МАҶМӮИ ПАРРАНДАПАРВАРӢ ДАР ҚАРАВУЛБОЗОР

Паррандапарвариро мардум беҳуда яке аз «Ҳафт хазина» нагуфтаанд.

Зеро бобати бо гӯшт ва тухм таъмин намудани аҳолӣ самаранокии ин соҳа нисбат ба чорвопарварӣ волотар аст.
Ба қарибӣ дар маҳаллаи «Навбаҳор»-и ин ноҳияи Қаравулбозор бо мақсади дар ҳудуд афзоиш додани гӯшти парҳезӣ аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Парранда экспорт савдо» маҷмӯи паррандапарварии нав ба фаъолият оғоз кард. Дар ин маҷмӯъ, ки арзишаш ба 700 ҳазор доллари ИМА баробар аст, ҳоло 100 ҳазор мурғи бройлер парвариш карда мешавад. Рӯзҳои наздик дар ин ҷо боз барои 50 ҳазор парранда мурғхонаи нав ба кор сар мекунад. Ҳоло дар корхона 20 нафар бо кор таъмин  шуда, онҳо ҳар моҳ аз 2,5 то 5 миллион сӯм маош мегиранд.
Паррандапарварон ният доранд, ки охири соли оянда саршумори паррандаҳояшонро ба миллион расонанд. Ин имкон медиҳад, ки баробари афзоиши маҳсулот ҷойҳои нави корӣ ҳосил шавад. 

Амрулло АВЕЗОВ, хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро
.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: