ДАР ОЛМОН БА ҲАМВАТАНИ МО НИШОНИ САРИСИНАГИИ «ХАЛҚЛАР ДӮСТЛИГИ» СУПУРДА ШУД

Дар сафоратхонаи Ӯзбекистон маросими ба ҳамватанамон Нигора Охунова, ки дар Олмон кор мекунад, супурдани нишони сарисинагии «Халқлар дӯстлиги» баргузор шуд.

Мувофиқи қарори Девони Вазирони Ӯзбекистон бо ин нишон шахсоне, ки дар таҳкими муҳити дӯстии байнимиллӣ ва ҳамдилии байни намояндагони тамоми миллатҳо ва халқҳо саҳм мегузоранду дар кишварамон барои беҳтар кардани фаъолияти марказҳои миллии фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои дӯстӣ, суб-ъектҳои соҳибкорӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ кор мекунанд, ҳамчунин ба намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ ва ҳамватанонамон дар хориҷа супурда мешавад.
Нигора Охунова духтури дандони беморхонаи хусусии «Лиллисан»-и Мюнхен, ки ба табобати кӯдакон ва наврасон тахассус дорад, мебошад,  вай барои саҳмаш дар рушди ҳамкориҳои байни Ӯзбекистон ва Олмон, ҳамчунин барои меҳнати фидокорона мукофотонида шуд. 
Ин мукофоти олиро сафир Дилшод Аҳатов дар доираи чорабинии маданиву маърифатии «Ои-лаи хушбахт», ки дар сафоратхонаи кишвари мо дар Берлин ба вуқӯъ омад, супурд. 
Ҳамдиёрамон Нигора Охунова мегӯяд:
– Ман дар Фарғона таваллуд шудам. Аз соли 2007-ум дар Мюнхен зиндагӣ мекунам. Бинобар тахассус духтури дандон мебошам, модари се фарзандам. Соли 2016 факултаи дандонпизишкии Донишгоҳи Людвик-Максималианро дар Мюнхен бомуваффақият хатм намудам ва дар соҳаи пизишкдандонии кӯдакону наврасон кор мекунам. 
Солҳои донишҷӯйӣ орзу доштам, ки ба Ӯзбекистон равам ва дандони кӯдаконро ройгон табобат кунам, бо падару модарони онҳо донишҳои худро оид ба гигиенаи даҳон ба ҳам бинам, корҳои маънидодкунӣ гузаронам. Фикр мекунам, ин орзуи худро кам ё беш ба амал татбиқ кардам. 
Моҳи сентябри соли 2018, моҳи майи соли 2021 ва моҳи апрели соли 2022-юм ман дар сенздаҳ мактаби ноҳияи Қӯштеппа ва шаҳри Марғилони вилояти Фарғона, зодгоҳи худ, ки дар он ҷо бачагиям гузаштааст, корҳои нишонадори профилактикӣ гузаронидам. Ҳамчунин мо дар кӯдакистонҳо барои падару модарон дар мавзӯи саломатии дандон машваратҳо ташкил кардем. Дар ҳамкорӣ бо беморхонаи дандонпизишкии шаҳри Марғилон тавонистем табобати бемузди дандони бачагони 5-8 соларо таъмин намоем. Соли 2022-юм бунёди ҷамъиятии «Ватандошлар» ба лоиҳаҳои ҷории ман эътибор зоҳир намуд. Соли гузашта мо бо онҳо машваратҳо гузаронида, бобати ҳамкории минбаъда ба тафоҳум расидем. 
Роҳбарияти бунёд маро барои кори дӯстдоштаам ба мукофот пешбарӣ кард. Имрӯз дар сафоратхонаи мо дар Берлин ба ман нишони сарисинагии «Халқлар дӯстлиги»-ро супурданд. Мехоҳам ба роҳбарияти бунёди ҷамъиятии «Ватандошлар» ва албатта, ба ҳукуматамон барои баҳои баланд миннатдорӣ баён кунам. 
Нишони сарисинагии «Халқлар дӯстлиги» ин масъулият, хурсандӣ ва ифтихор аст. Дар оянда ман омодаам дар рушди Ӯзбекистон саҳми худро гузорам. 
Мо якҷо бо бунёди ҷамъияти «Ватандошлар» барои соли 2024-ум нақшаҳо тартиб додаем, ният дорем бо ҳамкорон – духтурони ботаҷрибаи олмонӣ ба Ӯзбекистон равем ва дар тамоми ҷумҳурӣ ҳафтаи табобатӣ гузаронем. 

АИ «Дунё», 
шаҳри БЕРЛИН.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: