Аз ҳаёти бонувони рӯзноманигор

ИЛҲОМ

Яке аз машъалафрӯзони маорифи халқи ноҳияи Самарқанд, муаллима Сарвинисо Нарзуллоева ба кори идораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» омад. Ӯ дар кабинети мухбирон Дилбар Нозимӣ ва Дилафрӯз Облоқулова ҷой гирифт. Рӯзи аввал шикоят кард, ки кабинети корӣ хеле гарм аст. Бар замми ин, вай либоси ғафс дар бар дошт.
– Муаллима, эҷод чӣ тавр? – суол кард котиби масъули рӯзнома, нависандаи ҳаҷвнигор Бахтиёри Ҷумъа.
– Эҳ напурсед, – ба худ шамол дода ҷавоб дод Сарвинисо Нарзуллоева. – Дилам беҳол шуд. Гумон кардам, ки кабинетҳо хунук. Пагоҳ, албатта, эҷод мекунам. 
– Агар хоҳед, бароятон кабинети алоҳида медиҳем?
– Не, раҳмат, ҳамин ҷо нағз!
– Имрӯз ягон мақола медиҳед? – рӯзи дуюм пурсид Бахтиёри Ҷумъа.
– Чизи менавиштагӣ бисёр, аммо илҳом намеояд, – гуфт муаллима.
Бахтиёри Ҷумъа пас аз чанд муддат барои муаллима як қадаҳ қаҳва овард.
– Муаллим, ҳамроҳи қаҳваи гарм шоколад бошад, зӯр мешуд-дия, – гуфт Сарвинисо Наpзуллоева.
Бахтиёри Ҷумъа чизе нагуфта, ба кабинеташ рафт ва дар даст бо шоколад баргашт.
– Мана, барои шумо шоколад, акнун нависед!
– Муаллим, ин шоколади майдаро чӣ хел ба се тақсим кунам? Ин ҷо мо се нафар.
– Ҳозир! – гӯён муаллим ин дафъа бо як бонка мураббои лимонӣ баргашт.
Баъд барои ҷӯш задани чашмаи илҳомаш дар компутер сурудҳои Ҷӯрабек Муродовро гузошт.
Рӯзи сеюм Сарвинисо Нарзуллоева рост ба кабинети устод Бахтиёри Ҷумъа ворид шуд.
– Ҳа, муаллима, ягон хабар навиштед? - пурсид Бахтиёри Ҷумъа.
– Барои шикоят омадам! Қаҳваю шоколад фишори хунамро баланд кард. Мураббо хеле бомазза будааст, аз он бисёртар хӯрдам. Сарам чарх зада, дилам беҳузур шуд. Ба хона рафта, бемор шудам. Базӯр ба худ омадам. 
– Ие, – ҳайрон шуд Бахтиёри Ҷумъа. – Агар касе ба ман чунин шароит фароҳам орад, роман менавиштам.

ҲУНАР

Рӯзноманигорон пеш аз навиштани мақола дар бораи соҳибони касбу кори гуногун маълумот ҷамъ мекунанд. Инчунин, аз ҳамсуҳбаташон  ягон чизро меомӯзанд. Масалан, духтарони идора дар натиҷаи суҳбат бо ҳунармандон зардӯзӣ, гулдӯзӣ, пардадӯзӣ, тайёр кардани хӯриш, пухтани ҳалисаву суманакро низ омӯхтанд. Чанде пеш мухбири рӯзнома Дилдора Ҳалимӣ бо як нафар бофанда суҳбат орост. Ӯ хост, ин ҳунарро низ омӯзад. Барои худ ресмон ва кашак харид. Чанд бор машқ карда, аз байни ҳалқа гузаронидани ресмонро омӯхт. Акнун бо шавқ бофтанӣ буд, ки ангуштарини дасташ халал расонд. Вай ангуштаринро аз ангушташ гирифта, сӯе гузошт. Ду рӯз бо бофтани нимостина машғул шуда, корашро ба поён расонд. Сипас, ба ёдаш омад, ки ангуштарин нест. Ҳарчанд ҷустуҷӯ кард наёфт.
– Хайр, садқаи сарам! – худро тасалло дода гуфт Дилдора. – Ҳунар давлати поянда ва чашмаи зоянда аст, гуфтаанд.

ХАТО КАНӢ?
Дар ҷамъомади навбатӣ сармуҳаррири рӯзнома ходимони эҷодиро ба фаъолӣ даъват намуд:
– Аз сабаби набудани мавод барои саҳифаи аввал се мақолаи Дилбар Нозимиро, ки ба занҳо дахлдор аст, ҷой додем. Инчунин, бояд бодиққат бошем, ки хато нагузарад. Раҳмат ба саҳифабанд Сироҷ Раҷабов, забони рӯзномаро надонанд ҳам, баъзан хаторо ислоҳ мекунанд.
Ҳангоми хӯроки пешин Сарвинисо Нарзуллоева, ки нав ба кори идораи рӯзнома омада буд, ба Дилбар Нозимӣ рӯ овард:
– Кори хуб нашуд, ки дар саҳифаи аввал се мақолаатонро чоп кардед. Хайр, хафа нашавед. Минбаъд ба ин саҳифа мақола нанависед. Бигузор, дигарҳо нависанд. 
Ҳангоми бозгашт аз ошхона бо саҳифабанд Сироҷ Раҷабов вохӯрд. 
– Сироҷ Раҷабов! – бо хашм ба Сироҷ Раҷабов рӯ овард Сарвинисо Нарзуллоева. – Шумо кори кардаатонро медонед?
– Ман чӣ кардам? – ҳайрон шуд Сироҷака.
– Хайр, муаллима, рафтем, – муаллимаро ором карданд духтарон.
Онҳо роҳашонро давом доданд. Сарвинисо Нарзуллоева ба қафо нигариста, бо дастонаш таҳдидомез ба Сироҷ Раҷабов ишора карда гуфт:
– Баъд бо шумо гапзанон мекунам!
– Сироҷака ба шумо чӣ бадӣ карданд? - пурсиданд духтарон.
– Газетаро хато чоп мекардагӣ магар ҳамин кас нестанд? – бо ҳайрат пурсид муаллима.
– Не, ин кас аз рӯйи тарҳи пешакӣ саҳифа мебанданд ва хатоҳои аз ҷониби муҳаррири навбатдор нишондодаро ислоҳ мекунанд. Барои хушсифат ва зебо баромадани газета саҳмашон калон.
Ба кабинет омада, Сарвинисо Нарзуллоева рӯзномаи навбатиро ба даст гирифт ва ба Дилбар рӯ овард:
– Канӣ, дар кадом саҳифа хато гузаштааст, ман ҳамон ҷояшро хонам?
– Рӯзнома бехато баромад.
– Хато набошад, барои чӣ ин қадар сармуҳаррир оташин шуданду ман асабамро вайрон кардам?! 

Дилрабо НАСИМӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: