Ҳоло дар сартосари кишварамон роҳбарони мақомоти гуногун, аҳли илму адаб, мутахассисони соҳа, зиёиён, дар маҷмӯъ, шаҳрвандон нуктаҳои Муроҷиатномаи роҳбари давлат ба Олий Маҷлисро меомӯзанд.
Ҳоло дар сартосари кишварамон роҳбарони мақомоти гуногун, аҳли илму адаб, мутахассисони соҳа, зиёиён, дар маҷмӯъ, шаҳрвандон нуктаҳои Муроҷиатномаи роҳбари давлат ба Олий Маҷлисро меомӯзанд. Мухбирамон дар ин хусус бо мудири кафедраи такмили малакаи ҳуқуқшиносони ҷумҳурӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Бобоқул ТОШЕВ суҳбате орост. Инак, фишурдаи он ба хонандагон пешниҳод мегардад.
— Бобоқул Норқобилович, Президент вақте дар Муроҷиат доир ба куллан такмил додани фаъолияти мақомоти давлатӣ ҳарф мезад, гуфт, ки «Дар бисёр вазорату идораҳо ҷараёни қабули қарорҳо басе марказонида шудаанд». Дар ин маврид ӯ чиро дар назар дошт?
— Бале, роҳбари давлат алоҳида таъкид намуд, ки ба рӯйи об баромадани ислоҳот, дар ҳаёти рӯзмарраи халқ инъикос ёфтани онҳо аз бисёр ҷиҳат ба идораи мақомоти давлатӣ вобаста аст. Дар ҷараёни амалӣ гардондани ислоҳоти маъмурӣ такмили институтсионалии мақомоти идораи давлатӣ аз ҷониби онҳо такомул додани механизми қабули қарорҳоро тақозо дорад.
Ин эътирози Президент, ки гуфт: «Дар бисёр вазорату идораҳо ҷараёни қабули қарорҳо басе марказонида шудаанд. Баъзан духӯрии вазифаҳо мушоҳида мешавад... Бинобарин, баъзе муовинони вазирон, роҳбарони зинаҳои миёна масъулиятро ба дӯши худ намегиранд, ташаббус нишон намедиҳанд. Ин ҳолат аз чӣ сабаб рух медиҳад? Ба онҳо донишу навандешӣ ва эҳсоси масъулиятшиносӣ намерасад, ё худ онҳо тамаъгар ҳастанд...» ба ин маънӣ аст.
Бемасъулиятӣ, бедонишӣ, ноустуворӣ ва тамаъкории роҳбароне, ки дар ин идораҳо кор мекунанд, касро ба андеша водор месозад. Роҳбари давлат кушоду равшан изҳор дошт: «Мутаассифона, чунин роҳбарон ба ҷойи он, ки мушкилоти ҷиддиро ҳаллу фасл намоянд, тавре ки инро халқ аз онҳо интизор аст, ба корҳои бефоидаи коғазбозӣ ва баргузор намудани ҷамъомадҳои бесамар машғул мешаванд».
Ҳанӯз идома пайдо кардани қабули қарор тибқи принсипи «аз боло ба поён» дар кору фаъолияти идораи давлатии Президент, яъне вазорату идораҳо аз он далолат медиҳад, ки дар боло мушкилоти маҳалҳоро амиқ наомӯхта қарор қабул мекунанд.
Воқеан, ҳоло чунин аст. Яъне, баъди қабули қарор аз ҷониби ҳукумат вазорату идораҳо тибқи қарори идораи болоӣ қарореро ба тасвиб мерасонанд.
Ба муносибати татбиқи пайгиронаи ислоҳот дар мамлакат теъдоди асноди меъёрию ҳуқуқӣ зиёд мешавад. Вале таҳлилҳо бозгӯйи онанд, ки татбиқи асноди ҳуқуқӣ хуб ба роҳ монда нашудааст. Бояд механизми ташкилию ҳуқуқии муассири мониторинги онҳо пурра рӯйи кор ояд.
Фикр мекунам, ки кори эҷодкорони меъёр ба такмил ниёз дорад. Бояд сифати асноди меъёрию ҳуқуқӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳад, мониторинги иҷрои онҳо роҳандозӣ карда шавад. Ин аст, ки масоили вобаста ба қабули асноди меъёрию ҳуқуқӣ, такмил додан ё бекор кардани онҳо аз ҷониби Президент дар қарори «Дар бораи чорабиниҳо доир ба афзун гардондани самаранокии иҷрои асноди ҳуқуқӣ тибқи механизмҳои замонавӣ», аз 2 ноябри соли 2019, возеҳу равшан карда шуд.
Бисёр давлатҳои рушдкардаи дунё ислоҳоти шадидро аз сар гузаронидаанд. Табиист, ки дар ҷараёни татбиқ зарурати баҳо додан ба асноди ҳуқуқии батасвибрасида ба миён меояд. Бо назардошти ин, ҳар як давлат дар роҳи тараққиёти худ саъю кӯшиш ба харҷ додааст, ки ин ҷараёнро мураттаб созад. Таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ нишон медиҳад, ки дар таҳлили сифат ва самаранокии меъёрҳои эҷодшуда мониторинги ҳуқуқӣ нақши муҳим дорад. Мониторинг мутаносибии ҳуқуқӣ, амалкарди ягонаи иҷрои асноди батасвибрасидаро таъмин менамояд.
Агар қарорҳо дар вазорату идораҳо бо назардошти ҷабҳаҳои ҳуқуқӣ ба тасвиб расанд, мазмуну мундариҷаашон фаҳмо буда, меъёрҳо талқини ягона дошта бошанд, ба татбиқи ҳуқуқи соҳибкорон ва аҳолӣ хидмат хоҳанд кард.
— Дар Муроҷиатнома доир ба дақиқ муайян намудани вазифаҳои вазорату идораҳо, якдигарро такрор накардани онҳо низ таъкидот ба назар мерасад...
— Дар мавриди ба амал татбиқ намудани ислоҳоти маъмурӣ низоми идораи вертикалӣ ва такмили механизмҳои ҳамкории мақомоти ҳокимияти иҷро пешбинӣ шудаанд. Беш аз андоза марказонида шудани ваколат ва функсияҳои давлатӣ ба паст шудани нақши мақомоти ҳокимияти иҷро бобати ташаккул додани барномаи рушди минтақаҳо ва ҳалли мушкилоти мардум замина гузошта истодааст.
Дар Муроҷиатнома ба ҳукумат пешниҳод шуд, ки бино ба ихтисор кардани идораҳое, ки вазифаҳои якдигарро такрор менамоянд ва аз байн бардоштани монеаҳои бюрократӣ асноди лоиҳаҳои дахлдорро омода созад.
Тавре ки дар асноди ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст, бояд дар роҳи мушаххас кардани вазифаҳои вазорату идораҳои ҳама зинаҳо, сохторҳои ҳудудии онҳо, бино ба тартиби қонунгузорӣ муайян намудани ин вазифаҳо, такрор накардани функсияҳои якдигар ислоҳоти пайгирона идома ёбад.
— Дар Муроҷиатнома гуфта мешавад, ки бояд роҳбарони зинаи миёна дар ҳаллу фасли мушкилот ташаббускор бошанд. Яъне...
— Бале, роҳбари давлат ба маҳалҳо, ки бояд роҳбарони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва сохтори ҳудудии мақомоти идораи давлатӣ дар ҳаллу фасли онҳо ташаббускор бошанд, рӯйи эътибор гардондааст.
Роҳбари давлат қотеъона изҳор дошт, ки шурӯъ аз соли 2021 «масъулият ва ҷавобгарии мақомоти идора бобати ҳаллу фасли масъалаҳои ҳудудӣ пурзӯр карда мешавад».
Тавре ки ӯ таъкид намуд: аз оғози соли 2021 ҳар як вазорат кори худро дар маҳдудаи шаҳр, ноҳия, деҳа ва маҳалҳо бино ба нақшаи мушаххас ташкил медиҳад. Яъне, минбаъд вазорату идораҳо ба сифати мақомоте, ки дар боло қарор доранд, дар ҳар минтақа масъалаҳои ба ваколати худ дахлдоштаро муайяну мушаххас намуда, бобати ҳаллу фаслашон бо назардошти қонун амал менамоянд, қарорҳое қабул мекунанд, ки иҷрошавандаанд. Ба кору фаъолияти вазиру ҷонишинони онҳо бо назардошти дигаргуниҳои мусбие, ки дар ноҳия, шаҳр, деҳот ва маҳалҳо рух менамоянд, баҳо дода мешавад.
— Шумо гуфтаи «аз ҳисоби васеъ ҷорӣ кардани технологияи рақамӣ оптималикунонии теъдоди ходимон ва ҷараёни кор»-ро чӣ хел шарҳ медиҳед?
— Дар Муроҷиатнома ба чорабинии оптималикунонии теъдоди ходимон ва ҷараёни кор аз ҳисоби васеъ ҷорӣ намудани технологияи рақамӣ баҳои танқидӣ дода шуд. Идоракунӣ дар оянда ба технологияи ақлдор ва усули идораи инноватсионӣ бевосита такя хоҳад кард.
Дар фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ ҷорӣ намудани сохтори баҳогузорӣ дар асоси КРI (нишондиҳандаи кори асосӣ) ва ҳисобдорӣ ба афзудани самаранокии кори идораҳо асоси мустаҳкам ба вуҷуд меоварад. КРI коэффитсиентест, ки самарабахшии ба мақсадҳои стратегӣ ноил гардидани созмон ва ходими онро муайян менамояд. Яъне нишондиҳандаест, ки натиҷаҳои ноилгардидаро аз нигоҳи миқдорӣ мушаххас месозад. Истифода аз КРI ба муассиса натанҳо дар баҳо додан ба ҷойи худ дар бозор, балки ба дида баромадани механизмҳои фаъолияти дохилии худ низ имконият фароҳам меоварад.
Дар мамлакатҳои рушдкарда корбурди ин сохтор натиҷаи матлуб дода истодааст. Ҷорӣ намудани кори технологияи рақамдор, дар баробари коҳиш додани теъдоди ходимон, имкони баҳо додан ба қобилияти кории онҳо ва шаффофияти иҷрои асноди батасвибрасидаро медиҳад.
Дар кори идораи давлатҳои рушдкарда технологияи рақамдор бобати муайян ва мушаххас намудани коэффитсиенти меҳнати фоиданоки байни корфармою иҷрогар (ходим), ки аз қонунияти бозор бармеояд, омили муҳим мебошад. Идораи кор тавассути технологияи рақамдор нуфузи ходимро дар вазорату идора ва корхонаҳо ташаккул медиҳад ва ба пардохти музди шоиста ба меҳнати ӯ мусоидат менамояд.
Бино ба пешбиниҳои Муроҷиатнома, минбаъд дар кору фаъолияти вазорату идораҳои кишварамон технологияи рақамдор ба таври густурда ҷорӣ карда хоҳад шуд.
— Барои суҳбати пурмуҳтаво арзи сипос менамоям.
— Саломат бошед.
Мусоҳиб
А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».