Дар арафаи Иди мубораки Рамазон ба сифати зуҳуроти равшани хусусиятҳои неки халқи мо, аз ҷумла меҳру мурувват, инсонпарварӣ ва раҳму шафқат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фармон «Дар бораи афви гурӯҳи шахсоне, ки муҳлати ҷазоро мегузаранду аз кирдори худ таҳтидилона пушаймон буда, қатъиян роҳи ислоҳро пеш гирифтаанд» имзо шуд.
Мувофиқи фармон бинобар боби 23-юми моддаи 109-уми Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон 426 нафар шахсоне, ки барои ҷинояти содиркардаашон ҷазо гирифтаанду аз кирдори худ сидқидилона пушаймон шуда, қатъиян ислоҳ гардидаанд, афв карда шуданд.
Аз ҷумлаи афвшудагон 135 нафар аз ҷазои асосӣ куллан, 200 нафар аз гузарондани муҳлати ҷазо шартан озод карда шуданд, ҷазое, ки нисбати 26 нафар пешбинӣ шуда буд, ба ҷазои нармтар иваз карда шуд. Ғайр аз ин, муҳлати ҷазо дар шакли маҳрум кардан аз озодӣ, ки нисбати 65 нафар пешбинӣ гардида буд, кӯтоҳтар карда шуд.
Дар байни афвшудагон 11 шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ, 50 зан, 13 нафар марди синнаш аз 60 боло, 157 шахси то 30 сола (3 нафари онҳо ноболиғ), ҳамчунин 5 нафар, ки дар фаъолияти созмонҳои манъшуда иштирок кардаанд, ҳастанд.
Дар доираи татбиқ намудани фармон ба вазорату идораҳои масъул супурда шуд, ки баъди бозгашти авфшудагон ба назди оила ва наздикони худ, ба онҳо бобати обсозиши иҷтимоӣ, ҷалб кардан ба меҳнати фоиданок, интихоб намудани тарзи солими ҳаёт ва дар ҷомеа пайдо кардани мавқеи сазовор кумак расонанд.
ӮзА.