«МАН ШОГИРДИ НА ҲАМА УСТОД ҲАСТАМ...»

Ман ҳоло донишҷӯям.

Ман ҳоло донишҷӯям. Дар Донишгоҳи забон ва адабиёти ӯзбек ба номи Алишери Навоӣ таҳсил мекунам. Яке аз манбаъҳое, ки ман тарзи навиштани хабару мақоларо меомӯзам, рӯзномаи “Овози тоҷик” аст. Минбари дигари банда шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” мебошад.
Ман ба ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ менависам, зеро боз дӯстоне низ дорам, ки ӯзбектабор мебошанд. Яке аз мақсадҳоям мустаҳкам кардани риштаҳои дӯстии миёни ду халқи бародар  мебошад.
Фикр мекунам, ки ҳар кас бояд орзуи бузург шуданро дар сар дошта бошад, яъне инсони комил шаваду ба халқу Ватан хидмат намояд. Ман дар замири худ ҳамин  хислату фазилатро ҳамеша такмил медиҳам.
Чизи дигаре, ки мехоҳам зикр кунам – ҳар кас шогирди касе аст. 
Ман талош мекунам, ки аз ҳар каси бароям шиносу ботаҷриба чизе биомӯзам. Рӯзе фикре аз ёдам гузашт: дар сафи дӯстони фейсбукиям сӯхиён зиёд нестанд. Қарор кардам, ки аз тариқи саҳифае ба ҳамаи сӯхиёне, ки дар ин шабака саҳифа кушодаанд, дархости дӯстӣ фиристам. Ҳоло теъдоди онҳо рӯ ба афзоиш овардааст. 
Дар навиштани хабару мақолаҳо бештар ба «Овози тоҷик» муроҷиат мекунам. Вақте ки шеър машқ мекунам, мехоҳам дӯстонам низ ин шеърҳоямро хонанду фикру мулоҳизаҳои худро нисбати банду баст ва муҳтавояш баён созанд. 
Дар ин рӯзҳои карантин мисли донишҷӯёни дигар ба зодгоҳам – Сӯх омадам. Дар ин ҷо бо дӯсти рамзиам – Субҳонҷон Маҳмудов вохӯрдам. Домулло Субҳонҷон бисёр инсони шариф ва ман он касро ба худ ба ҳайси устод пазируфтам. Дар ин асно як суҳбат ба ёдам расид:
Аз як шоири муосир пурсидаанд:
– Чаро Навоиро устод мегӯед?
Шоир ҷавоб додааст:
– Чунки Навоӣ устодам аст.
Боз пурсидаанд: 
– Устодонатон зиёданд?
Шоир посух додааст: 
– Устодон  зиёданд, вале касоне, ки ман шогирди эшон ҳастам, хеле каманд.
Субҳонҷон Маҳмудов зимни суҳбату мулоқотҳоямон бароям  дар бораи иштирокаш дар олимпиадаҳои фаннӣ, хотираҳои солҳои донишҷӯӣ, ҳамчунин бузургони адабиёт фикрҳои муфиде гуфт. Дарёфтам, ки омӯзиш бояд муттасил давом кунад ва бидуни омӯхтан ҳеч кас ба қуллаи мурод намерасад.
Он рӯзе, ки домулло Субҳонҷон ба олимпиада рафта буд, ба  он ҷо (шояд, Самарқанд буд) устоди шодравон Лоиқ Шералӣ меҳмон шудааст. Устод Лоиқ бо иштирокчиёни олимпиада, аз ҷумла Субҳонҷон Маҳмудов  ва дар айни ҳол доктори улуми филологӣ Олимҷон Давлатов суҳбати гарм мекунад. Навқаламон аз эҷодашон шеърҳо мехонанд, устод Лоиқ бошад, малол накарда ба ҳар яки онҳо гӯш кардаву маслиҳатҳо медиҳад. Вақте Субҳонҷон Маҳмудов шеър мехонад, як сатри ҷолибе эътибори устодро ба худ мекашад:
«Оҳу фарёд мекунад». Ин ҳамон ҷумла буд, ки устод такрор мекунаду ба  Субҳони он вақт ҷавон  чунин мегуяд:
– Субҳонҷон, ҳамин ҷо агар «Оҳу фарёд мекунад» неву «Оҳу афғон мекунад» гӯем, чӣ тур мешавад, чунки калимаи фарёд сакта ба вуҷуд овардааст, дар истифодаи вожаи афғон бошад, ягон мушкил пайдо нахоҳад шуд.
Вақте ки домулло Субҳон ин воқеаро ба ман нақл кард, хаёлан ман дар парвоз будам.
Оё ҳар кас ҳам устод шуда метавонад? Бале, агар ӯ донову ботадбир ва нисбат ба дигарон эҳтиром дошта бошад. Ба устодон шогирди муносиб шудан низ кори сода нест. Нафақат аз он кас илму савод омӯхтан лозим, балки адабу тарбияи ӯро низ гирифтан ба мақсад мувофиқ мебошад.
Ин матлабро, ки  менавиштам, мақоле ба ёдам расид: “олим шудан осон, одам шудан мушкил”. 

Шоҳрӯз МӮЪМИНҶОНОВ,
донишҷӯ.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: