Дар ҶД Конго аз бемории Эбола 447 нафар фавтиданд

Шумораи гирифторони бемории табларзаи Эбола дар Ҷумҳурии Демократии Конго ба 1 460 нафар расида, аз ин миён 447 нафар фавтидаанд.

Тавре агентии Xinhua бо истинод ба маълумоти мақомоти Ҷумҳурии Демократии Конго хабар медиҳад, сатҳи умумии фавт 30,6 фоизро ташкил медиҳад, дар ин бора Report иттило додааст.

Дар ҳоли ҳозир 595 нафар дар бемористонҳо ё дар шароити изолятсия қарор доранд, 213 нафар пурра шифо ёфтаанд. Сатҳи пайгирии афроди дар тамосбуда дар се вилояти осебдида 82,7 фоизро ташкил медиҳад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: