Умр неъматест, ки ҳар лаҳза аз даст меравад ва ҳеҷ қуввае наметавонад онро баргардонад.
Агар хоҳӣ қадри даҳ солро бидонӣ — аз шахси 30-солае бипурс, ки дар синни 20-солагӣ маъюб шудааст.
Агар хоҳӣ қадри як солро бидонӣ — аз донишҷӯе бипурс, ки аз имтиҳон нагузаштааст.
Агар хоҳӣ қадри як моҳро бидонӣ — аз модаре бипурс, ки фарзандаш ҳаштмоҳа ба дунё омадааст.
Агар хоҳӣ қадри як рӯзро бидонӣ — аз деҳқоне бипурс, ки ҳосилаш зери борони тирамоҳ мондааст.
Агар хоҳӣ қадри як соатро бидонӣ — аз фарзанди тарбиядидае бипурс, ки ба хона як соат дер омадааст.
Агар хоҳӣ бидонӣ, ки панҷ дақиқа чӣ қадар арзиш дорад — аз мусофире бипурс, ки аз қатора қафо мондааст.
Агар хоҳӣ қадри як ҳиссаи даҳяки дақиқаро бидонӣ — аз ронандае бипурс, ки беморро ба беморхона мерасонад.
Агар хоҳӣ қадри як умрро бидонӣ — аз шабпаракҳо бипурс!
Бузургону донишмандон ва устодони гузашта сухани пурҳикмате доранд: вақти аздастрафтаро ҳатто бо дурру гавҳар наметавон харид, аммо дурру гавҳарро бо гузашти вақт метавон пайдо кард.
Чӣ қадар сарватмандоне буданд, ки натавонистанд умри худро ҳатто ба як лаҳза дароз кунанд. Зеро Парвардигор барои ҳар яки мо дар тақдири азалӣ муҳлате муқаррар кардааст.
Пас, биёед қадри умри худро бидонем! Аз ҳар лаҳзаи он босамар истифода барем ва то ҳанӯз фурсат дорем, барои анҷом додани корҳои нек ва зиндагии пурмазмун бикӯшем.
Муҳаммадрасул ҶАМОЛОВ,
имом-хатиби масҷиди «Тӯрахон ҳоҷӣ»-и ноҳияи Фарғона