Дар кишварамон барномаи таълимии «Мактаби меҳр» ба роҳ монда шудааст, ки ниёзҳои инфиродии хонандагонро ба инобат гирифта, таълими пайвастаро пайгирӣ менамояд.
Дар Маркази тиббии бисёрсоҳаи кӯдконаи вилоят ин мактаб фаъолият дорад. Мактаб аз оғози фаъолият 87 нафар хонандагони синну соли мактабӣ ва 69 нафар кӯдакони томактабӣ, ки муддати тӯлонӣ дар табобат қарор доштанд, фаро гирифт ва имконият фароҳам овард, ки дар муҳити мусоид таҳсилро идома диҳанд.
Дар мактаб кӯдакон на танҳо фанҳои анъанавиро меомӯзанд, балки бо эҷодкорӣ, робототехникаю шоҳмот низ машғул мешаванд ва дар чорабиниҳои рушди зеҳнӣ иштирок мекунанд. Дар ҷараёни таълим аз китобҳои дарсии рақамӣ истифода бурда мешавад.
Илова бар ин, барои кӯдакон, падару модарон ва омӯзгорон кӯмаки равонию педагогӣ низ роҳандозӣ шудааст. Мутахассисоне, ки дар ин ҷо фаъолият доранд, аз омӯзиши махсуси кор дар шароити госпитал гузаштаанд.
Инфрасохтор ва тарҳи мактаб тибқи талаботи тиббӣ ташкил карда шуда, бо мебел, техникаи гипоаллергенӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шудаааст.
Сурайё НОРМАНӢ,
вилояти Сурхондарё.