ҶӮЯНДА — ЁБАНДА

Шахси ба илму дониш ташна мунтазам меомӯзад, дониши андӯхтаашро дар ҳаёт татбиқ намуда, аз паси он даромади кофӣ ва зиндагии фаровон баҳри худу наздиконаш, халқу ҷамъият ба даст меоварад.

Нодирбек Эгамбердиев дар натиҷаи забономӯзӣ ва такмили дониши худ соҳиби 97 ҳазор доллар грант гардид.
Ин ҷавони ташнаи илм дар маҳаллаи «Ғурҷак-2»-и ноҳияи Шеробод истиқомат мекунад. То синфи 10 дар мактаби таҳсили ҳамагонии рақами 60-ум таълиму тарбия гирифт. Ӯ забони корейсиро сараввал аз омӯзгоре, ки дар ҳамин маҳалла зиндагӣ мекунад, мустақилона омӯхт. Дар айни замон дар мактаби рақами 35-и ноҳияи Тирмиз таҳсил гирифта, ҳамзамон забономӯзии худро сайқал медиҳад. Барои пурра аз худ кардани забони корейсӣ ва ба дараҷаҳои баланди дониш ноил шудан ӯ 6 сол инҷониб пайваста меомӯзад. Дар натиҷаи чунин ҷӯяндагиву пӯяндагӣ ҳоло соҳиби гранти Донишгоҳи Сежонги Кореяи Ҷанубӣ гардид.
Дар баробари ин, Нодирбек ба як чанд донишгоҳҳои Латвия, Кореяи Ҷанубӣ дар асоси грант ба хондан қабул гардидааст. 

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: