Ҳокими вилояти Навоӣ Нормат Турсунов бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни ислоҳот ва омӯзиши муаммоҳои аҳолӣ ба ноҳияи Нурато ташриф овард.
Ташриф аз зиёрати маҷмӯаи таърихии Чашма оғоз ёфт. Дар ин ҷо ҳоким бо аҳолӣ вохӯрӣ гузаронида, суҳбати самимӣ баргузор намуд. Ҳозирин натиҷаҳои интихоботро хуш пазируфта, сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлатро дар роҳи бунёди Ӯзбекистони Нав хуб арзёбӣ намуданд.
Нормат Турсунов бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмон ба мактаби рақами 27 ташриф овард. Дар назди мактаб бинои нави дуошёнаи иловагӣ барои 220 нафар толибилмон бунёд мегардад. Сохтмони бинои навро ҶММ «Азизбек келажаги сари» ба ӯҳда гирифтааст. Корҳои сохтмон оғоз ёфт.
Ҳокими вилоят бо роҳбарони муассисаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ба маҳаллаи «Каттасой» ташриф фармуда, бо аҳолӣ қабули сайёр баргузор намуд. Аз ҷониби шаҳрвандон беҳтар намудани алоқаҳои мобилӣ, мумфарш намудани роҳҳои мошингард, бунёди бинои нави маҳалла, таъмини банднокии ҷавонон, муаммои оби ошомиданӣ ва таъмини хушсифати энергияи барқӣ, ҷудо намудани замини кишт барин масъалаҳо таклиф гардид.
Роҳбари вилоят ба роҳбарони муассисаҳои соҳа барои иҷро ва бартараф намудани муаммоҳои пешниҳодгардида супоришҳо дод.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.