ЯГОН МУРОҶИАТ БЕ ҶАВОБ НАМЕМОНАД

Ба боғи истироҳати барқароркунии саломатии вилоят, воқеъ дар ноҳияи Самарқанд бо сарварии ҳокими вилоят Э. Турдимов ва ҷонишини мушовири Президент Алишер Усмонов, кормандони масъули прокуратураи генералӣ, Суди олӣ, як қатор вазорату кумитаҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ, идораҳои минтақавӣ ва ғайра ташриф фармуданд.

Ба боғи истироҳати барқароркунии саломатии вилоят, воқеъ дар ноҳияи Самарқанд бо сарварии ҳокими вилоят Э. Турдимов ва ҷонишини мушовири Президент Алишер Усмонов, кормандони масъули прокуратураи генералӣ, Суди олӣ, як қатор вазорату кумитаҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ, идораҳои минтақавӣ ва ғайра ташриф фармуданд. Дар қабули сайёр аз тамоми ноҳияҳои вилоят шаҳрвандон бо муаммоҳои худ омада, бо ҳокими вилоят ва дигар шахсони масъул суҳбат оростанд, аксар аризаву шикоятҳо дар ҳамон ҷо ба таври мусбат ҳаллу фасл шуданд. 
– Сарвари кишварамон таъкид кард, ки “Халқ на ба идораҳои давлатӣ, балки идораҳои давлатӣ ба халқ хизмат кунанд” – гуфт дар оғози қабули сайёр муовини аввали мушовири Президент А.Усмонов. – Бо мақсади робита бо аҳолӣ, шунидани мушкилот ва ҳалли онҳо, дар саросари кишвар чунин қабули сайёр баргузор мегардад. Имрӯз қариб 50 нафар шахсони масъули вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва вилояти Самарқанд ташриф фармуданд. Мо дар тӯли се рӯз ба ҷойҳо рафта, муроҷиатҳои шахсони корафтодаро мешунавем ва дар чорчӯбаи қонун ҳалли мушкилотро меёбем. Ягон муроҷиат бе ҷавоб намемонад.
Сипас, А.Усмонов ва ҳокими вилояти Самарқанд Э.Турдимов, инчунин роҳбарони масъули пойтахт шаҳрвандонро қабул карданд.
Хусусан, муовини раиси Суди Олӣ И. Муслимов ва судяҳои Суди Олӣ барои сокинони шаҳри Самарқанд, ноҳияҳои Пастдарғом ва Нуробод қабули оммавӣ баргузор карданд.
98 шаҳрвандро қабул карданд. Аз он ҷумла 21 муроҷиат дар ҷояш ҳалли худро ёфта, касоне, ки бо сабабҳои ночизе ба ҷазо маҳкум карда шуда буданд, аз ҷазо озод карда ва 14 шикоят аз рӯи парвандаҳои маъмурӣ қонеъ гардонда шуданд.
27 шикоят барои баррасӣ дар Суди Олӣ қабул карда шуда, ба шикоятҳои боқимонда шарҳҳои дахлдори ҳуқуқӣ доданд.
Ҳангоми қабули сайёр як гурӯҳ шаҳрвандон аз маҳаллаи Чандирободи ноҳияи Пастдарғом ба ҷонишини раиси Кумитаи роҳҳои автомобилгард О.Ҷумъаниёзов оид ба таъмири роҳҳои деҳот муроҷиат карданд. Пас аз баррасии масъала бо намояндагони минтақавии кумита, гузоштани шағал дар роҳи 400 метр дар кӯчаҳои Ишонч ва Зулолбахт оғоз ёфт.
Собиқадори  маориф, Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон Амина Шарофиддинова ба Алишер Усмонов дар бораи коҳиш ёфтани дарсҳои забони тоҷикӣ, бо савҳу хато чоп шудани китобҳои дарсӣ, тарҷума аз забонҳои ғайр ибрози фикр намуд. Инчунин ӯ таклиф кард, ки дар телевизиони Ӯзбекистон канали пурраи тоҷикӣ ташкил шавад ва барои омӯзгорон маҷаллаи махсус нашр ёбад. 
Дар поёни қабул мо аз ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов доир ба таассуроташ пурсон шудем.
– Шоҳид шудед, ки  мардум бо аризаву таклифҳои худ омаданд ва албатта мо ҳамаи онҳоро дар ин ҷо ҳал карда натавонистем. Лекин як қисми онҳо барои санҷиш ба идораҳои дахлдор ирсол гардиданд. Анъанаи қабули сайёр идома хоҳад ёфт, – гуфт ҳоким.
***
Дар байни онҳое, ки дар ин қабул ширкат мекарданд, ба 27 нафар пиронсол, ки солҳои зиёд умедвори гирифтани шаҳрвандии Ӯзбекистон буданд, шиносномаҳо супорида шуд.
Ҳокими вилоят онҳоро бо ин рӯзи хотирмон самимона табрик гуфт. 
– Дар гузашта шаҳрвандӣ ба як нафар дар як сол дода мешуд. Агар вай ба кишвари мо хидмат карда бошад.Шахсони ҳуҷҷати шаҳрвандӣ надошта сертификати махсус доштанду ҳама вақт дар ҳама масъала ҳам ӯ ва ҳам оилааш сарсон буданд. Ҳоло дар тамоми гӯшаҳои ҷумҳурӣ ҳуҷҷатҳои шаҳрвандӣ супорида мешаванд. Ин албатта нишонаи сиёсати одилонаи Президент мебошад. Бо гирифтани ин ҳуҷҷат ҳамаи шуморо боз як бори дигар табрик мекунам!». 
– Ман дар Самарқанд зиндагӣ мекунам, фарзандон ва набераҳо дорам, аммо то имрӯз шаҳрванди Ӯзбекистон набудам. Имрӯз, пас аз 26-сол, дар 60-солагӣ ба ман насиб шуд, ки шиноснома гирам. Ман барои ин аз Президент миннатдорам, – гуфт яке аз иштироккунандагони ҷанги Афғонистон С.Азиммуродов.
– Соли 1993 мо аз Тоҷикистон ба Самарқанд омада будем. Аммо пас аз 27-соли интизорӣ ман ҳам  ҳуҷҷати шаҳрвандии Ӯзбекистонро мегирам, – мегӯяд Маҳбуба Неъматова. – Ман ҳамчун эҷодкор кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки бо эҷоди худ барои гул-гул шукуфтани кишвари ҷонаҷонам хидмат кунам.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».
Шаҳзод КЕНҶАЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: