«ОЛИМПИАДАИ ПАНҶ ТАШАББУС» ОҒОЗ ШУД

Бо ташаббуси Сарвари давлатамон Ш.Мирзиёев шурӯъ аз соли 2022-юм ин ҷониб ҳар сол миёни ҷавонони кишварамон «Олимпиадаи панҷ ташаббус» баргузор мешавад, ки дар ин мусобиқаҳои варзишиву интеллектуалӣ ҷавонони аз 14 то 30-сола иштирок карда меояд.

Соли ҷорӣ низ бо ташаббуси Агентии кор бо ҷавонон ва Вазорати варзиши ҷумҳурӣ мавсими навбатии «Олимпиадаи панҷ ташаббус» аз 1-марти соли ҷорӣ оғоз гардид. Дар доираи мавсими имсолинаи олимпиада 26 намуд, аз ҷумла 13 намуди мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили футбол, минифутбол, варзиши сабук, воркаут, тенниси рӯйи миз, армрестлинг ва ғайра бошанд, 13 намуди дигар, мусобиқаҳои интеллектуалӣ, китобхонӣ ва касбу ҳунар маҳсуб меёбанд. Боиси қайд аст, ки дар мусобиқаҳои мазкури варзишӣ ва интеллектуалӣ, китобхонӣ ва касбу ҳунар роҳандозӣ мегарданд, ҷавонони маҳалла бо баробари нишон додани  ҳунари худ дар маҳалла, сектор, ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ нуфузи маҳаллаи худро боло бардошта, бо туҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз мегарданд. 
 – Аз эълон гардидан ва баргузории намуди мусобиқаҳои варзишӣ ва интеллектуалӣ, китобхонӣ ва ё касбу ҳунар, ки дар мавсими соли ҷории «Олимпиадаи панҷ ташаббус» мо ҳамроҳи сарвари ҷавонони 44 маҳаллаи ноҳияамон корҳои тарғиботӣ, фаҳмондадиҳӣ ва аз рӯйхат гузаронидани иштирокчиёни он тариқи сомони 5tashabbus.uz, ки аз ҷониби Агентии кор бо ҷавонон ва Вазорати варзиш пешбинӣ шудааст, оғоз кардем, – мегӯяд мутахассиси соҳаи панҷ ташаббуси шуъбаи Агентии кор бо ҷавонони ноҳияи Бӯка Бекмурод Абдулазизов. – Олимпиадаи мазкур барои ҷавонони бӯкагӣ бегона нест. Онҳо дар миқёси ҷумҳурӣ ҳунари худро нишон додаанд ва мекӯшанд номи ноҳияро ҳамеша баланд бардоранд. Масалан, дар мавсими соли 2022-юми олимпиада ҷамоаи футболи «Дӯстлик»-и ноҳия ҷойи аввалро забт карда бошад, дар мавсими соли 2023 ҷамоаи «Янги ҳаёти»-и ноҳия дар минифутбол барои ҷоми раиси ХАД ҷойи дуюм, ҷамоаи духтарони маҳаллаи «Мирзобек» доир ба намуди стритболи варзиш ҷойи якум, шоҳмотбози ноҳия Шоҳрух Ҳамидуллоев дар мусобиқаи шоҳмот барои «Ҷоми Агентии кор бо ҷавонон», ки мукофотпулии он 880 миллион сӯм буд, ҷойи дуюмро ба даст овард. 
Мусобиқа ва олимпиадаҳои гуногуне, ки дар доираи «Олимпиадаи панҷ ташаббус» баргузор мешаванд, майдони ҳунарнамоии ҷавонони маҳаллаву овул ва деҳаҳои дурдасти кишвар имкониятҳои зиёдро дорост ва ҳар як ҷавон метавонад дар намуди дилхоҳи мусобиқа ва озмун иштирок кунад, маҳорат ва номи зодгоҳи худро дар миқёси ҷумҳурӣ муаррифӣ намояд. 

Меҳровар ҚОДИРЗОДА
Вилояти ТОШКАНД.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: