ҲИССИ МЕҲРУ ИФТИХОР АЗ ВАТАН

Ба хидмати сарбозӣ даъват шудани ҷавонон дар ин шабонарӯз ба вуқӯъ мепайвандад ва то охири моҳи март давом мекунад.

 Ин анъанаи хос бо баргузории чорабиниҳои гуворо хотирмон мебошад. 


Дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ бо ташаббуси Вазорати дифоъ доир ба «Натиҷаҳои рақамисозии фаъолияти дифоъ ва ҷараёни кор ба хидмати ҳарбӣ» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мушовири вазири дифоъ доир ба масъалаҳои ахбори сиёсӣ – котиби матбуот, полковник Отабек Юлдошев таъкид кард, ки имсол низ дар асоси қарори Президент «Дар бораи ба хидмати фаврии ҳарбӣ даъват кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ба захира фиристондани онҳое, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ муддати хидмати муқарраршударо сипарӣ кардаанд» аз 12 феврали соли 2024, чунин маросимҳо роҳандозӣ мешаванд.
Ба хидмати сарбозӣ даъватшудагон аз фарзандони коргару деҳқон, олиму соҳибкор, муаллиму муҳандис, хидматчии ҳарбӣ ва амсоли онҳо иборатанд. Инчунин сол то сол шароити зисти хидматгарони ҳарбӣ беҳтар мегардад. Дар дили ҷавонон шавқи хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дучанд меафзояд. Ҷасорату мардонагӣ ва намунаи олии ватанпарварии ҳарбиёнро танҳо касе амиқ дарк мекунад, ки бевосита дар машқҳои ҳарбӣ иштирок карда ва онҳоро бо чашми худ дидааст. Адои хидмати ҳарбӣ вазифаи пурифтихоре мебошад, ки ҳар як ҷавонмарди кишварамон онро барои худ шараф медонад. Ин таманноҳо, бешак, дар дили онҳо нисбат ба Ватан ва якпорчагии обу хоки он ҳисси меҳру ифтихор тавлид месозад. 
Дар поёни чорабинӣ  намояндагони Вазорати дифоъ ба саволҳои журналистон ба таври муфассал ҷавоб гардонданд.

Далер АЗИЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: