ИҚТИДОРИ САЙЁҲИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ФРАНКФУРТИ ЛАБИ МАЙН МУАРРИФӢ ШУД

Дар шаҳри Франкфурти лаби Майни Олмон бахшида ба иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон шабнишинии муаррифӣ баргузор гардид.

Чорабиниро консулгарии генералии кишвари мо дар шаҳри Франкфурти лаби Майн ва Бюрои хидматии ҳайати дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон якҷо бо ширкатҳои сайёҳии «SAMO Travel» (Ӯзбекистон) ва «Nima GmbH» (Олмон) созмон доданд.
Дар тадбир бештар аз 20 ширкати пешоҳанги сайёҳии Олмон, ҳамчунин намояндагони доираҳои корчаллон ва ҷамъиятӣ, журналистон, арбобони маданият ва санъат иштирок карданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ роҳбари ширкати «Nima GmbH» Далия Алтунтепе ва мушовири «SAMO Travel» Тулқин Одилов дар бораи шаҳрҳои қадима ва зиёратгоҳҳои меъморӣ бо намоиши наворҳои видеоии оид ба мавзӯъ маълумот доданд. Ҳамчунин хидматҳо ва инфрасохтори замонавии сайёҳии Ӯзбекистон муаррифӣ карда шуд.
Иштирокдорон дар бораи такмил ёфтани сектори сайёҳии Ӯзбекистон дар пояи меъёрҳои байналхалқӣ, бозсозии пойгоҳи меъёриву ҳуқуқӣ барои рушди устувори соҳа, ҳамчунин мероси ғановатманди таърихиву мадании кишвари мо, ки онро аз самтҳои ҷолиби сайёҳии ҷаҳон гардонидааст, маълумоти муфассал гирифтанд.
Консули генералӣ Олимҷон Абдуллоев ба иштирокдорон доир ба имкониятҳои васеи сайёҳии гастрономӣ, зиёратӣ, миллӣ ва фарҳангӣ дар кишвари мо маълумот пешниҳод намуд.
Якҷо бо ширкатҳои сайёҳии Олмон бобати коркарди барномаҳои нави сайёҳӣ бо шарикони ӯзбекистонӣ муоҳидаҳо ба имзо расиданд. Барои баргузор кардани бозорҳои муштараки соҳавӣ, муаррифӣ ва шабнишиниҳои оид ба мавзӯъ тайи соли 2024-ум нақшаҳои мушаххас муайян гардиданд.
Боиси таъкид аст, ки чорабинии мазкур дар толори конфронсҳои меҳмонхонаи «Anor» баргузор шуд, ки дар он гӯшаи миллии Ӯзбекистон роҳандозӣ гардида буд. Дар тадбир ҳамчунин таомҳои миллии Ӯзбекистон, аз ҷумла палав пешниҳод карда шуд.
Бояд таъкид намуд, ки чунин тадбир якҷо бо роҳбарияти ҷамъияти дӯстии олмониву ӯзбекистонӣ «Бонн – Бухоро» Колин Дюркоп ва Оксана Тен дар шаҳри Бонн замини федералии Рейн-Вестфали шимолӣ низ ташкил гардид. Дар ҷараёни ин тадбир аъзои ҷамъияти мазкур, ҳамчунин дӯстдорони маданияти Шарқ дар Олмон ширкат ҷустанд.
Дипломатҳои ӯзбекистонӣ оид ба иқтидори сайёҳии кишвари мо сухан ронда, меҳмононро бо имкониятҳои васеъ, ки саноати сайёҳии кунунӣ дар Ӯзбекистон пешниҳод менамояд, шинос карданд. Ба эътибори ҳозирон маводи видеоӣ дар бораи марказҳои таърихӣ ва шаҳрҳои қадимии кишвари мо пешниҳод карда шуд.
Бинобар ҷамъбасти чорабинӣ бобати ба роҳ мондани сафари сайёҳии гурӯҳӣ ба Ӯзбекистон барои шаҳрвандони олмонӣ моҳҳои апрел ва сентябри соли равон муоҳида ба имзо расид.

АИ «Дунё»,
шаҳри Франкфурти лаби Майн.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: