Ҷамъомади ташкилии Шӯрои дастгирии маҳаллаи вилояти Самарқанд баргузор шуд.
Аввал вазифаҳое, ки аз фармони Раисҷумҳури Ӯзбекистон аз 21-уми декабри соли 2023 «Дар бораи чораҳои ба таври том баланд бардоштани нақши институти маҳалла дар ҷомеа ва таъмини фаъолияти он чун зинаи аввал дар ҳалли муаммоҳои аҳолӣ», инчунин қарор «Дар бораи чораҳои иловагии роҳандозии фаъолияти Иттиҳодияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон ва чораҳои иловагии такмили сохтори ибтидоӣ дар маҳаллаҳо» бармеоянд, мавриди муҳокима қарор ёфтанд.
Таъкид гардид, ки бинобар то ҳол набудани идораи алоҳида, ки фаъолияти сохторро мутобиқ мегардонад, ривоҷёбии маҳаллаҳо суст буд, ба зиммаи идораи давлатӣ гузошта шудани назорат ва мониторинги онҳо ба мақоми худидоракунии маҳалла мувофиқ наомад. Муаммоҳои мазкур бо қабули ҳуҷҷатҳое, ки дар боло қайд намудем, ҳал карда мешаванд. Аз ҷумла, бо мақсади мувофиқгардонии фаъолияти институти маҳалла Иттиҳодияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон ва шуъбаҳои шаҳрӣ (ноҳиявӣ)-и он ба сифати ташкилоти ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ташкил карда мешаванд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.