ОҚИБАТ МАНЗИЛИ МО ВОДИИ ХОМӮШОН АСТ

Ҳиммат баланд дор...

Хислату фазилатҳои ҳамидаи инсонӣ зиёданд. Вале дар ин байн шояд  саховатпешагиву ҷавонмардӣ болотар аз ҳама бошад. Зеро шахси дорои ин гуна хислатҳо ҳамеша ҳоҷатбарори мардум асту байни халқ сарбаланду сарфароз. Бузургонамон низ саховатпешагиву ҷавонмардиро ҳамеша ситоиш кардаанд ва аҷру савоби онро беҳисоб донистаанд.
Ман ҳамеша аз он, ки як нафар фарзанди одии деҳаи Дарбанди бостонии ноҳияи Бойсун ҳастам, аз гузаштаву имрӯз ва мардуми сарбаланди он ифтихори беандоза дорам. Вақте ки бо тақозои вазифа ба ҷойҳои дигар сафар мекунам, дар бораи хислатҳои меҳмондӯстӣ, ҳимматбаландӣ, ҷавонмардии халқи худ суханҳои нек шунида курта-курта гӯшт мегирам. 
«Дарбандиён мардуми сарбаланду баоранд, ҳимматбаланду боғуруранд» мешунавам дар ҳар ҷо. Ибораҳои «тӯйи дарбандӣ», «маъракаи дарбандӣ» солҳост, ки ба маънии тӯйу маъракаи обод аз забони мардумони мавзеъҳои дигар бо ҳавас садо медиҳанд. Тамоми шоирон, нависандагон ва ё худ донишмандоне, ки то имрӯз Дарбандро таърифу тавсиф намудаанд, дар бораи меҳмондӯстӣ, ҳимматбаландӣ, саховатпешагӣ ва ҷавонмардии мардуми он низ ҳарф задаанд. Вале, гумон мекунам, ки ин ҳама аз баҳр қатраест. Зеро дар ин хусус чӣ қадар гӯем кам аст. Дар гузашта дар як деҳа мавҷуд будани чандин корвонсарой, кӯпрук, масҷид, осиё ва ғайра аз ҷавонмардӣ ва ҳимматбаландии ин мардум дарак медод. Ман ҳоло дар ин хусуси таърихи гузаштаи деҳа ҳарф заданӣ нестам, зеро ин маълумот дар мақола, рисола ва китобҳои зиёд, аз ҷумла дар асари муаррих Палвон Шоимов «Дарбанд – қадимий макон» зикр шудаанд. Навиштаи ман дар бораи ҷавонмардӣ ва ҳимматбаландиҳоест, ки айни замон ҷавонони дарбандии мусофир баҳри беҳбудии диёр, ободии қабристони Дарбанд ба сомон мерасонанд.
ҚАБРИСТОН АГАР ОБОД – РӮҲИ ГУЗАШТАГОН ШОД!

Баъзеҳо гумон доранд, ки инсон фақат дар зиндагиаш соҳиби қадру қимат аст. Дарбандиён ин хел фикр намекунанд. Онҳо баръакс баъди фавтидани кас бештар ба қадраш мерасанд. Ҳамеша барои шод кардани рӯҳи вай мекӯшанд, ҳатто аз баҳри ҳама чиз гузашта, маъракаҳоро табъи дил мегузаронанд. Ҳаргиз намегузоранд, ки марҳум беқадр шавад. То ҳанӯз нашунидаам, ки баъд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ майити нафаре аз дарбандӣ дар мусофират мадфун шуда бошад. Аз ин ҷост, ки то солҳои наздик барои тамоми дарбандиён як қабристони умумӣ буд. Майитро аз кадом гӯшаву каноре набошад, оварда дар қабристони Дарбанд дафн мекарданд. Ҳоло бошад, ба сабаби зиёд шудани аҳолӣ дар ноҳияҳои Музработу Қумқӯрғон низ қабристони дарбандиён ташкил ёфтааст. 
Қабристоне, ки дар деҳаи Дарбанд ҳаст, шояд дар миқёси ҷумҳурӣ аз калонтарин ва ободтарин мазорот бошад. Масоҳати он зиёда аз 25 гектар аст. Атрофи вай пурра бо девори сангу симон ва панҷараҳои оҳанин иҳота шудааст.
Ин ҷо мехоҳам доир ба баъзе корҳои ободоние, ки дар ҳудуди ин  қабристон то ба имрӯз анҷом ёфтаанд, каме истода гузарам.
Ҳар сол 9 май – Рӯзи Хотира ва қадр баъди зиёрати қабри хешу наздикон мардум назди дарвозаи асосӣ ҷамъ меоянд ва баъди тиловати оятҳои Қуръони маҷид ва дуои мӯйсафедон ҳисоботи масъулони қабристонро шунида, бобати корҳои ободонии минбаъда машварат мекунанд. 
Қабристон ду дарвозаи калон дорад, ки яке аз ҷониби хатмкунандагони соли 1973  соли 1988 ва дигаре аз ҷониби марди саховатпеша, шодравон Шодӣ Сағираев  соли 1990 бо усули шарқона сохта шудаанд. Санги ёдгорӣ ва хотиравии шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватаниро хатмкунандагони соли 1979 соли 1989 бунёд гузоштаанд. Дар даромадгоҳи қабристон назди ду дарвоза ду айвон ва ду хона бунёд ёфтааст, ки якеро хатмкунандагони соли 1978 соли 1988 ва дигарро ҳамон марди сахӣ Шодӣ Сағираев соли 1990 анҷом додаанд. 
Баъди ин корҳои хайр тӯли солиёни зиёд бо маслиҳат ва машварати саркорони деҳа ва дастгирии мардум зиёда аз 1000 метр қубур хобонида, ба дохили қабристон об гузаронида, дарахтони зиёди манзаравии арчаву санавбар шинонида шуданд, ки ҳоло сабзида қад ёзондаанд.
Бо машварати саркорону фаъолон ва розигии мардум қарор карда шуд, ки барои иҳота кардани атрофи қабристон хатмкунандагони ҳар синф дар алоҳидагӣ на камтар аз 50 метр дарозӣ ва зиёда аз як метр баландӣ бо сангу симон девор гирифта, ба ободии қабристон саҳм гузоранд. Ин тадбир самараи хуб дод. Қисми асосии қабристон бо девор иҳота гардид (пештар қабристон саросар бо панҷараи оҳанин иҳота шуда буд). Яке маблағ медоду дигаре бо техникааш хидмат мекард, сеюмӣ дар ҳашар иштирок менамуду чорумӣ дар хона хӯрок пухта ба коркунон медод. Хуллас, дарбандиёне, ки хоҳ дар деҳа зиндагӣ мекарданд ва хоҳ дар Музработу Тирмиз, ҷойи дигар ба ин кори хайр саҳм гузоштанд. Вале ба сабаби васеъ будани масоҳати он кори деворгирӣ пурра ба анҷом нарасид. Чӣ бояд кард, то қабристон пурра бо девор иҳота карда шавад?

БА ҲАР КОРЕ, КИ ҲИММАТ БАСТА ГАРДАД...

Сарриштаи калоба ёфт шуд. Ҷавонони саховатпеша, хайрхоҳ, савобҷӯ ва ҷавонмарди дарбандӣ, ки алъон дар шаҳрҳои Маскав, Владимир, Тула, Санк-Петербург, Новосибирск ва ғайраи Русияи дурдаст кор мекунанд, ташаббус зоҳир карда, ба ин кори хайру савоб даст заданд, барои ба охир расонидани девори қабристон камари ҳиммат бастанд. 
«Дар он ҷое, ки мардум аҳл аст, кор саҳл аст» гуфтаанд бузургон. Телефони мобилӣ беҳтарин воситаи алоқаи байни ҳамдеҳагони мусофир гардид. Гурӯҳи телеграммии «Дарбанд», ки бо ташаббуси ҷавонмарди саховатпеша Мусулмон Сайқонов соли 2019 бо нияти кумак расонидан ба мусофирон таъсис гардида буд, ба ин кори хайр сару бар шуд. Масъулини гурӯҳ ташаббус бардошта, бо навиштаҷоти хаттиву овозӣ ҳамагонро ба ин кори хайр даъват сохтанд. Даъват зуд ҳамовозӣ пайдо кард. Ташаббусро дастгирӣ намуданд. Ҳар нафари мусофир мехост ҳиссагузор бошад. Дар муддати хеле кӯтоҳ маблағи зиёд  ҷамъ шуд. Кор куллан холисона ҷараён дошт. Яъне ҳар нафаре, ки маблағ мегузаронид, баргаи (квитансия)-и онро низ ба гурӯҳ мепартофт. 
Барои бо девор ва панҷараи оҳанин иҳота намудани атрофи қабристон дар худи  деҳа низ гурӯҳи корӣ бо роҳбарии ҷавонмарди саховатпешаи дарбандӣ Шодӣ Шарипов ташкил карда шуд. (Ин шахси хайрхоҳ соли 2009 дар сойи калони Шерхон сари танҳо як кӯпруки калони мустаҳками бетону оҳанин бунёд кардааст. Ӯ чанд нафар устоҳои моҳири деҳа ва берун аз онро ба кор ҷалб намуд. Ин марди шариф, ки худаш ҳам солиёни зиёд дар мусофират кор кардааст, медонад, ки дур аз ватан кор кардан чӣ қадар машаққату азоб дорад. Аз ин рӯ, ҳар як сӯми ҷамъшударо ба маврид харҷ намуда, сангу симон ва дигар масолеҳи сохтмониро ба коркунон расонида дод ва ҳар шаб аз маблағи сарфшуда ва кори басомонрасида ҳисобот медод, онро ба гурӯҳи «Дарбанд» мепартофт. Устоҳои моҳири девор зиёда аз 4 моҳ дар бунёди девори иҳотаи қабристон (800 метр) кор карда, онро бо сифати баланд ва мустаҳкам анҷом доданд. Дар ҷойҳои селгузар низ се дарвозаи оҳанин ва бо шағалу симон 80 метр обрав сохтанд. Устоҳои моҳири пайвандгар аз арматураи панҷараҳои пешинаи қабристон самаранок истифода бурда, 700 метр панҷараи мустаҳками оҳанинро сохта, ранг заданд. Ронандагони дарбандӣ низ ҳиммати баланд нишон доданд. Як гурӯҳ ронандагон зиёда аз 17 миллион сӯм  ёрдами моддӣ расониданд, гурӯҳи дигар бо техникаашон беминнат хидмат намуданд. 
– Ман ба ҳиммати дарбандиён қоилам, – мегӯяд масъули кор Шодӣ Шарипов бо ифтихор. – Аз дасти ҳамдеҳагон ҳама кор меояд. Дар шаҳрҳои Русия ҳам аҳлу тифоқанд, дар ин ҷо ҳам. Бигзор, кулли мусофирон ҳамеша сиҳҳату саломат бошанд. Ёфтаашон фақат барои корҳои хайру нек харҷ гардад. 
Тазаккур бояд дод, ки дар кори хайри ободонии қабристон на танҳо мусофирон,  балки сокинони деҳа ва берун аз он низ саҳм гузоштанд. Аз ҳама гӯшаву канор – Тирмиз, Душанбе, Самарқанд, Тошканд, Музработу Бойсун ҷавонмардони ҳимматбаланди дарбандӣ дасти ёрӣ дароз намуданд. Мардуми муқими Дарбанд ҳам аз саховату ҳиммати фарзандони мусофир  рӯҳбаланд шуда, дар ин кор саҳм гузоштанд. Бо ташфиқ ва тарғиби имоми масҷиди Дарбанд мулло Маъруф Мирзоев ва намояндагони маҳалла тадбиркорону фермерон низ ба ин амали хайр ҷалб карда шуданд. Маҳалла бо 77 метр қубури оҳанини диаметраш 150 мм кумак расонид, ки боиси қадру эъзоз аст. Хуллас, қариб ҳамаи хонадони дарбандӣ дар кори ободонии қабристон саҳм гирифтанд ва дар тӯли 4 моҳ бо навбат ҳар рӯз ду маротиба коркунонро бо хӯроки гарм таъмин намуданд. 
Ҳиммат баланд дор, 
ки мардони рӯзгор,
Аз ҳиммати баланд ба
 ҷое расидаанд.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: