Баъзан ба хонаҳои наздикону шиносон меҳмон мешаваму ба ороиши даруни хона назарам меафтад. Шукри ҳаёт, ки имрӯз мардум хонаашонро бо ҷиҳозҳои хуб оро медиҳанд, аммо кам хонадонро дидаам, ки ҷевони китоб дар қатори он анҷомҳо ороиши ин хонадонро дучанд гардонидааст.
Хуб аст, ки нашру фурӯши китоб хеле хуб рушд ёфтааст. Дар аксарият хонадонҳо газетаю журналҳо дида намешавад. Сабаби ин гарон будани арзиши онҳо бошад, аз тарафи дигар суст гардидани тарғиби газетахонию маҷаллаҳо мебошад.
Мо мефахрем, ки аҷдодонамон ба мо китобҳои пурҳикмату пандомез ва таърихиву мафкуравиро мерос гузоштаанд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки агар шахс хоҳиш дошта бошад, ӯ ҳеҷ гоҳ аз китобхонӣ хаста намешавад, дар суҳбат аз дониши китобиаш истифода мебарад. Як китобро чанд бор хондан мумкин? Аз рӯи таҷриба ҳаминро мегӯям, ки агар китоб шавқангез бошад, онро тамоми умр такрор ба такрор мехонӣ ва ҳар бор аз он чизи навро меёбӣ. Дур наравем, асарҳои адибони асри XX С. Айнӣ, Ҷ. Икромӣ, Ф. Ниёзӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, А. Лоҳутӣ, А. Қаҳҳор, А. Қодирӣ, С. Аҳмад, А. Орипов ва дигаронро гирем. Китобҳои онҳо манбаъи маърифати бой мебошанд. Кас аз хондани асарҳои ин адибон шавқу завқ ва қувваи маънавӣ мегирад.
Бинобар ин, хуб мешуд, ки дар ҷевонҳои хонаамон рафҳои китобро барпо карда, мутолиаи онҳоро касб намоем.
Назирҷон Эргашев,
ноҳияи Чусти
вилояти Намангон.