Варзишгар Анвар Анваров рекорди 38 сол пешинаи Ӯзбекистонро дар ҷаҳидан ба дарозӣ нав кард

Дар Женева (Швейтсария) мусобиқаи атлетикаи сабук "Atletica Geneve - EAP" оид ба варзиши сабук баргузор гардид.

Дар он намояндагони тими миллии Ӯзбекистон низ ширкат доштанд. Ҳамватани мо Анвар Анваров дар ҷаҳидан ба дарозӣ рекорди нави Ӯзбекистонро гузошт.

Дар ин мусобиқот, ки ба тақвими Федератсияи ҷаҳонии варзиши сабук ҳамчун мусобиқаи дараҷаи "биринҷӣ" сабт шудааст, Анваров натиҷаи 8,22 м нишон дод.

Ҳамин тавр, варзишгари бухороӣ соҳиби медали тилло шуда, рекорди варзишгарони Ӯзбекистонро, ки аз соли 1985 инчониб тағйир наёфтааст, шикаст.

Анвар Анваров (Ӯзбекистон) – 8,22 м

Алехандро Парада (Куба) — 8.10

Минг Чанг (Гонконг) — 7,82

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: