Дар кишвари мо таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии байни миллатҳо, таъмини таҳаммулпазирии динӣ ва густариши дӯстиву ҳамдилии халқҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Тӯли солҳои охир бо ташаббус ва дастгирии Президент Шавкат Мирзиёев дар ин самт ислоҳоту иқдомҳои муҳим амалӣ гардида, ташаббусҳои созандаву дорои аҳамияти байналмилалӣ пешбарӣ мешаванд.
Мо роҷеъ ба аҳаммияти таҳаммулпазирӣ дар ҷомеаи имрӯза, тақвияти фаъолияти марказҳои милливу фарҳангӣ, корҳое, ки ҷиҳати ҳифзи забон, фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои намояндагони миллату халқиятҳои гуногун амалӣ мегарданд ва дигар масъалаҳои марбут бо раиси шӯъбаи Маркази милливу фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон дар вилояти Фарғона Масъуд МИРЗО суҳбат оростем.
– Рӯзи байналмилалии таҳаммулпазирӣ моро водор месозад, то бори дигар ба масъалаи эҳтироми ҳамдигар ва ҳамзистии осоиштаи халқҳо таваҷҷуҳ кунем. Ба назари Шумо, таҳаммулпазирӣ дар шароити имрӯзаи Ӯзбекистон чӣ маъно ва аҳамият дорад?
– Ҷаҳони муосир аз ҷиҳати рушди илмиву фановарӣ ба марҳилаи ҳавасангез расидааст ва сад афсӯс, ки аз лиҳози инқирози маънавию ахлоқӣ, авҷи зӯргӯиву зӯроварӣ ва ҳою ҳавасҳои шайтонии ҷаҳонситонӣ низ ба ҳадди ҳавлангез. Ба фикрам, дар чунин як вазъияти хеле ҳассос сари қудрат будани Шавкат Мирзиёев назари раҳмати Офаридгор ба халқҳои гуногунмиллату гуногунмазҳаби Ӯзбекистон аст.
Солҳои охир ватани мо аз бадгумониву шубҳа, инзиво ва душмантарошиҳои беасос бо кишварҳои дуру наздик раҳо шуда, ба субҳи нави муносибатҳои дӯстонаву бовармеҳвар расид ва, инак, ҳамкориҳои судманд бо мамолики мутараққии ҷаҳону ҳамсоякишварҳо беш аз пеш густариш меёбад.
Воқеан, дар ин замоне, ки бархӯрдҳои геосиёсӣ авҷ мегиранд, таҳаммулпазир будан, санъати бо ҳам зистану офариданро ба авлавияти ҳадафи кору зиндагии хеш бардоштан барои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ватани азизи мо – Ӯзбекистон аҳамияти ҳаётӣ дорад.
Маҳз дар ин замина Президент моҳи сентябри соли 2017 зимни суханронӣ дар сессияи 72-юми Маҷмаи умумии СММ ташаббуси қабули қатъномаи «Маърифат ва таҳаммулпазирии динӣ»-ро пешниҳод намуд, ки он 12 декабри соли 2018 якдилона қабул карда шуд. Ин рӯйдод яке аз намунаҳои муҳими эътирофи ташаббусҳои Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ дар самти тарғиби маърифат, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гардид.
Инчунин, тасдиқи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти муносибатҳои байнимиллӣ, қабули қонун дар бораи таҷлили Рӯзи дӯстии халқҳо, баргузории Форуми нахустини сулҳ, Форуми дӯстии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, ба ҳукми анъана даромадани баргузории «Ҳафтаи таҳаммулпазирӣ», фестивалҳои дӯстии халқҳо ва намоишгоҳҳо, ҳамзамон, дастгирии фаъолияти марказҳои милливу фарҳангӣ аз ҷумлаи иқдомоти шоистае ҳастанд, ки бо мақсади густариши фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми мутақобила амалӣ гардидаанд.
16 ноябри соли 1995 дар 28-умин Конфронси генералии ЮНЕСКО Эъломия «Дар бораи тамоюлҳои таҳаммулпазирӣ» қабул гардид. Соли 1996 Маҷмаи умумии СММ ин санаро Рӯзи байналмилалии таҳаммулпазирӣ эълон кард.
– Солҳои охир муносибатҳои фарҳангии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон хеле густариш ёфтанд. Ин раванд ба фаъолияти марказҳои милливу фарҳангии тоҷикони кишварамон дар чӣ сатҳ таъсир расонд?
– Даврони наврасиву ҷавонӣ, донишҷӯӣ, солҳои нахустини фаъолияти меҳнатиам дар Тоҷикистон сипарӣ шуд. Аз ин рӯ, дубора гарму бародарона шудани муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон маро беш аз ҳама шод кард. Иродаи қавии сиёсӣ, дилу нияти пок, сиришти мунаввар аз муҳаббат ба инсон, ба президентҳои муҳтарами Ӯзбекистону Тоҷикистон имкон дод, ки зимистони қаҳратуни нобовариро ба баҳори гулфишони эътимоду рафоқат табдил диҳанд. Аз файзу баракоти ин баҳори дӯстӣ фаъолияти марказҳои милливу фарҳангии кишварамон низ хеле беҳтар шуд. Хоҷа Ҳофиз чӣ қадар ҳаққонӣ ва имрӯзӣ фармудаанд:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Бино ба эътирофи коршиносони сиёсӣ, ташаббус ва ибтикороти созандаи Президент Шавкат Мирзиёев на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ таҳаввулоти таърихиро ба амал овард, ки ҳадафи аслӣ ва асосияш ҳифзу ҳимояи манфиату қадри инсон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарист.
Бо шарофати дӯстиву бародарии Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон байни вилоятҳои Фарғонава Суғд низ ҳамкориҳо густариш ёфтанд. Донишгоҳи давлатии Фарғона бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Донишгоҳи давлати ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамкориҳоро роҳандозӣ намуд. Муҳимтар аз ҳама, талхии ҷудоиҳои иҷборӣ ба лаззати мулоқотҳои гуворо, мубодилаи ҳамкориву таҷрибаҳои судманд бадал шуд.
Бо истифода аз имконот ва шароити мусоид фаъолони маркази мо робитаҳои бесобиқаи ҳамкориро бо муассисаҳои фарҳангӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, васоити ахбори оммавӣ, олимону адибони маъруфи Тоҷикистон ба роҳ монданд, ки ин барои беҳтар шинохтани ҳамдигар, ҳамкориҳои муфид, бахусус, рушди дипломатияи халқӣ заминаи устувор ниҳод.
– Вилояти Фарғона таърихан минтақаи ҳамзистии намояндагони миллату халқият-ҳои гуногун мебошад. Имрӯз муносибатҳои байни миллатҳо дар ин минтақа чӣ гунаанд?
– Воқеан, Фарғона аз қадимулайём ҳамчун минтақаи муҳими пайвандгари Шарқу Ғарб дар арсаҳои сиёсиву иқтисодӣ мақоми хосса доштааст. Инчунин, диёри дӯстиву ҳамбастагии миллату мазҳабҳои гуногун буду ҳаст. Ҳоло дар вилоят ҳашт маркази милливу фарҳангӣ (тоҷик, славян, қирғиз, тотор, турк, немис, яҳудӣ ва корейс) фаъолият доранд.
Бояд гуфт, ки ғамхориву таваҷҷуҳи пайвастае, ки ҳокимият ва дигар сохторҳои давлатии вилоят нисбат ба марказҳои милливу фарҳангӣ доранд, дар дигар вилоятҳо камтар ба назар мерасад. Бахусус, бо ташаббус ва дастгирии ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров ҳамаи марказҳо бо автомобилҳои хидматӣ ва утоқҳои замонавӣ таъмин гардидаанд.
«Хонаи дӯстӣ»-и шаҳри Фарғона низ бо шукӯҳу шаҳомати худ воқеан қобили таваҷҷуҳ аст. Ин кохи бошукӯҳро метавон гӯшае аз қалби меҳрубони Ӯзбекистон номид, ки намояндагони миллату халқиятҳои гуногуни вилоятро ба ҳам овардааст.
– Маркази милливу фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона ҷиҳати ҳифзу рушди забони модарӣ, фарҳанг, анъана ва расму оинҳои миллӣ кадом самтҳои фаъолиятро муҳим мешуморад ва дар ин замина чӣ иқдомро амалӣ менамояд?
– Мусоидат барои рушди забон, фарҳанг, анъана ва расму оинҳои миллӣ аз вазифаҳои асосии марказ ба шумор меравад. Мо мекӯшем, то ин уҳдадориҳоро бо роҳу усулҳои гуногун, ба қадри имкону тавон иҷро намоем.
Аввало, бо мақсади тарғибу ташвиқи кори марказ, олимон, эҷодкорон, рӯзноманигорон, инчунин, донишҷӯёни бахши тоҷикии донишгоҳро бештар ҷалб менамоем. Иштироки фаъолона ва баромадҳои таъсиргузори онҳо дар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи байналмилалӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ, ҷашнҳои милливу таърихӣ имкони хубест барои муаррифии забону фарҳанги тоҷикӣ.
Дувум, мусоидат барои барқарор намудани синфҳои тоҷикӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ. Бояд гуфт, ки роҷеъ ба ин масъала баъзан дар фазои маҷозӣ сару садоҳои гуногун паҳн мешаванд ва мо ҳатман онро пайгирӣ мекунем. Дар аксар маврид натиҷае бармеояд, ки мушкил на бо идораҳои масъул, балки бо худи мо вобаста аст. Масалан, соли гузашта ду нафар аз ноҳияи Риштон хоҳиш карданд, ки барои кушодани синфи тоҷикӣ дар мактаби маҳаллаашон кумак кунем. Ҳамроҳ ба идораҳои дахлдор муроҷиат кардем. Масъала дар боло дар ҳадде ҳал шуд. Масъулон гуфтанд, ки ҳадди ақал аз 15 нафар (падару модарон) ариза биёрем. Ҳафтаҳо гузашт... Маълум шуд, ки ҳамагӣ се нафар ариза додаанду бас...
Сеюм, арҷгузории доимӣ ба шахсиятҳои маъруф, ки барои рушди забону фарҳанги миллӣ, таҳкими дӯстии халқҳо ва баланд бардоштани салоҳияти илмӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар ҷабҳаҳои хоҷагии халқ саҳми назаррас гузоштаанду мегузоранд. Чопи китобҳои «Фарзандони фарзонаи Фарғона»-и Мирасрори Фарғонӣ ва «Олимони тоҷиктабори Фарғона»-и шодравон Раҳматҷон Аслонзодаро метавон чун мисол овард.
– Марказ барои оянда чӣ гуна барномаҳои мушаххасро ба нақша гирифтааст? Агар имкониятҳои боз ҳам бештари дастгирӣ фароҳам гарданд, барои рушди ҳаёти фарҳангӣ ва маънавии тоҷикони Фарғона чӣ хел лоиҳаҳоро амалӣ мекардед?
– Яке аз мақсадҳои муҳимтарини марказ таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдилии милливу динӣ, тарғиби ғояи «Ӯзбекистон – хонаи умумии мо» ва эҳсоси масъулият дар назди сарнавишти умумии ҷомеа мебошад.
Агар имкониятҳои бештари дастгирӣ фароҳам шаванд, метавонистем дар самти рушди маърифат, ҳавасмандгардонии истеъдодҳо ва дастгирии ҷавонон як қатор иқдомоти шоистаро анҷом диҳем. Масалан, нашр ва муаррифии китобҳои эҷодии омӯзгорону хонандагон, таъмини китобхонаҳо бо адабиёти бадеии тоҷикӣ, ҳамзамон, таъсиси стипендияҳои махсус барои хонандагону донишҷӯёни аълохон, ғолибони олимпиадаҳо.
Илова бар ин, даъвати адибон, ҳунармандон ва чеҳраҳои маъруфи Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои Фарғона ва баргузории маҳфилҳои адабӣ бо иштироки онҳо низ метавонад ба густариши робитаҳо мусоидат намояд.
Ҳамчунин, ташкили сафарҳои маърифатӣ ва сайёҳии наврасону ҷавононро ба шаҳрҳои таърихию фарҳангии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти марказ қарор медодем. Зеро ошноӣ бо ёдгориҳои таърихӣ, осори ниёгон, марказҳои илму фарҳанг ва анъанаҳои мардумони ҳар ду кишвар дар ташаккули худшиносии миллӣ, эҳтиром ба мероси таърихӣ ва густариши ҷаҳонбинии насли ҷавон нақши муҳим мебозад.
Бо як сухан, мекӯшидем, то марказро ба маскане табдил диҳем, ки ҳар як ҳамватану ҳамзабон тавонад бо умеду эътимод ба он муроҷиат кунад, дар ҳалли мушкилоташ дастгирӣ ёбад, истеъдоду қобилияташро рушд диҳад, инчунин дар ҳифзу гиромидошти забону фарҳанг ва арзишҳои миллӣ саҳм гузорад.
Мусоҳиб Фаридуни ФАРҲОДЗОД,
мухбири «Овози тоҷик».