақшаҳои таҳияшуда эълон гардиданд.  
Имсол назар ба соли гузашта ҳаҷми умумии мусофиркашонӣ 35 фоиз зиёд шуда, теъдоди мусофирони он 4,7 миллион нафарро ташкил додааст. Аз тариқи майдони ҳавоии мусофиркашонии Тошканд ин рақам 39 фоизро ташкил намуда, теъдоди мусофирони он аз 3 миллион нафар бештар мебошад. 
– То охири сол 9,2 миллион нафар мусофирон ба минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва кишвар интиқол дода хоҳанд шуд. Теъдоди ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ки  ба воситаи фурудгоҳҳои Ӯзбекистон парвозҳои худро анҷом медиҳанд, ба 59 адад расид,  – гуфт раиси умумии «Uzbekistan Airports» Раъно Ҷӯраева. 
Соли равон шумораи парвозҳо 30 дарсад афзоиш ёфта, дар як ҳафта он тақрибан ба 800 адад расидааст. Фоидаи умумии корхона дар давоми шаш моҳи соли равон 30 фоиз афзудааст. 
Раъно Ҷӯраева дар робита ба масъалаҳои тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон низ ибрози ақида намуд.
– Дар давоми ду соли охир ба маблағи 626 миллиард сӯм таҷҳизоти махсус, аз ҷумла, воситаи пошидани моеъи зидди яхбандии ҳавопаймоҳо ва таҷҳизоти тоза кардани барфи майдони ҳавоӣ  харидорӣ гардид. Ба директорон ва мудирони масъули майдонҳои ҳавоӣ супориш дода шуд, ки омодагиро ба зимистонгузаронӣ аз ҳамин давраи соли равон оғоз намуда, ҳар ҳафта аз корҳои анҷомдодашуда дар ин самт ҳисобот ироа кунанд.
То имрӯз консепсия ва асосҳои техникӣ-иқтисодии ду фурудгоҳи байналмилалӣ – Бухоро ва Урганҷ омода ва барои тасдиқ ба Вазорати молия пешниҳод шудааст. 
Интизор меравад, ки нуфуз ва салоҳияти хидматрасонии  ширкати «Uzbekistan Air-ports» сол аз сол доман фарох менамояд ва ҳаҷми мусофиркашонӣ низ дар ин замина беш аз пеш рӯ ба афзоиш меоварад. 
Дар арафаи ҷашни истиқлолияти Ӯзбекистон яке аз дастовардҳои охир ба роҳ монда шудани парвози мустақими байни Теҳрон ва Тошканд мебошад. 9 августи соли равон ҳавопаймои ширкати ҳавонавардии Эрон «Qeshm Air» дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд фуруд омад. Ҳавопаймои навъи «Airbus A320», ки бо хатсайри Теҳрон – Тошканд – Теҳрон парвоз мекард, чун анъана бо арки обӣ истиқбол гирифта шуд.
Қарор аст, парвозҳо дар як ҳафта як маротиба – рӯзи чоршанбе анҷом дода шаванд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
«Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: