Ширкати ҳавопаймоии Русия "Победа" ба нақша гирифтааст, ки аз 16 феврали соли 2024 Санкт-Петербург ва Самарқандро бо парвозҳои мунтазам пайваст кунад.
Қарор аст, ки парвози ҳавоӣ дар масири “Санкт-Петербург – Самарқанд – Санкт-Петербург” ҳафтае як маротиба – рӯзҳои ҷумъа бо ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 амалӣ карда шавад.
Бино ба иттилоъи “Uzbekistan Airports”, имрӯз ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро дар хатсайри "Маскав – Самарқанд – Маскав" бомуваффақият анҷом медиҳад.
Барои маълумот: «Победа» як ширкати ҳавопаймоии камхарҷи Русия буда, гурӯҳи корхонаи фаръии «Аэрофлот»-и Русия мебошад, ки қароргоҳаш дар фурудгоҳи "Внуково" (Маскав) ҷойгир аст.