Тошкент - Санто-Доминго: равобити дӯстона ривоҷ меёбанд

13 июн дар ҳокимияти пойтахт мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи ҳокими Тошканд Шавкат Умурзоқов бо Сафири Ҷумҳурии Доминикан дар Ӯзбекистон Франк Ханс Данненберг Кастелянос ба амал омад.

Ш.Умурзоқов ба меҳмон барои боздид изҳори сипос намуда, барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сайёҳӣ, хоҷагии коммуналӣ, хизматрасонӣ, фарҳанг, истеҳсолот ва ғайра изҳори дастгирӣ намуд. Инчунин  ӯ зарурати пурра истифода бурдан аз иқтидори ҳамкории тарафайнро таъкид намуда ва пешниҳод намуд, ки  чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ – ярмаркаҳо, намоишгоҳҳо, фестивалҳо, ки бешубҳа ба ҳамкории пурсамар ва муассир хидмат хоҳанд кард, ташкил карда шавад.

Дар навбати худ ҷаноби Кастелянос ҳавасмандии тарафайнро ба роҳандозӣ ва густариши равобити дуҷониба бо Тошканд дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, фарҳанг ва рушди иҷтимоӣ қайд кард. Вай ҳамчунин пешниҳод кард, ки миёни шаҳрҳои Тошканд ва Санто-Доминго равобити дӯстона барқарор шавад.

Бо зикри он, ки ислоҳот дар кишвари мо, аз ҷумла бекор шудани низоми раводид бо бисёр кишварҳо, барои сайёҳон роҳи нав кушод, ӯ таъкид кард, ки ин таваҷҷуҳи шаҳрвандони Доминиканро низ ба худ ҷалб кардааст.

Ӯ пешниҳод кард, ки чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ, ҷашнвораҳои миллӣ ва чорабиниҳои фароғатӣ баргузор карда шаванд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколама ва ҳамкориҳои амалиро идома диҳанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: