БА ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ МИЛЛИИ ӮЗБЕКИСТОН БАҲОИ БАЛАНД ДОДА ШУД

Раиси Сенати Олий Маҷлис, раиси Комиссияи миллӣ оид ба масъалаҳои мубориза бо савдои одам ва меҳнати шоиста Танзила Норбоева бо намояндаи махсуси Сарвазири Бритониёи Кабир оид ба барҳам додани меҳнати маҷбурӣ Ҷастин Бедфорд мулоқот анҷом дод.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба дар соҳаи муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Намояндаи махсус дар бораи ислоҳот оиди дастгирии соҳаи иҷтимоӣ, ки дар Конститутсия дар таҳрири нав пешбинӣ шудааст, маълумот дод.
Манъ кардани тамоми шаклҳои меҳнати маҷбурӣ ва кӯдакон, таҳрири нави Кодекси меҳнат, ки ба фароҳам овардани шароити мусоиди меҳнат нигаронда шудааст, баррасӣ гардиданд.
Масъалаҳои ба роҳ мондани мубодилаи таҷриба дар соҳаҳои мубориза бо савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ, такмил додани ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар ин самт мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷониби Бритониё ба фаъолияти Комиссияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ, ки дар охири соли 2023 ба Комиссияи миллӣ оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди савдои одам ва меҳнати шоиста табдил дода шудааст, баҳои баланд дод.
Ҷонибҳо омодагии худро ба ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои нави муштарак, истифодаи технологияҳои пешқадам ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ изҳор карданд.

Н. АБДУРАИМОВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: