Дар қароргоҳи Кӯксарой бо иштироки Президент Шавкат Мирзиёев бахшида ба Рӯзи байналмилалии бонувон чорабинии тантанавӣ ба вуқӯъ пайваст ва ба як гурӯҳ духтарони соҳибистеъдод Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия супурда шуд.
Дар байни ҷоизадорон талабаи мактаби миёнаи рақами 33-юми шаҳри Самарқанд Амалия Мамедова низ буд.
Солҳои охир бо сиёсати оқилона ва устувори сарвари давлатамон дар Ӯзбекистони Нав, аз ҷумла дар шаҳри бостонии мо низ варзиш густариш меёбад. Ба хусус, намуди гимнастикаи бадеӣ бештару хубтар рушд ёфта, Устоди байналхалқии варзиш Амалия Мамедова дар арсаи ҷаҳон ҷойҳои фахриро ноил мегардад.
Амалия ба майдони варзиш дар синни чаҳорсолагӣ омад. Модараш Анастасия Отаалиева духтарашро ба мактаби махсуси бачагонаи гимнастикаи бадеии захираҳои олимпии Самарқанд оварда, ба дасти мураббии номдори Ӯзбекистон Мафтуна Шамсиева супурд.
Воқеан нахустин устоди ӯ кӯшиш ба харҷ дод, ки шогирдаш бо варзиш ҷиддан машғул гашта, аз айёми бачагӣ истеъдоди худро сайқал диҳад. Ва кӯшишу ҷоннисории вай беҳуда нарафт. Бо гузашти айём Амалия на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар арсаи байналхалқӣ соҳиби мукофотҳои баланд шуд. Соли 2023 ӯ аъзои дастаи яккачини Ӯзбекистон шуда, дар чемпионати Осиёи Марказӣ дар байни духтаракон медали тилло гирифт. Ҳамон сол дар чемпионати ҷаҳон аз байни 10 нафар пешқадамон ҷой гирифт.
Соли 2024 дар Тошканд дар чемпионати Осиё ӯ дар мусобиқаҳои бисёрҳарба ба шоҳсуфаи баланд баромад. Аммо дар Бозиҳои олимпии тобистона дар Фаронса, ки иштирокчии хеле ҷавон буд, аз варзишгарони номдор ва машҳури олам бештар таҷрибаомӯзӣ намуд.
Соли гузашта дар Сингапур, ки чемпионати Осиё баргузор гардид, ӯ соҳиби медали тилло шуд. Дар моҳи июн ба вай унвони устоди варзиш ва дар моҳи ноябр Устоди байналхалқии варзишро муносиб донистанд.
Имрӯзҳо ӯ дар Тошканд зери роҳбарии мураббии соҳибтаҷриба Раъно Каримова истеъдоди хешро сайқал дода, ба мусобиқаҳои бонуфузи байналхалқӣ ва олимпии навбатӣ тайёрии пухта мебинад.
– Ман ба варзишгари номдори Самарқанд, ғолиби бозиҳои олимпӣ Диёра Келдиёрова эҳтироми хоса дошта, кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки мисли ҳамшаҳрам чемпиони бозиҳои олимпӣ шавам, – иброз дошт Амалия Мамедова, – чанде пеш сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев ҷоизаи ба номи шоираи ширинкалом Зулфияро ба ман супурданд, ки ин лаҳзаҳои хушнудӣ фаромӯшнопазир аст. Ба Президенти муҳтарам ваъда додам, ки дар чемпионати ҷаҳон ва сипас бозиҳои олимпӣ медали тиллоро ба даст меорам.
Албатта бо баробари варзиш бо таҳсил низ машғул ҳастам. Китобу дафтар ҳамроҳи ман аст. Имсол номаи камол гирифта, ба яке аз мактабҳои олии Тошканд ҳуҷҷат месупорам.
– Амалия Мамедова ифтихори муассисаи таълимии мо аст, – гуфт ҷонишини директори мактаби рақами 33-юми шаҳри Самарқанд оид ба масъалаҳои маънавӣ ва роҳбари клуби «Зулфия» Гулноза Худойқулова, – гоҳ-гоҳ тавассути онлайн низ дарс гузашта, баҳои баланд гирифта истодааст.
Баҳодури Зоҳир,
Зоҳир Ҳасанзода.
Вилояти Самарқанд.