ТИЛЛО МАГИР, ДУО ГИР...

«Модаронро пос доред...» Расул ҒАМЗАТОВ.

Солҳои азхудкунии заминҳои бекорхобидаи Мирзочӯл ва ба таври иҷборӣ аз деҳоти кӯҳистони Нурато ба дашт кӯчонидани аҳолӣ ҳамдиёрони мо манзили зист, боғоти худро партофта, нақли макон кардаанд. Сокинони деҳоти тоҷикнишини ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах ҳам аз ин мустасно нестанд, балки онҳо ин вазъи аз як сӯ нобоб, аз тарафи дигар имтиҳони хати сарнавиштро паси сар карда, ба таъбире обутоб ёфтанд.
Пештар ҳам бо тақозои шароит ва сабабҳои қаҳтиву гуруснагӣ як қисми аҳолӣ ба пушти кӯҳ, ҷониби Самарқанду Миёнкол кӯч баста, ризқу рузии паҳну парешонро аз ҳар куҷо ҷамъ овардаанд. 
– Дар ноҳияи Ҳафтрӯди вилояти Чимкенти Қазоқистони Ҷанубии ҳозира як идда хешу ақрабо ва наздикони мо умр ба сар мебурданд, – ба хотир оварда, мегӯяд момои Бозоргул Назарова. – Модарам Раҷабгул ҳам дар ҳамин маҳал зоида ва ба камол расидааст. Он замон бонувонро ба ҳар сӯ ба кору меҳнат мефиристоданд. Вақте ки ба ноҳияи Қӯшработи вилояти Самарқанд ҳамроҳи дугонаҳояш ба кор меравад, сарнавишт ӯро бо ҷавони миёнколӣ (митанӣ) Қаршибой рӯ ба рӯ менамояд. Модарам ман ва додарам Бӯронро ба дунё оварда, вафот мекунад.
Ман ва додари ятимам боз Ҳафтрӯд – ба дасти момои модариам меоем. Ман инҷо мемонам, аммо додарам ба Самарқанд баргашта меравад. Падарам зан мегирад ва додарамро ҳам калон мекунад. Мани сарсахт дар дасти момо ва тағоям – Насриддин мондам,–  нақл мекунад момо. –  Бадбахтона, он солҳо душвор буд, бинобар ин  ба мактаб ҳам пурра нахондам, ҳамагӣ се-чор синф хондаму бас...
Ҳамин тавр Бозоргул дар парастории момою тағояш монда, тарбияи онҳоро мегирад. Додараш бошад, баъди ба маҳаллаи Митани ноҳияи Иштихони вилояти Самарқанд, зодгоҳи худ баргаштан дар назди падар ва модарандар ба камол мерасад.  
Момо ва тағояш қарор медиҳанд, ки Бозоргулро ба додари зани тағояш Насриддин – Шодибой, ба Ӯхм ба шавҳар диҳанд. Шодибой дар хурдсолӣ аз меҳри гарми модар ва баъдан аз навозишҳои падар маҳрум монда буд. Онҳо бо кумаку дастгирии бародарони калонӣ Маҳкамбою Азимбой оила месозанд ва зиндагиро пеш мебаранд. Дар дашту биёбон бо чорвопарварӣ шуғл меварзанд.
– Дар дашт фақат ба кӯчокӯч машғул будем, – мегӯяд момои Бозоргул.–  Роҳбарони хоҷагӣ гоҳ ба бошишгоҳи қариби кӯли Айдар мекӯчонданду гоҳи дигар ба наздикии кӯҳ. Сахту сангин буд зиндагии он замон. Бачаҳо барои мактабравӣ азоб мекашиданд. Як муддат дар хонаи хешон истода, дар мактаб хонданд. Баъдтар дар назди мактаб хобгоҳ ташкил ёфт. Барои ба мактаб бурдану овардани фарзандҳои чӯпонон мошини боркашони болояш чодирпӯш ҷудо карданд.
Шавҳараш Шодибой сарчӯпони хоҷагӣ буд. Ӯ бо бисёр беадолатиҳои он айём рӯ ба рӯ омад. Боре як гурӯҳ роҳбарони хоҷагӣ бе иҷозати вай аз рамааш қариб сад сар гӯсфандро ҷудо карда гирифта мебаранд. Дар ин дам сарчӯпон набуд, аз хоҷагии ҳамсоя рама меовард, дар роҳ буд.
 Бо нею нестон, доду фиғони аҳли байташ  нигоҳ накарда, зимомдорон бо зӯрӣ  гирифта мебаранд, баъди ин дигар кораш барор намекунад. 
«Болои сӯхта намакоб» духтараш Меҳригул дар дувоздаҳсолагӣ ногаҳон ба дард мепечад. Онҳо ба ин қабил озмоишу имтиҳонҳои ҳаёт бисёр дучор меоянд. Як умр барои ташхису табобати духтари як вақтҳо гул баринашон такудав мекунанд. Аммо духтари дардмандашон дар сивусесолагӣ вафот мекунад. Падару модарро марги бемаҳали фарзанд обу адо месозад. Аз ҳамон дам то ҳол Момои Бозоргул  дарду доғи дилашро бо байту сурудхонӣ сабук месозад. Дар тӯю сур, ҷашнҳо доира ба даст гирифта, таронаҳои халқиро ба маромаш расонида мехонад. Идҳои мардумиву миллӣ дар деҳа бо иштироки ӯ хеле хуш мегузаранд. Ба тадбирҳои сатҳи ноҳияву вилоятӣ ва ҳатто ҷумҳурӣ даъват менамоянд.
Писари калонаш Музаффар асои чӯпониро замоне гирифтааст, ки падари раҳматиаш Шодибой ба нафақа баромада, ба ободкунии боғу ҳавлии хонаи дар деҳа бунёд намудааш пардохта буд. Писари дуюмаш Анорбойро бо мушкилиҳои зиёд дар Душанбешаҳр хононд ва ҳоло ӯ хабарнигори махсус дар вилояти Ҷиззах аст. 
–  Модарам, ки дар ягон маърака иштирок кунад, он ҷо аз танини таронаҳои халқӣ нуру шукӯҳ касб менамояд, – мегӯяд Анорбой. – Ҳамчунин аз телевизиони ҷумҳурӣ ва вилоят борҳо омада, бо ӯ сӯҳбатҳо оростаанд. Онҳоро низ дуоҳои нек гуфтааст, – меафзояд Анорбой. – Охир беҳуда нагуфтаанд «Тилло магир, дуо гир, дуо магар тилло нест?!»
Нони ҳалол ёфту фарзандонро ба камол расонд. Ҳоло даври пирӣ меронад. Соҳиби набераву абераҳост. Дар тӯю сур ва базму тараби ҳамдеҳагон, иду ҷашнвораҳо, хоса сайрҳои наврӯзӣ доира ба даст гирифта, суруду тарона мехонад.
Худованд ба ӯ табъи хуши таронагӯиву шеърбофӣ додааст. Бешак ин фазилатҳо ба фарзандонаш низ бетаъсир намондааст...
Соли равон дар рӯзҳои иди Наврӯз ба чорабиниҳои идонаи сатҳи ҷумҳурӣ – дар  шаҳри Тошканд ҳамроҳи фаъолони Маркази миллию фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ ширкат ҷуста, ба бахти бузург – вохӯрӣ бо Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев мушарраф гардид. Ӯ Сарвари давлат ва тамоми мардуми диёри офтобиамонро дуои нек гуфт.
Мо низ ба момои дуогӯ дуо мекунем, ки умрашон дарозу, саломат бошанд.

Раҳимшоҳи ШАРИФЗОДА,
мухбири ҷамоатии «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.
Суратгир: Т. ХОВАРӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: