МОРО КӢ БО КИТОБ ТАЪМИН МЕКУНАД?

Набудани китобҳои бадеии тоҷикӣ дар сартосари мактабҳои таълимашон ба забони тоҷикии ҷумҳурӣ яке аз мушкилоти ҳалталаби соҳаи таълим аст, ки мутаассифона, дер боз ба он таваҷҷуҳ намекунанд ва мо ҳам аз вуҷуд доштани он зуд-зуд бонги изтироб зада, садрнишинонро огоҳ намесозем.

Аммо дар ин авохир рӯзномаи дӯстдоштаи мо «Овози тоҷик» дар шумораи 17-уми ноябри соли 2023-и худ мақолаи Шариф Халил, хабарнигори ин нашрия дар вилояти Қашқадарёро таҳти унвони «Китобхонаҳои бекитоб» ба нашр расонд, ки хеле такондиҳанда буд. Дар ин навишта муаллиф сабабҳои бекитоб мондани китобхонаҳои мактабҳои тоҷикиро возеҳ баён кардааст ва умедворем, ки Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ ва дигар идороти мутасаддӣ бетараф намондаву дар ҳалли он камари ҳиммат мебанданд. 
Аз мутолиаи мақолаи «Китобхонаҳои бекитоб» дардҳое, ки дар қаъри сина ҷой доштанд, дубора ба талотум омаданд ва ин ҷонибро низ водор сохт, ки қалам ба даст гираму аз вуҷуди чунин як мушкилии мактаби тоҷикии деҳаамон сухан ба миён оварам. 
Деҳаи моро Сарчашма мегӯянд, ки 70 километр дур аз маркази маъмурии ноҳияи Шаҳрисабз, дар иҳотаи кӯҳҳои баланд воқеъ гардидааст. Дар ин ҷо мактаби рақами 57 амал мекунад, ки омӯзгоронаш аз ибтидои ба кор оғоз кардани дабистон ба фарзандони мардуми деҳа ба забони тоҷикӣ дарс медиҳанд.  Дастовардҳои мактаб мавзӯи як мақолаи дигар аст. Аммо дар ин навишта аз он хоҳем гуфт, ки имрӯз шогирдони ин мактаби бонуфуз аз набудани китобҳои бадеӣ ба забони модариашон хеле азият мекашанд ва ин мояи нигаронии азиме мебошад. Дидани ҳолати рӯҳафтодагии мактаббачагони имрӯз ва шикояти барҳаққи онҳо, ки аз набудани китобҳои бадеии тоҷикӣ аст, барои мани омӯзгори бознишаста басо аламовар мебошад. Насли мо дар даҳсолаҳои пеш ҳарчанд мактабҳои хуштарҳу зебо надоштанд ва таҷҳизоти таълимашон низ мисли имрӯз пешрафта набуданд, аммо аз набудани китобҳои бадеиву дарсӣ ба забони модариашон ҳаргиз шикоят намекарданд. Чунки китобхонаи мактаби мо пури китоби бадеӣ буд ва ин маскан ҷойи дӯстдоштаамон маҳсуб меёфт. Китобхонаву китобҳои бешумораш ҳаёти моро дар дили кӯҳистон ҳамеша гарм ва ба сӯйи нишот раҳнамун мегашт. Мо бачаҳои деҳоти кӯҳистон хеле хуб дарк мекардем, ки:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб 
аст, 
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб 
аст! 
Ва ин нуктаро устодони хирадманди мо ҳамеша ба гӯшҳоямон мерехтанд ва пайваста ташвиқ мекарданд, ки дар мутолиаи адабиёти бадеӣ ҳарис бошем, чунки ин навъ асарҳо дар ташаккули инсони оқил ва тарбияти баланди он хидматгори беминнатанд. Ман боварӣ дорам, ки устодони имрӯзи дабистонҳо низ аз ҳамин дидгоҳ кор гирифтаву шогирдони худро ба хондани китобҳо ташвиқ мекунанд, аммо набудани худи китобҳои бадеӣ дар рафҳои китобхонаҳои мактаб ҳам устодон ва ҳам хонандагони онҳоро ҳайрону зор кардааст. Дар натиҷа, хонандагон вақти бекори худро дар пеши телевизор бо дидани силсилафилмҳо мегузаронанд ё сар аз телефонҳо набардошта, машғули бозӣ ва тамошои наворҳои беарзиши шабакаҳои иҷтимоӣ мегарданд. Ин ҳолат, албатта, ба сифати таълим ва тарбият дар мактабҳо таъсири манфӣ мерасонад, ки рӯзҳои охир падару модарон аз ин боб гуфтаву изҳори нигаронӣ мекунанд. 
Дар ҳақиқат,  набудани китобҳои бадеӣ ба забони модариамон як муаммои сахту ҳалталабе мебошад. Сифати таълим, ки ҳукумати ҷумҳурӣ дар пайи ислоҳаш аст ва минбаъди дурахшони Ватанро ба он пайванд мебинад, агар халале ёбад ва аз хати матлуб бероҳа гардад, бешак ояндаи шукуфони давлатамон ҳам таҳти суол қарор мегирад! Охир, он хонандагоне, ки имрӯз дар паси мизҳои таълимии дабистонҳо нишастаанд, созандагони Ӯзбекистони Нав мебошанд ва ҳама ташнагони илму маърифат ҳастанд.
Солҳои ҳафтодуми қарни гузашта, ки мо сар аз он айём дар мактаб кор мекардем, китобхонаи дабистон садҳо номгӯй китоби бадеии тоҷикӣ дошт ва мо ба шогирдонамон тавсия мекардем, ки асарҳои безаволи устод Айнӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ ва даҳҳо адибони дигар, ҳамчунин нависандагони хориҷиро, ки асарҳояшон ба тоҷикӣ тарҷума шудаву дар рафи китобхона мунтазири мутолиа меистоданд, гирифтаву бихонанд. Кунун ин рафҳои китобхона комилан холист. Ин ҳолат хеле риққатовар аст. Бояд таъкид кард, ки китобҳои мактаби моро ҳам аз рафҳо чидаву ба далели созгор набудан ба идеологияи замони нав маҳв карданд. Дар натиҷа, мактаб аз сарвати бебаҳое ҷудо гашт, ки кунун солҳо гузаштаву ҳеч  ба ҳоли худ намеояд. Аммо ба муроҷиати чандинкаратаи омӯзгорон ва фаъолони деҳа  ягон идора эътибор намедиҳад. Бояд таъкид кард, ки бидуни китобҳои бадеӣ ҷаҳони солими маънавии шогирдонро тасаввур кардан амрест мушкил.

Баҳром ЧОРШАНБИЕВ, 
омӯзгори нафақахӯр аз деҳаи Сарчашмаи
ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё.       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: