Ошпазҳои ҷавони ӯзбекистонӣ дар олимпиадаи Ҳиндустон ширкат мекунанд

Ҳайати иттифоқи ошпазони Ӯзбекистон дар Олимпиадаи 10-уми ошпазони ҷавон, ки аз 29 январ то 4 феврал дар Ҳиндустон баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дар ин ҳамоиш, ки дар ҳамкорӣ бо Шӯрои байналмилалии меҳмоннавозӣ (International Hospitality Council) қароргоҳаш дар Лондон ва Донишкадаи байналмилалии идоракунии меҳмонхонаҳо дар Деҳлӣ баргузор мешавад, намояндагони 60 мамлакат монанди Австралия, Австрия, Белгия, АМА, Булғористон , Бритониёи Кабир, Ветнам, Индонезия,  Ирландия, Иордания, Италия, Франция ва дигарон маҳорати худро намоиш медиҳанд.

Чорабиниҳои олимпӣ дар чанд марҳила дар шаҳрҳои Деҳлӣ, Пуна, Бангалор, Колката, Ҳайдаробод ва Гоа баргузор мешаванд. Намояндагони командаи яккачини Ӯзбекистон дар Гоа бо намояндагони ошпазони ҷавони Англия, Сейшел, Сингапур, Индонезия, Зимбабве, Мадагаскар, Уганда, Нидерландия ва Бангладеш қувваозмоӣ мекунанд.

 Баъд командаҳо дар даври финалии мусобиқа дар шаҳри Колката вомехӯранд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: