БЕПАРАСТОРОН ДАР ҲИМОЯИ ДАВЛАТ

Зиндагӣ роҳи равон надорад.

Қонунҳои нонавиштае дорад он. Гоҳо чун Офтоб медурахшаду  гоҳе чун шаби торик ба дилҳо соя афканад. Гоҳо орзую умеди некро ба яғмо мебарад. Гоҳи дигар дилҳоро ғаму андӯҳ фаро мегирад. Кӯдакону наврасон ҳам аз ин ҷараёни дилхарош дар канор нестанд. Ва дар ҳаёт ятимон дучор меоянд.
Марг қонуни ҳаёт аст. Синну сол намепурсад.  Аламовар аст, дар ҷомеа ба зиндаятимон низ дучор мешавем. Фарзанд аз меҳр ва дидори модар ва ё падари худ маҳрум. Меҳре, ки дар дунё чун падару модар касе ба фарзанд дода наметавонад. Ин тоифа ятимон зимни вайроншавии оила пайдо мешаванд. Дар ҳоле, ки оилае ба нохун зор аст, тоифае нодиртарин неъмати инсоният, идомаи авлод – фарзандро ятим мегузоранд.
Дар ҳисоботи оморӣ ду гурӯҳи ятимонро ба қайд мегиранд, ки:  аз падар ва ё модар маҳрум шудааст ва дигарӣ ҳам аз падару ҳам аз модар маҳрум гардидааст. Инсон, инсон аст. То даме, ки дар ин дунё ҳаёт дорад, ҳамеша бо орзую ҳавас зиндагӣ мекунад. Ятимон ҳам аз ин ҷараён дар канор нестанд. Ҳар якеи онҳо садҳо орзую ҳавас дорад дар дил. Онҳо ҳам мехоҳанд зиндагии фаровон дошта бошанд ва дар ҷомеа аз худ нақши мондагор гузоранд. 
Кишвари мо давлати адолатпешаву инсонпарвар аст. Ин тоифа кӯдакону ҷавонон дар маҳалла, муассисаҳои таълими томактабиву мактабҳои таҳсилоти умумӣ ҳамеша ба қайд гирифта мешаванд   Ва аз ҷониби давлат ва муассисаҳои гуногун мунтазам рағбатнок ва ҳимоя карда мешаванд.
Чанд рӯз муқаддам дар деҳаи сайёҳии овозадори Синтаб будам. Ҷойҳои таърихии ин мавзеъро зиёрат мекардем. Автобусе омад пур аз кӯдакон. Аз автобус як гурӯҳ наврасон фуруд омаданд. Онҳоро Обида Саидқулова роҳбаладӣ мекард. Раиси маҳаллаи «Синтаб» Мурод Мирзоев пазироӣ намуд. Обидаро хуб мешинохтам. Ӯ дар шӯъбаи таълими халқи ноҳияи Нурато адои вазифа менамуд.  Ҷамоаҳои ҳар як мактаби ноҳияро хуб мешинохт. Вазъияти ҳар як мактабро хуб медонист. Пас аз ҳолпурсӣ тағйири вазифа кардани худро иброз дошт Обида. Алъон чун сармутахассиси шӯъбаи кор бо масоили  кӯдакони назди ҳокимияти ноҳия фаъолият доштааст.
– Ҳоло дар ноҳия беш аз 370 нафар ним ятимон ва 10 нафар соф ятимон буду бош доранд. Аксарияти онҳо маснуб ба оилаҳои камдаромад, ба ҳимояи иҷтимоӣ мӯҳтоҷ мебошанд. Мунтазам аз ҷониби давлат ва муассисаву ташкилотҳо кумаки иҷтимоӣ расонида мешавад. Ба кӯдакони зиндаятим баробари кумаки иҷтимоӣ,  ҳуқуқи қонунии онҳо ҳимоя карда мешавад, – гуфт Саидқулова.
– Соли равон бо ташаббуси раиси комиссия, ҳокими ноҳия Азамат Файзиев 30 нафар наврасон аз ёдгориҳои таърихии Самарқанд дидан карданд. Бо як таассуроти баланд ба зодгоҳ баргаштанд. Ҳолати рӯҳии онҳоро бояд бо замон ҳамрадиф ташаккул дод. Набояд худро аз дигарон кам гиранд ва ё аз дигарон кам эҳсос намоянд. Бинобар ин ба онҳо аз ҷониби давлат мунтазам парасторӣ карда мешаванд. Ҳар як нафари онҳо созандаву бунёдкор ба камол расанд.
– Инак мебинед, ки мо бо як гурӯҳи 35-нафара ба Синтоб омадем. Мо аз Мурод Мирзоев миннатдорем, моро хуб пазироӣ намуд. Мардуми саховатманд доштааст Синтоб. Омадани аъзоёни гурӯҳи моро шунида, яке бо нони гарму ҷурғот, дигаре бо себу зардолу ва бо меваҳои гуногун меҳмондорӣ намуданд, – мегӯяд Обида.
Албатта, пас аз чунин сафарҳо рӯҳи наврасон болидаву ба ояндаи дурахшон эътимод ҳосил мекунанд. Аз давлат ва халқи худ ифтихор мекунанд, пайи саҳмгирӣ дар рушди он саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд.   

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: