НАТИҶАҲОИ АМАЛИИ НИЯТҲОИ НЕК

Сафари Президент ба минтақаҳо аз ҷониби мардуми мо ҳамеша гарму ҷӯшон истиқбол карда мешавад.

Ин беҳуда нест, албатта. Охир, ҳар як сафар дар он ҳудуд ба дигаргуниҳо ва бунёдкориҳо роҳ мекушояд. Ногуфта намонад, ки сафари сарвари давлатамон ба Фарғона низ самарабахш шуд, гӯем хато нахоҳем кард. 
Баръало дида мешавад, ки солҳои охир дар вилояти Фарғона дар ҳамаи соҳаҳо натиҷаҳои намоён ба даст оварда мешаванд. Соли гузашта танҳо дар соҳаи хидматрасонӣ 1 611 объект ба маблаги 3,3 триллион сӯм ба кор андохта шуд. Корхонаҳои вилоят ба маблағи 786,4 миллион доллар маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ содир кардаанд.
Дар доираи сафари индафъаинаи Президенти мо ба Фарғона корхонаи нассоҷии кластери «Global textile infinity» дар ноҳияи Қӯштепа ба истифода дода шуд. Дар ин ҷо раванди пурраи парвариш ва коркарди пахта ба роҳ монда шудааст. Ба маблағи 132 миллион евро заводи калон барпо карда шуда, таҷҳизоти заводи «Rieter machine works»-и Швейсария васл карда шуд. Дар ин корхона кариб 3000 нафар шаҳрвандони бекор бо кор таъмин хоҳанд шуд.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Қӯштепа то солҳои наздик ба минтақаи сурх дохил шуда, нишондиҳандаҳои пасти иқтисодӣ дошт ва ҳоло истеҳсоли маҳсулоти саноат дар ноҳия аз 1 триллион сӯм гузашт. Корхонаи бузурги истеҳсолии «Art soft ceramics» дар Қувасойи вилояти Фарғона иқтидори тавлиди ҳудуди 3 миллион метри мураббаъ маснуоти гранити сафолиро дар як сол дорад. Ҳоло дар ин ҷо 350 нафар коргарону мутахассисон кор мекунанд. Азбаски сатҳи маҳаллӣ 100 фоизро ташкил медиҳад, молҳо нисбат ба хориҷӣ хеле арзонтар ба бозор бароварда мешаванд.
Ҳамчунин содироти 35 дарсади онҳо ба Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар назар аст. Ин дар навбати худ барои шаҳри Қувасой, ки як вактҳо бо маснуоти чинии худ шуҳрат дошт, пешомади навро муайян мекунад. 
Умуман, ба кадом ноҳияи вилояти Фарғона равед, шоҳиди рушди ба худ хоси истеҳсолот, ҳунармандӣ, пешрафти саноат ва ё парвариши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, боғдорӣ мегардед. Масалан, Қува бо анори худ ном бароварда бошад,  Олтиариқ бо ангури қанди худ машҳур аст. Дар Марғелони куҳан саноати абрешимӣ тараққӣ кардааст.
Марғелон, ки гавҳари водӣ аст, яке аз шаҳрҳои қадимист. Ҳунармандӣ дар Марғелон аз асри IХ васеъ паҳн шудааст. Марғелон дар таърих ҳамчун шаҳри ҳунармандон низ маъруф буд. Таърихи ин шаҳр низ ба азхуд кардани пиллапарварӣ аз чиниҳо ва паҳн шудани он дар ҷаҳон рабт дорад. Матоъҳои абрешимии дар ин ҷо духташуда на танҳо дар мамлакати мо, балки дар бозорҳои ҷаҳон ҳам баҳои баланд доранд. 
Зимнан, саноати бофандагӣ ва шоҳибофӣ — дастгоҳҳои бофандагӣ низ аввалин бор дар ин шаҳр пайдо шуданд. Дар ин ҷо ягон намуди ҳунаре нест, ки мардуми Марғелон машғул нашуда бошанд. Агар хоҳед, ки ашё ва матоъҳои зебо, нафис ва ба дидатон хосро, ки ҳунармандони Марғелон омода кардаанд, бубинед, растаҳои кӯчаву бозорҳои шаҳрро як ба як давр занед. Он гоҳ даҳҳо адрас, банорасу беқасам, атлас, абрешим, духоба, ки аз рӯи анъанаҳои миллӣ бофта шудаанд, мебинед. Шумо ба эҷодкориву офарандагии халқ тан медиҳед.
Маркази сайёҳии «Корвонсаройи абрешими тиллоӣ»-и Марғелон яке аз иншооти нав аст. Ин маскан дар ба ҷаҳон тарғиб кардани ҳунармандӣ, салоҳияти сайёҳии Ӯзбекистон аҳамияти муҳим дорад.  Дар ошёнаи якуми маҷмаа ҳуҷраҳои ҳунарҳои мардумӣ аз қабили қолинбофӣ, гулдӯзӣ, мисгарӣ мавҷуданд. Президент аз ин маркази сайёҳӣ дидан карда, ба кори ҳунармандони мо баҳои баланд дод. Фарғонагиҳо имрӯзхо бо мақсади бузург ва нияти нек меҳнат мекунанд. Вазифаҳое, ки сарвари давлат дар ҷараёни сафар ба миён гузоштааст, дарҳои имкониятҳои навро боз менамояд, сармоя ворид месозад, ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳад ва сатҳи зиндагии мардумро боло мебарад. 

Дилбар МАМАҶОНОВА, 
депутати Палатаи қонунгузории 
Олий Маҷлис, узви фраксияи Ҳизби ХДӮ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: