Ноҳияи Олоти вилояти Бухоро, ки яке аз ҷанубтарин нуқтаҳои кишвари мо буда, бо Ҷумҳурии ҳамсояи Туркманистон ҳамсарҳад аст, имрӯз симои тамоман нав гирифтааст.
Се соли охир ҳаёти олотиҳо аз лаҳзаҳои фаромӯшнопазир ғанӣ буд. Бо кадоме аз сокинони Олот вохӯред, дар бораи дигаргуниҳои имрӯза бо хурсандӣ ва ҳаяҷон нақл мекунанд. Мавзеи «Ӯзбекистони Нав», ки ҳоло сохта шуда истодааст, ифтихори аҳолии ҳудуд аст.
— Олот дар мамлакати мо яке аз ноҳияҳои хурдтарин ба ҳисоб меравад, — мегӯяд собиқадори меҳнат Сайфулло Курбонов. — Бо вуҷуди ин, он иқтидори бузург дорад. Зеро, шоҳроҳи бузургтарин, ки Осиёро бо Аврупо, дурусттараш, Осиёи Шимолӣ, Миёна, Ҷанубиро бо мамлакатҳои китъаи Аврупо мепайвандад, аз ин ҷо мегузарад. Аз ин рӯ, дар ду тарафи роҳ дарахту буттаҳои зиёди ороишӣ шинонда шудаанд. Барои аҳолӣ нуқтаҳои хидмати маишӣ сохта шудаанд. Дар ҳудуди назди роҳи мошингард бозори калон мавҷуд аст. Табиист, ки саволе ба миён меояд: чаро? Сабаб дар он аст, ки ин ноҳия минтақаи ҷанубии мамлакат мебошад. Аз сабаби он ки бо Туркманистон ҳамсарҳад аст, техника ва борҳои транзитӣ аз ҳамин ҷо ба ҷумҳурии мо роҳ меёбанд. Меҳмони хориҷӣ аз мамлакатҳои ҷанубӣ сафари худро ба Ӯзбекистон аз ҳамин ҷо, аз ноҳияи Олот оғоз мекунад. Вай дар симои ноҳияи Олот симои тамоми Ӯзбекистонро мебинад, меҳмон дар симои аҳолии он бошад, тамоми халқи Ӯзбекистонро мебинад, ки онҳо чӣ тавр зиндагӣ мекунанд, аз чӣ нафас мекашанд. Бо назардошти ҳамаи ин Президенти кишвар ба минтақаи Олот таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Ҳар рӯз як тағйирот, як дигаргунӣ ба амал меояд. Олоти дирӯзаро бо имрӯза муқоиса кардан мумкин нест.
Дар ҳақиқат, дигаргуниҳои дар ноҳия ба амаломада ҳар як нафари ба ин ҷо омадаро шод мегардонад. Бесабаб нест, ки агар ду сол пеш ба онҳо мегуфтанд, ки дар ин ҷо чунин дигаргуниҳои азим ба амал меоянд, некуаҳволии аҳолӣ беҳтар мешавад, бисёриҳо бовар намекарданд. Вале дар ин муддати кӯтоҳ ба шарофати иштирок ва таваҷҷуҳи шахсии Сарвари давлат дар вилоят дигаргуниҳои муҳим ба амал омаданд.
— Касоне, ки муддати тӯлонӣ дар Олот набуданд, ҳоло онро тамоман намешиносанд, — мегӯяд ҳокими ноҳияи Олот Наргиза Неъматова. — Муаллифи ғояи бунёдкориҳои Олот сарвари мамлакатамон ба ҳисоб меравад. Ва ҳоло ин ибтидои кор аст. Сохтмон, бунёдкорӣ ва корҳои ободонӣ ҳанӯз давом доранд. Рӯирост мегӯям, ки пеш дар ноҳия на кинотеатр, на қасри маданият, на китобхона буд. Вазъияти объектҳои иҷтимоӣ риққатовар буд. Чунон ки Президент қайд кард, мо фақат дар бораи пахта фикр мекардем. Ҳамду сано ба Худованди мутаъол акнун ба шарофати таваҷҷуҳи сарвари давлат ва дар асоси қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ноҳияи Олоти вилояти Бухоро барои солҳои 2020-2022» барои рушди ноҳия дар тӯли ду сол 2 триллиону 711 миллион сӯм маблағ харҷ карда шуд.
Тибқи Фармони Президенти кишварамон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо манзил тавассути ҷудо намудани қарзҳои ипотека дар асоси принсипҳои бозор» бунёди умумии 300 бинои бисёрошёна пешбинӣ шуда буд. Бо фармоиши ҶДММ “Қишлоқ қурилиш инвест” соли 2020 5 хонаи панҷошёнаи 200 ҳуҷрадор ва дар соли 2021 5 хонаи панҷошёнаи 100 ҳуҷрадор бунёд гардид. Натиҷаи ҳамин аст, ки 300 оила дар маҳаллаи «Янги Ӯзбекистон»-и маҳаллаи «Халифа» хонаҳои нав гирифтанд. Агар хона сохта шуда бошад, ин маънои онро надорад, ки вай барои зиндагӣ омода аст. Албатта, дар ин ҷо ба масофаи 1,3 километр шабакаи таъминоти барқ, 400 метр қубури газ, 1,6 километр роҳ, 2,3 километр қубурҳои канализатсия, қариб як километр қубурҳои обгузар гузаронда шуд.
— Аз ҷониби сарвари давлат ба модарони танҳо имкониятҳои зиёд фароҳам оварда шуданд, — мегӯяд Зайнура Ҳасанова. — Мо низ бо нархи арзон квартира гирифтем. Ман аз ин хеле хурсандам. Бо ду фарзандам зиндагӣ мекунам. Барои ин ба Президент арзи сипос менамоем. Фарзандони худро ҳатман ҳамчун одамони ба Ватану халқ содиқ тарбия хоҳам кард.
— Олот баъди ба даст овардани истиқлолият чӣ гуна буд ва дар давоми панҷ соли охир чӣ хел дигаргуниҳо ба амал омад! — мегӯяд нависанда Абдунабӣ Ҳамро. — Агар мамлакат аз ҷиҳати иқтисодӣ устувор ва роҳбарияти он бо халқ якдил бошад, дар он ҷо бешубҳа дигаргуниҳои бузург ба амал меоянд. Дар давоми панҷ соли охир на танҳо дар ноҳияи Олот, балки дар тамоми Ӯзбекистон дигаргуниҳои бузург ба амал омаданд. Рӯҳи бунёдкорӣ, офарандагии халқ ҷӯш мезанад. Дар ин бобат ташаббуси сарвари давлат, якдилӣ ва ҳамраъйии ӯ бо халқи худ ҳамчун омили муҳим хидмат кард.
Аҳолӣ аз фаъолияти Маркази хидматрасонии давлатии маҳаллаи нав қаноатманд аст. Дар ин ҷо онҳо барои ҳалли мушкилоти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ кумак мекунанд. Соҳибкорон дастгирӣ карда мешаванд. Манфиатҳои қонунии аҳолӣ пурра муҳофизат карда мешаванд. Албатта, агар гӯем, ки чунин шароит гарави некуаҳволии олотиҳо мебошад, муболиға намешавад.
— Мо дар бинои замонавии шуъбаи мо қарор дорем, — мегӯяд сардори шуъбаи адлияи ноҳияи Олот Ифтихор Эргашев. — Дар ошёнаи якум маркази ноҳиявии хидматрасонии давлатӣ, дар дуюм – шуъбаи САҲШ, дар сеюм – маркази хидматрасонии ҳуқуқӣ ва шуъбаи ҳифз ва татбиқи ҳуқуқи инсон ҷойгир аст. Дар ин бино барои аз хидмати давлатӣ истифода бурдани аҳолӣ тамоми шароит муҳайё карда шудааст.
Дар хонаи маданияту маънавиёти мавзеи нав таблиғи васеи осори мадании мо васеъ ба роҳ монда шудааст. Дар баробари ин дар таъмини шуғли аҳолӣ ҳиссаи сазовор гузошта мешавад.
– Бо қарори Сарвари давлат дар ҷумҳурӣ 16 кластери ҳунармандӣ таъсис дода шудааст, – мегӯяд роҳбари кластери гулдӯзӣ Лола Муҳутова. – Яке аз чунин кластерҳо, ки дар онҳо асосан занон кор мекунанд, дар ноҳияи Олот таъсис дода шудааст. Имрӯзҳо 150 нафар занони маҳаллӣ дар самти гулдӯзӣ фаъолият доранд. Инчунин дар маркази маънавияти ин ҷо 40 нафар бонувон бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Мо маҳсулоти худро на танҳо дар бозори дохилӣ мефурӯшем, балки ба кишварҳои Туркия, ИМА, Ҷопон содирот мекунем. Заноне, ки ба дафтарҳои дахлдор дохил карда шудаанд, дар ин ҷо бо гулдӯзӣ даромад мегиранд. Се-чор сол пеш аз ин мо инро фақат орзу карда метавонистем. Мо инро танҳо дар шаҳрҳо, пойтахт ва ё марказҳои вилоятҳо медидем. Имрӯз бо ташаббуси Сарвари давлат ҳатто дар ноҳияҳои дурдаст, аз қабили Олот шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
То имрӯз фарогирӣ ба муассисаҳои томактабӣ дар ноҳия аз 70 фоиз гузашт. Се сол пеш ин нишондод дар сатҳи 7 дарсад буд. Чунин диққату ғамхорӣ сокинони ноҳияро ба корнамоиҳои нав раҳнамун месозад. Шуҷоати олотиҳо бо дидани эътибор ба бунёди объектҳои соҳаи иҷтимоӣ дар мавзеъҳои нав боз ҳам ҷӯш мезанад.
Бо кумаки ҶДММ «Парвоз қурувчи», ки ба равиши илова ба лоиҳаҳои сармоягузории ҳудудӣ ташкил шудааст, имрӯз бино-иншоотҳо дар асоси лоиҳаи «Ташкили истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагии тайёр» бо арзиши умумии 1,5 миллион доллари ИМА пурра барқарор карда шуданд. Маҷмӯи мазкур, ки зиёда аз 160 таҷҳизоти дӯзандагӣ дорад, низ ба зудӣ ба истифода дода мешавад. Баъди ба кор андохтани он зиёда аз 400 нафар бо кор таъмин мешаванд. Насли ҷаҳонбинӣ ва тафаккурашон нав дар мавзеъҳои нав ба воя мерасад.
Қобили зикр аст, ки чунин ислоҳот дар тамоми деҳаҳои дурдаст ва наздики ноҳия амалӣ карда мешавад. На танҳо ин мавзеъ, балки тамоми Олот дар оғӯши дигаргуниҳо қарор дорад. Оғози корҳои хайр тамоми олотиҳоро ба офарандагӣ, бунёдкорӣ даъват мекунад.
Зариф КОМИЛОВ,
мухбири ӮзА.
Суратгир: Т. ИСТАДОВ (ӮзА).