ДИЛЕ АЗ ИШҚИ «ФАЛАК» САРШОР ДОШТ

«Шашмақом» ва «Фалак» ду боли мурғи ҳунари овозхонии тоҷик аст, ки аз замонҳои хеле қадим дар осмони санъати ин халқ болу пар меафшонад.

Дар тӯли қарнҳо, вобаста ба авзои ҷаҳон, парвози ин мурғ гоҳ паст, гоҳ баланд будааст...
Баъди дастёбӣ ба истиқлол дар Тоҷикистон ҳунари овозхонии «Фалак» бо ҳама дороияш эҳё шуд. Бо ташаббуси роҳбари ин мамлакат — Эмомалӣ Раҳмон 12-уми май расман Рӯзи «Шашмақом» эълон гардид ва дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, барандаи Ҷои-заи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Давлатманд Холов гурӯҳи ҳунарии «Фалак» таъсис дода шуд.
Давлатманд Холов, дар баробари асолати мусиқии тоҷикро ҳифз намудан, бо тозакориҳои хеш ба таровати он афзуд. Ӯ нахустин ҳунарманде буд, ки «Фалак»-ро ба нота даровард. Ин буд, ки дертар ин ҳунари воло аз ҷониби ЮНЕСКО ба сифати мероси маънавии ғайримоддӣ ба қайд гирифта шуд.
Ҳунарпешаи донишманд авзон ва маънии шеъри шоирони классик ва муосири тоҷикро амиқ дарк мекард, бо кашишҳои ба худ хос дилнишин ба самъи шунаванда мерасонд.
Овозхони хушадо ба тарғиби шеъри мондагори шоирони қадиму ҷадид саҳми назаррас гузоштааст. Бо устод Лоиқ Шералӣ ҳамкории эҷодиро ба роҳ монда буд. Ба писари ҳунарпешааш номи Лоиқро додани ӯ аз муҳаббат ва садоқаташ ба ин шоири шаҳир дарак медиҳад. Рӯзгоре овозхони машҳури эронӣ Муҳаммадризои Шаҷариён «Фалак»-ро дар иҷрои ӯ ва гурӯҳи овозхонон шунида, бо камоли шавқ гуфта буд: «Ин мусиқии фаромӯшшудаи мо низ ҳаст».
Овозхони маҳбуб дар Ӯзбекистон низ мухлисони зиёд дорад. Ёд дорем, дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бо иштироки ҳунарпешагони тоҷик дар Театри калони давлатии академии ба номи Алишер Навоӣ консерти бошукӯҳе баргузор шуд. Алоқамандони ҳунари овозхонӣ сурудҳои фалаксарои номиро бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол гирифтанд. 
Дареғ, 18-уми феврали соли равон риштаи умри ин хунёгари бузург дар синни 74- солагӣ гусаст. Даргузашти ӯ барои ҳунари овозхонии тоҷик талафоти бузург аст.
19-уми феврали соли 2024, бо вуҷуди он ки ҳаво сард буду барф меборид, намояндагони созмонҳои гуногун ва садҳо нафар  мухлисону ҳаводорони овозхон ба қабристони Лучоб барои видоъ омада буданд...
— Давлатманд Холов дар муаррифии санъати тоҷик ба хориҷиён саҳми назаррас гузоштааст. Ӯ баъди устод Одина Ҳошим «Фалак»-ро ба арзу тӯл густариш дод. Мо бо ӯ ба Аврупо, Амрико ва ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ сафари эҷодӣ анҷом додаем. Шоҳиди он гардидаам, ки халқҳои ҷаҳон иҷрои ӯро дар жанри «Фалак» бо кафкӯбиҳо истиқбол гирифтаанд. Дар Эрон ва Афғонистон низ мухлисони зиёд дорад, манзили охираташ обод бод! — изҳор доштааст дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия плюс» Ҳунарпешаи халқии СССР Ҷӯрабек Муродов.
— Давлатманд ҳамеша ба шеъри баланд рӯ меовард ва шеъри воқеиро тарғиб мекард, — лаб ба сухан кушод рӯзи видоъ Шоири халқии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим. — Бахусус, дар тарғиби шеърҳои Мавлоно, Ҳофиз, Саъдӣ, Лоиқ Шералӣ ва дигар шоирон саҳми басе арзанда дорад. Ёдаш бахайр.
– Устод Давлатманд Холов 55 сол дар хидмати миллати мо буданд. Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон «Фалак»-ро сохтанд ва ба роҳ монданд. Ин марди бузург бо санъати нотакрори хеш дар дили миллати тоҷик ва форсигӯёни дунё абадӣ хоҳанд монд. Ҷояшон дар биҳишти адн бошад, — гуфт Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев.
Рӯҳи овозхони маҳбуб шод ва маъвои охираташ обод бод!

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: