МОМОЁН БАЙТ МЕГУФТАНД

Деҳаи Сойхурд, ки дар бағали қаторкӯҳҳои Нурато ҷойгузин аст, чун деҳаҳои Сойкалон ва Симбулоқ ба маҳаллаи «Каттасой»-и ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ марбут мебошад.

Он дар заминаи деҳаҳои бузургу кӯчаки қадимаи Зиҳнок, Сариоб, Дари Уштурӣ, Миёни Донич, Чишми Сурх, Соягиву Баландӣ ва Маҳчировут пайдо шудааст. Солҳои 40-50-уми асри гузашта аҳолии деҳоти номбурда иҷборан барои обод кардани Мирзочӯли вилояти Сирдарё, инчунин Каттақӯрғону Ургут ва ҷойҳои дигар кӯчонида шудаанд. Ин мавзӯи алоҳида барои андешаронист. Солҳои 70-уми асри гузашта бошад, бисёр оилаҳо ихтиёран ба заминҳои навободи вилояти Ҷиззах кӯч бастаанд. Ин анъана то ҳол давом дорад. Имрӯз аксар оилаҳои ҷавон аз ин деҳа дар шаҳрҳои Тошканд ва Навоиву Ҷиззах зиндагӣ ва кор мекунанд.
Мардум аз таърихи пурғановати гузаштагони худ ифтихор доранд. Қалъаи қадимаи «Офатқӯрғон» дар Зиҳнок, вайронаҳои хонаҳои қадима, катибаҳои рӯйи сангҳо, мармарсангҳои болои қабрҳо, зерсутунҳои масҷиди ҷомеи Сариоб, шаш қабристони бузургу кӯчак шаҳодатномаи таърихи қадимаи ин маконанд.
Мардуми маҳал ба анъана, урфу одатҳои аҷдодӣ зиёда эҳтиром дошта, онҳоро гиромӣ медоранд. Яке аз чунин арзишҳои мондагори аҷдодӣ ҷашни Наврӯз аст, ки «Сари сол» низ меноманд. Ҷашни Наврӯз дар чанд марҳила мегузарад.
Пайдост, ки он оғози киштукор, покизадорию ободонии деҳа дониста мешавад. Дар арафаи ҷашн пиру ҷавони деҳа ҷамъ омада, чашмаву ҷӯйбор ва роҳҳоро аз ҳар гуна партов тоза мекарданд. Ҷавондухтарон бошанд, дар деҳа монда, ба ғунучин ва тоза кардани ҳавлиҳо машғул мешуданд. Занҳои миёнсолу куҳансол дар даст нону фатир, қатламаву чӯзма то Сариоб мерафтанд. Онҳо асосан ба омода намудани чою хӯрок машғул мегардиданд. Пас аз анҷоми кор ҳама сари дасторхони наврӯзӣ ҷамъ меомад. Мӯйсафедон доир ба таърихи ҳар як деҳа, машғулият ва сокинони собиқи онҳо, ки хонаҳои сангинашон ба вайрона табдил ёфтаасту касе зиндагӣ намекунад, нақлу ҳикоятҳо мекарданд. Таассуфовар аст, ки имрӯз ин анъанаҳои нек аз байн рафтаанд.
Суманакпазӣ анъанаи миллист. Сойхурдиён низ аз ин анъана дар канор набуданд. Солҳои пешин на чун имрӯз дар ҳар хонадон ва ё ду-се хонадон, балки дар як ҷо барои ҳама гандум сабзонида, дар дегҳои калон суманак мепухтанд. Аҳли деҳа ҷамъ меомад. Занҳо орду равған меоварданд, мардҳо ҳезум тайёр мекарданд. Суманакпазӣ ба ид шабоҳат дошт. Апаи Зулфия сари сабади он буданд. Аз ҳазлу шӯхӣ ва рақсу бозии ин зани шӯх, вай воқеан ба ҷашни ҳақиқӣ табдил меёфт. Момои Маҳгул байт мегуфтанд. Момои Сояву момои Момогул, апаи Тӯхтаву апаи Савросо, апаи Зираву Тоҷигул бо доира таронахонӣ менамуданд. Дигарҳо мерақсиданд, дар сари деги суманак он шаб касе то субҳ намехобид.
Суманаки тайёр рӯзи ҷашн рӯйи дасторхони идона гузошта мешуд.

Ҳар сол, 21-уми моҳи март пиру ҷавон тақрибан соатҳои 9-10 назди ҳавлии Бобои Нур ҷамъ меомаданд, ки паҳнои хубе дошт. Ҷавонон гиламҳоро рӯйи сабза густурда, болои онҳо кӯрпачаҳо мегузоштанд. Дастархон густурда, дар он нону фатир, ҳар гуна ширинӣ ва таомҳое, ки занон субҳи содиқ омода кардаанд, гузошта мешуданд. Таомҳоро асосан аз мош, ҷуворӣ, каду, ҳулбӯ ва сабзаҳои навруста омода менамуданд. Барои занону духтарон низ чунин дасторхони алоҳида омода карда мешуд.
Он солҳо деҳаи Сойхурд мактаби чорсола дошт, филиали мактаби рақами 43-юм буд. Мактаби даҳсола дар Сойкалон воқеъ буд, ки мо синфҳои болоиро он ҷо хатм намудаем. Нимаи дуюми солҳои 60-уми асри гузашта Наврӯз ба таври расмӣ ҷашн гирифта намешуд.
Наврӯз рӯзи оштиву созиш, рӯзи меҳр буд. Мӯйсафедон нафаронеро, ки бо ҳам созиш надоштанд, оштӣ мекарданд. Ёд дорам, ҳукми мӯйсафедон барои ҷавонон «қонун» буд. Пирон сазовори эҳтиром буданд. Маҳз ҳамон рӯз чӯпони деҳа таъин  ва арзиши парвариши моҳонаи ҳар сар чорво, асосан буз, муайян карда мешуд.
Наврӯз бахусус рӯзи бозиву хурсандии  кӯдакон буд. Пас аз «омин»-и мӯйсафеди куҳансол навбат ба бозиҳои миллӣ мерасид. Гурӯҳе гӯштӣ мегирифтанд. Ҷавонони синну соли муайян ресмонкашӣ менамуданд. Чанди дигар ба чӯғонбозӣ машғул мешуданд. Машғулияти асосии духтарон сангакбозӣ буд.
Солҳои истиқлолият таҷлили ҷашни Наврӯз мақоми давлатӣ гирифт. Он чун иди миллӣ ва баъдан байналмилалӣ эътироф шуд. Ҷашни Наврӯз дар Сойхурд низ ранги дигар гирифт ва муҳтавои нав пайдо кард. Наврӯзро калону хурди деҳа дар паҳнои назди мактабе, ки акнун ба муассисаи таълими ҳамагонии  мустақил табдил ёфтааст, бо тантана ҷашн мегирифтагӣ шуданд. Мардум дигар рӯйи гилему кӯрпача не, дар курсиву миз менишастанд. Ҷашн ба иди ҳақиқӣ табдил ёфт. Дар он меҳмонони зиёде, ки аз шаҳру маконҳои дигар омадаанд, иштирок менамоянд. Хонандагони мактаб саҳначаҳои бадеиро пешкаши ҳозирин мекунанд. Дастаи ҳунарии мактаб консерт медиҳад. Мардум зери оҳангҳо мерақсанду мебозанд. Дар охир роҳбарияти мактаб хонандагони пешқадам, омӯзгорони фаъолро бо мукофотҳои пуливу ташаккурнома ва китобҳо тақдир менамояд. Пас аз анҷоми ин маросим навбат ба бозиҳои варзишӣ мерасад. Ҷавонон гӯштӣ мегиранд, ресмонкашӣ мекунанд. Баъд аз он бозиҳои футболу волейбол оғоз меёбад. Ҷашни Наврӯзи деҳа то фарорасии торикӣ давом мекунад.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
деҳаи Сойхурди ноҳияи Нуратои 
вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: