Мӯйсафед...

Ду рӯз боз на ҷуръаи обе менӯшад, на мағзи ноне ба даҳон мениҳад.

Хомӯш мегиряд ва сар аз ибодат барнамедорад, пайваста тасбеҳ мегардонаду зикри Ҳақ мекунад.
– То вопасин зиндаеро наҷот надиҳанд, аз гулӯям ҳеч чиз намегузарад, – мегӯяд ӯ маҳзун. – Ҳар гоҳ луқмае ба даҳон мебарам, кӯдаке пеши назарам меояд, ки зери вайронаҳо синаи модар меҷӯяд. 
Дидагони ӯ тар мешаванд... 

Харгӯш ва Гург

Мӯйсафед  аз деҳа омад. Фарзанди ӯ ҳоло шаҳрӣ аст. Ба қавли пирамард, хонаҳои шаҳриҳо мисли дили онҳо танганд. Ҳанӯз қадам ба остона нагузошта, пойи дигаратро берун аз он мебинӣ. Муродашон он буда, ки меойӣ ва зуд поятро берун мебарӣ. Вагарна дар ин хонаҳои чун катаки мурғ нафастанг мешавӣ. Аммо ин дафъа боборо нагузоштанд, ки ба зудӣ ҳавои деҳа кунад ва онҳоро ба дарозо пазмон. 
Ҳоло аз қадамаш хонаи писар чароғон гашта буд. Вай набераҳоро навозиш мекард – аз кисааш гоҳ мавиз, гоҳе мағзи бодом ё зардолу, баъзан ғӯлингу қоқи шафтолу  бароварда, ба кафи дастонашон мениҳод. Дунёи кӯдакон гул мекард, ифтихорашон чун шири болои алов дамидаву аз лаби деги вуҷудашон сарозер меомад. Худро ба гардани бобо меовехтанд, бо завқ риши сафеди ӯро қабза мекарданд, ба бағалаш ҷой шуда, мунтазири мурооте мемонданд...
Писар тараддуди ба кор рафтан дошт. 
Телевизор мултфилми Харгӯшу Гург – «Ну, погоди»-ро намоиш медод. Пирамард болиштҳоро рӯйи ҳам чида, ба пушт хобид ва дар ҳалқаи наберагони шӯх бо завқ ба тамошо сар кард. Вай гоҳ дар лаб ханда дошт, гоҳе табассум, баъзан асабонӣ лаб газида, пич-пич чизе мегуфт ва дар ҳавои ҷунбиши лабҳояш риши сафедаш низ ба ҷунбиш меомад. Гоҳ қомат рост гирифта, бо надомат сар такон медод. 
Писар вақте аз дар мебаромад, ин манзараро дида, аз дил гузаронд:
«Падараш ҳам ногузир дар таъқиби гурги аҷал мондааст ва чун филми бачаҳо харгӯшаки он  мегурезаду мегурезад, баъзан халос мехӯрад, гоҳе ба чанги он даррандаи таъқибгар афтода, боз ба сад нағма раҳо меёбад. Аммо Гурги бадхашм дар таҳдид мудом дунболагири вай аст. Шояд фурсати мувофиқ мепояд...»
Мӯйсафед ҳоло шод аст, аз тамошои он филм баробари набераҳояш завқ мебарад...
Писар мутаассир банди туфлиҳояшро кушод ва канори падар нишаст.  Як рӯз ба кор наравад, осмони Худо ба рӯйи замин фуруд нахоҳад омад. Фурсат ғанимат, дидор ғанимат... 
    
 «Королева»

Либосҳои мо андаке фарсуда, пинабандӣ ҳам шудаанд ва чанг нишастааст, хоколуд, ҷой-ҷой лой чарахса кардааст, танга-танга доғ низ доранд. Дар зери офтоби рахшон ба обу арақ ғӯтида, ҳай кор мекунем: яке бел задаву зуд симонлой омода месозад, дигаре онро ба сатилҳо андохта, оҷил мекашонад, сеюмӣ ба ароба хишт бор карда, пеши устоҳо мебарад ва ғарам мезанад. Устоҳо... беист хаму рост шуда, ин масолеҳро кор мефармоянд. Баъзан норизо ғур-ғур ҳам мекунанд. Ва... дар ин миён девори хона оҳиста ҷон мегирад ва ба чашмҳо роҳат мебахшад.
Ин дам аз кӯча ду бонуи хушлибос ва ороставу пероста гузаштанд. Кадом атри бебаҳоро ба кор бурдаанд, ки шояд аз баёзи гарданашон, ё чоки гиребонашон... бӯйи хуше хеста, то машоми мо расид ва як лаҳза бозувони моро суст кард. Онҳо назаре ба мо афканда, рӯй турш намуданд ва байни худ чиҳое гуфта, хандазанон ба роҳи худ идома доданд.
Дӯстам оташин шуд,  белро дар миёни ғарами симонлой бадқаҳр халонд. Ду даст дар миён симчӯби қади роҳҳо барин қомат рост гирифт, лабашро сахт газида, ба хироми он бонувон чашм дӯхт, ки дар ҳавои қадам гузоштанашон суринҳои дамидаашон пасту баланд мешуданд.
– Гӯё худашон «королева» бошанд! Э мур, тамасхур накарда! – чирти туф кард ба рӯйи хок ва оташи ғазабаш фурӯзон боз чанд дашноми дастабиринҷӣ ҳам ҳадя фиристод.
– Хайр, боке нест, – бепарво гуфтам ман. 
– Карру фарашонро намебинӣ? Боз аз болои мо механданд!
– Ғам махӯр, ҷӯра, мо ҳарчанд ин ҷо чунин ҳоли низоре дорем, аммо занҳоямон бандча-бандча аз бонк пули мо фиристодаро, ки мегиранд, бешак дар ватан королева ҳастанд! – дилбардорӣ намудам ман.
Вай ҷабин молид, даст бурда, пушти гардан хорид, боз чирти ба рӯйи хок туф карда, белро ба даст гирифт. 
Хаёл ӯро шояд ба сӯйи Ватан бурд.

Шариф ХАЛИЛ, 
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: