МО ХАЛҚҲОИ ДУЗАБОНАИ МАДАНИЯТ, СУННАТ ВА АНЪАНАҲОЯШОН ЯГОНА ҲАСТЕМ

Воқеан халқҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро натанҳо дӯстии бисёрасрина ва ҳамсоягии нек, дини ягона, маданият, урфу одат ва анъанаҳои муштарак, балки ҳамкориҳое, ки барои ояндаи умумӣ ва тараққиёти мустақим амалӣ мешаванд, пайванд месозанд.

Воқеан халқҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро натанҳо дӯстии бисёрасрина ва ҳамсоягии нек, дини ягона, маданият, урфу одат ва анъанаҳои муштарак, балки ҳамкориҳое, ки барои ояндаи умумӣ ва тараққиёти мустақим амалӣ мешаванд, пайванд месозанд.Туфайли иродаи сиёсии роҳбари давлати мо алоқаҳои серҷанбаи ҳамкорӣ, робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва маданиву башардӯстона бо Тоҷикистон мустаҳкам гардиданд. Тавре ки муаллиф таъкид менамояд, яхи муносибатҳои тарафайн об шуд.
Сафари давлатии дорои аҳамияти таърихии роҳбари давлати мо Шавкат Мирзиёев ба ин мамлакат, ташрифи нахустини давлатии роҳбари Тоҷикистон ба Ӯзбекистон, муносибатҳои ошкоро, эътимоди тарафайн ва дӯстонаи онҳо барои аз нав барқарор шудани муносибатҳои азалии байни халқҳоямон аҳамияти муҳим касб карданд. Бидуни шубҳа, дигаргуниҳои азими мусбате, ки дар муносибатҳои байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба даст омаданд, боиси мустаҳкам гардидани дӯстии байни халқҳоямон мегарданд. Кайфияти одамоне, ки солҳои дуру дароз бо хешу ақрабо, дӯстону наздикони худ имкони вохӯрӣ надоштанд, низ дигаргун шуд.
Инкишоф додани муносибатҳои дӯстона бо кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, ки бо мо аз як дарё об нӯшида, хешу ақрабо шудаанд ва воқеан мардуми чун чашму абрӯ қарин мебошанд, яке аз самтҳои устувори сиёсати хориҷии Ӯзбекистон ба шумор меравад. Ба шарофати ин самти устувор муносибатҳои байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз нав барқарор шуданд. Мавқеи сиёсати минтақавии Ӯзбекистон боиси дар ҷомеаи байналхалқӣ афзудани обрӯ ва эътибори он мегардад.
Сиёсати хориҷии Ӯзбекистони навбунёд нисбат ба Осиёи Марказӣ, ки ҳамчун омили асосӣ пазируфта мешавад, дар доираи робитаҳои дипломатӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва маданӣ барои рушду пешрафти соҳаҳои асосӣ, аз ҷумла ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёту коммуникатсия, энергетика ва ғайра, бинобар ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ созмон додани Комиссияи байниҳукуматӣ боиси боз гардидани нуқтаҳои гузаргоҳии сарҳадӣ, ба роҳ монда шудани рафтуои нақлиётии байни кишварҳо шуданд.
Баробари ин робитаҳо дар байни минтақаҳо низ инкишоф меёбанд. Мубодилаи ҳайатҳо дар байни вилоятҳои ду мамлакат, алоқаҳои илмӣ, баргузор гардидани анҷуманҳои тиҷоратии байниминтақавӣ ва намоишгоҳҳо аз ин шаҳодат медиҳанд. Аз ҷумла, дар байни вилоятҳои Сурхондарё ва Хатлон, вилояти Самарқанд ва вилояти Суғд бинобар ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва маданиву инсонпарварӣ муоҳидаҳо ба имзо расиданд, ки ба инкишоф ёфтани алоқаҳои байниминтақавӣ роҳ кушоданд. Тоҷикистону Ӯзбекистон барои ба роҳ мондани муносибатҳои шарикии стратегӣ, эҳтироми тарафайн, робитаҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек саъю кӯшиш менамоянд.
Воқеан, тавре ки роҳбари давлати мо таъкид мекунад, «халқҳои ӯзбек ва тоҷик ду шохи як дарахт, ду шохобаи як дарё мебошанд. Дини муқаддаси мо, замину обамон ягона аст. Шодиву ташвиш, қисматҳоямон муштарак мебошанд. Мо бояд анъанаҳои неки гузаштагонамонро идома дода, барои мустаҳкам шудани дӯсти халқҳоямон ва ҳифз намудани он кӯшиш намоем». Бояд эътироф намуд, ки муносибатҳои байни халқҳоямон дар сатҳи сиёсати давлатӣ тақрибан бозмонда буданд. Баробари мунтазам идома ёфтани вохӯриҳо, мубодилаи афкори мунтазами байни роҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ беш аз пеш мустаҳкам мешаванд.
Дар байни халқи мо мақоли «Дӯст дар кулфат шинохта мешавад» маъруф аст. Муаллиф дар мақолаи худ ба воқеияти имрӯз, яъне дар тамоми ҷаҳон паҳн шудани пандемияи коронавирус ва дар қатори  кишварҳои дунё аз санҷиши ҷиддӣ гузаштани халқҳои мо эътибор дода, аз ҷумла менависад, ки дар тӯли се моҳи гузашта ба Тоҷикистон аз Ӯзбекистон нисбат ба давлатҳои дигар бештар кӯмакҳои башардӯстона расидаанд, дар таркиби онҳо маҳсулотҳои хӯрокворӣ, ҳамчунин, 144 адад контейнерҳои зудамали тиббӣ ба сифати кӯмаки беғаразона тақдим гардиданд, як гурӯҳ шифокорони дараҷаи олии Ӯзбекистон барои мубориза бар муқобили коронавирус ба Тоҷикистон фиристода шуданд, ки намунаи олии нафақат сиёсати хориҷии ин кишвар, балки ифодаи кушодадиливу бародарии халқи мо ба шумор меравад. Дар навбати худ ҷониби Тоҷикистон низ ба офати табиии обанбори Сардоба бефарқ наистода, ба сифати кӯмак дар 51 вагон маводи сохтмон равона кард.
Ман низ чун ҳамкасби тоҷикистонии худ иқтисоддон ҳастам, вале муҳтавои ин кӯмакҳои тарафайнро дар ин ҳикмати дорои фалсафаи бузурги намояндаи забардасти адабиёти Шарқ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мушоҳида кардам:
Як гули мақсуд дар ин бӯстон,
Чида нашуд бе мадади дӯстон.
Ба сифати хулоса мехоҳам таъкид намоям, ки ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ дорои хусусиятҳои хос ва устувори худ мебошад, минтақаи мазкурро бидуни ин ба тарзи ягона ва воҳид наметавон тасаввур кард. Аз захираҳои углеводород сарватманд будани Ӯзбекистон, васеъ инкишоф ёфтани соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, хӯрокворӣ, саноати сабук, мошинсозӣ, электротехника, ҳамчунин имкониятҳои мусоиди нақлиёту коммуникатсионии кишвари мо, салоҳияти хуби гидроэнергетикӣ, имкониятҳои зиёди рушди саноати сохтмон барин нишондиҳандаҳои Тоҷикистон аз ояндаи неки ҳамкориҳои тарафайни байни мамлакатҳоямон шаҳодат медиҳанд.

Абдуқодир ТОШҚУЛОВ,
ректори Донишгоҳи давлатии Тирмиз, сенатор. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: