РОҲБАРОНИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ҶМЧ СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ АНҶОМ ДОДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 май бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 май бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Зимни суҳбат, ки дар фазои анъанавии гарм ва дӯстона гузашт, роҳбарони Ӯзбекистон ва ҶМЧ масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва рӯзномаи байналмилалиро баррасӣ карданд.
Сарони давлатҳо бо қаноатмандии амиқ ва миннатдорӣ дастгирии тарафайн ва кӯмаки башардӯстонаи расондашударо  дар давраи душвори мубориза алайҳи сирояти коронавирус таъкид намуданд.
Дар нимаи дуюми моҳи апрел дар Ӯзбекистон як гурӯҳи духтурони пешбари хитоӣ, ки дар ошкор намудан, табобат ва офиятбахшии шахсони мубталои ин вируси хатарнок соҳиби таҷрибаи зиёди амалианд, ҳузур доштанд.
Президенти мамлакатамон алоҳида  таъкид кард, ки мутахассисони чиноӣ маҳорати баланд нишон доданд, ҷидду ҷаҳди онҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба баланд шудани самаранокии чорабиниҳо оид ба мубориза бар зидди пандемия мусоидат кард.
Чӣ хеле ки роҳбарон изҳор намуданд, ин ҳама боз як шаҳодати мустаҳкам шудани муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Ӯзбекистону Чин мебошад, ки ба принсипҳои дӯстӣ, эҳтиром ва эътимоди тарафайн асос ёфтаанд.
Дар бораи идома додани табодули фаъоли байни идораҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва назорати санитарию эпидемиологӣ мувофиқа ҳосил шуд.
Сарони давлатҳо инчунин вазъ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳаро, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсию дипломатӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, молиявӣ, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои муҳим муфассал баррасӣ намуданд.
Муколамаи самарабахши оид ба масъалаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар асоси омӯзиш ва ҷорӣ кардани таҷрибаи пешқадами ҶМЧ оғозёфта алоҳида таъкид гардид.
Аз рӯи натиҷаҳои сӯҳбат омодагии дақиқ ба чорабиниҳои дуҷонибаи оянда дар сатҳи олӣ идома хоҳад ёфт.
Вазорату идораҳо, маъмуриятҳои минтақаҳо, муассисаҳои бонку молия ва ширкатҳои бонуфузи ду кишвар кори муштаракро бо мақсади коҳиш додани оқибатҳои манфии пандемия ва дарёфт намудани имкониятҳои ҳамкориҳои мутақобилаи судманд тақвият медиҳанд. Пеш аз ҳама, ин афзоиши ҳаҷм ва муваффақ шудан ба эътидолии тиҷорати мутақобила, таҳкими кооператсияи саноатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои афзоиши ҳамлу нақли бор, пеш бурдани барномаҳои башардӯстона мебошад.
Сарони давлатҳо инчунин доир ба як қатор масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавб мубодилаи афкор намуданд. Пайравии ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои муштарак дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои бонуфузи байналмилалӣ бори дигар тасдиқ карда шуд.
Дар поёни сӯҳбат роҳбарони Ӯзбекистон ва Чин омодагии худро ҷиҳати минбаъд вусъат додани ҳамкориҳои васеъмиёс дар рӯҳи дӯстӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ таъкид карданд.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: