БА МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ IT ТАЛАБҲОИ НАВ ГУЗОШТА МЕШАВАНД

Имрӯз ҳеҷ як ҷанбаи ҳаёти моро бе технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ тасаввур кардан мумкин нест.

Пешравӣ, рушд, навоварӣ ва самаранокӣ бо хидмати IT робитаи ногусастанӣ доранд.
Дар ҷаласаи видеоселекторӣ, ки вобаста ба масъалаҳои суръат бахшидан ба раванди рақамикунонӣ дар соҳаҳо ва минтақаҳо таҳти раёсати Президент  22 феврал баргузор шуд, ҳамчунин зикр гардид, ки дар оянда содироти хадамоти IT ба 1 миллиард доллар расонида мешавад, ки барои он на камтар аз 100 000 нафар барномасоз, меъмор, оператор ва муҳандисони соҳибихтисоси  IT лозиманд.
Пас, барои тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос, ки дар пешрафти ин соҳа саҳми арзанда гузоранд, чӣ бояд кард? Дар ин бора муовини вазири технологияҳои рақамӣ Рустам КАРИМҶОНОВ маълумоти муфассал дод.
–  Президентамон дар ҷаласаи видеоселекторӣ оид ба рушди рақамигардонӣ дар Ӯзбекистон бобати дигаргуниҳои бузург ва  фароҳам овардани имкониятҳои нав дар соҳа як қатор пешниҳодҳо дод, – мегӯяд Рустам Каримҷонов. — Масъалаи барои он ки ҷавонону донишҷӯёни мо соҳаро мукаммал азхуд намуда, ба комёбиҳо ноил гарданд, ба чӣ бояд диққат дод, вазифаи таъхирнопазири мо ба ҳисоб меравад. Дар айни ҳол дар 4 муассисаи таълими  олии асосии ба IT  ихтисосонидашуда тақрибан 30 000 донишҷӯ таҳсил мекунанд.
Ба ғайр аз ин, дар 44 муассисаи дигари таълими олӣ самти IT кушода шуда, дар кишварамон ҷамъ қариб  50 ҳазор талаба дар ин соҳа таҳсил мегирад.
Дар соли 2023 – «Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат» мо нақша дорем, ки нисбат ба хатмкунандагони ин соҳа талаботи нави касбӣ гузошта шавад. Аз курси 3-4-ум бояд корҳои амалӣ роҳандозӣ карда шавад, ҷавонон пас аз хатми донишгоҳ ҳади ақалл забони англисиро донанд, шаҳодатномаи дахлдор дошта бошанд ва тавони офаридан сомонаҳо дошта бошанд. Чунин талабот барои баланд бардоштани сифати таҳсил дар мактабҳои олӣ такони калон хоҳад шуд.
Баъдӣ, самти таълими хусусии IT аст. Дар мамлакати мо шумораи марказҳои таълимии соҳа рӯз то рӯз зиёд мешавад. Айни замон зиёда аз 200 марказҳои таълимӣ ба IT тахассус доранд. Дар ҷаласаи видеоселекторӣ сарвари давлат дастур дод, ки механизми нави дастгирии омодасозии кадрҳои босифат аз ҷониби марказҳои таълимӣ ҷорӣ карда шавад.
Агар марказҳои таълимӣ ё муассисаҳои таълимӣ кадрҳои баландсифат тайёр кунанд ва ин кадрҳо ба ширкати байналмилалии IT дохил шуда, 6 моҳ кор кунанд, ба марказҳои таълим то 25 миллион сӯм ҷубронпулӣ, барои ҳар як мутахассиси имконияташ маҳдуди ба кор қабулшуда – то 35 миллион сӯм ҷудо карда мешавад.
Агар чунин корҳо роҳандозӣ шаванд, сатҳи таълими технологияҳои иттилоотӣ дар марказҳои таълимӣ бамаротиб боло хоҳад рафт.

Суҳбатнигор 
Нигора РАҲМОНОВА, 
мухбири ӮзА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: